joomla
free templates joomla

АЗ ОРИЁНИ БОСТОН ТО ТОҶИКИСТОНИ ҶАВОН

ё чанд мулоҳиза дар ҳошияҳои асари Назри Яздонӣ «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон»
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон, ки аз зумраи наслҳои озодагони ориёитабори Осиёи Марказӣ ҳастанд, давлатдории миллии худро эҳё сохта, бо такя ба муқаддасот, ормонҳо ва арзишҳои ниёгони худ дар муҳлати хеле ҳам кутоҳ пояҳои онро таҳким бахшиданд. Ин комёбӣ, ба ақидаи мо, маҳз тавассути ҳамин арҷгузорӣ ба гузаштаи худ, махсусан аз тариқи гиромидошти арзишҳои ориёӣ муяссар гардид. Аз ин рӯ, таҳқиқ ва истифодаи ганҷҳои то ҳол ҳам кашфнагаштаи ин тамаддуни бостонӣ имрӯз ҳам мубрам буда, на танҳо арзиши бузурги илмию назариявӣ, балки манфиати зиёди амалӣ низ дорад. Бо ҳамин сабаб таҳқиқоти шоир ва ҳикматшиноси варзида Назри Яздониро, ки бо номи «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон» ба нашр расидааст, як амали хайру саривақтӣ дар шиносонидани мардуми Тоҷикистон бо арзишҳои хеле ҳам пурбаҳои ниёгон метавон ҳисоб намуд.
Таҳқиқоти мазкур гуногунҷанба буда, мавзуъҳои хеле ҳам мухталифро фаро гирифтааст, ки зоҳиран гусаста аз ҳамдигар ба назар расанд ҳам, вале ботинан бо якдигар пайвастагии ногусастанӣ доранд. Муаллиф дар ибтидо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил намуда, шахсияти эшонро ба хонандагон ҳамчун Пешвои маърифату ваҳдати миллӣ муаррифӣ сохтаанд. Ҳамзамон, ба шоир ва файласуфи шинохта Назри Яздонӣ муяссар гардидааст, ки нақши Пешвои муаззами миллатро дар нигаҳдошту тақвияти арзишҳои миллӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ ба таври аёнӣ нишон диҳанд. Ё худ, чанд хотираву андешаи хешро дар бораи шахсият ва фаъолияти академик Бобоҷон Ѓафуров иброз дошта, устод Назри Яздонӣ одилона таъкид сохтааанд, ки ӯ ҳанӯз аз соли 1974, аз лаҳзаи нашри шоҳасари худ «Тоҷикон» қаҳрамони ҳақиқӣ буд. Ин ҳама хулосаҳои муаллифи китоби «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон» дар бораи ин ду шахсият воқеан ҳам мантиқиянд, зеро маҳз онҳо ормонҳои ориёии ниёгони моро дар даврони муосир ҳаёти дубора бахшидаанд.
Дар таҳқиқоти мазкур доир ба шахсиятҳои дигари маъруфи миллат, аз ҷумла оид ба дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Алишери Навоӣ (1441-1501), маорифпарварии Аҳмади Дониш (1827-1897) ва Садриддини Айнӣ (1878-1954) ақидаҳои ҷолиб баён гаштааст. Назри Яздонӣ инчунин аз дӯстӣ ҳамчун арзиш сухан гуфта, муносибатҳои байни файласуфони олмонӣ Карл Маркс (1818-1883) ва Фридрих Энгелсро (1820–1895) мисол меоранд. Дар бораи робитаи таълимоти шоир ва мутафаккири тоҷикзабони покистонӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) ва файласуфи олмонӣ Фридрих Нитсше (1844–1900) сухан ронда, муаллиф барҳақ чунин меҳисобанд, ки ин файласуфи олмонӣ дар асари машҳураш номи шахсияти ориёии бузург - Зардуштро танҳо ҳамчун “реклама” истифода бурда, ҷаҳоншиносияш аз арзишҳои ниёгони мо фарсаҳо дур аст ва ин гуна мафкурае, ки ӯ дорад, тахрибкор буда, имкон медиҳад, ки шахсияти худи Нитсшеро ҳамчун «нобиғаи сиёҳ» ном барем.
Мавзуъҳои дигаре, ки дар ин асари Назри Яздонӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, ба Наврӯзи ҷовидона, ормонҳои ориёӣ дар даврони исломӣ, парчам ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ, алифбои ватансозӣ, фарҳанг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, мақоми дин дар ҷаҳони муосир ва амсоли он бахшида шудаанд. Муҳаққиқ инчунин ба таври муфассал масъалаи фалсафаи нур дар баррасии шарқиён ва ғарбиён ва мақоми фар ё нуру оташро дар таълимоти фалсафии ниёгони мо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.
Мавзӯи сарнавишти ормонҳо ва арзишҳои ориёӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи шоир ва файласуф Назри Яздонӣ буда, ӯ ин масъаларо дар мисоли муҳити тамаддуни исломӣ ва аҳди манғитиён равшан сохтааст. Аз ҷумла, вожаи хароботи дар шеъри Ҳофизи Шерозӣ (1326-1389/90) омадаро ҳамчун нуробод шарҳ дода, аз истилоҳоте чун муғ, саройи муғон ва аз хоҳиши ин шоири машҳур оид ба «тоза кун аз оини дини Зардушт» ёдовар шудаанд.
Дар асари мазкур мусаввараҳо низ ҳамчун замима оварда шудаанд, ки моҳияти ормону арзишҳои ориёиро мекушоянд, аз ҷумла, нилуфар ҳамчун нишони ниёгони мо, маросими тақдими ҳадяи наврӯзӣ, гузаштани Сиёвуш аз оташ, устувонаи Куруши Кабир, нишони миллии Тоҷикистон аз соли 1924 то даврони Иистиқлолияти давлатӣ, парчами тоҷикон аз замони Кова то имрӯз, намунаи алифбоҳои ориёӣ ва ғайра.
Бори дигар таъкид мегардад, ки таҳқиқоти Назри Яздонӣ гуногунҷанба ва мухталифмавзуъ аст, ки ҳамагӣ бо ҳамдигар пайвастаанд. Аммо инҷо мо мехостем ба ду мавзуи баррасинамудаи муаллиф каме муфассалтар таваҷҷуҳ дошта бошем: ин яке мақоми нур дар ҷаҳоншиносии инсоният аст ва дигаре - алифбои ватансозӣ.
Муаллифи таҳқиқот барҳақ қайд мекунанд, ки нур, равшанӣ, оташ ҳамчун нахустманбаъ дар фалсафаи бостонии тоҷик ҷойгоҳи хосса дошта, ин ақида минбаъд дар фалсафаи асримиёнагии ниёгони мо шарҳи бештари фалсафии худро ёфтааст. Аз ҷумла, Шаҳобиддини Суҳравардӣ (1154-1191) бо такя ба ҷаҳоншиносии авастоӣ, фалсафаи Афлотун (427- 347 то мелод) ва оятҳои қуръонӣ дар бораи нур ҳикмати ишроқи худро ба вуҷуд овард, ки қуллаи баландтарини рушди фалсафаи нур аз даврони бостон то даврони мутафаккир буд. Минбаъд бошад, файласуфи олмонӣ Георг Гегел (1770-1831) низ бо такя ба хамин таълимоти тоҷикони бостонӣ нурро ҳамчун ҷавҳари субъективӣ ё рӯҳи ашё шинохтааст.
Оид ба ин мавзуъ бояд таъкид намуд, ки дар илми муосири физика фотон ҳамчун ҳиссачаи элементарӣ ё соддатарини таркиби нур ҳисоб мешавад, ки чунин хосиятҳои аҷибу ғариб дорад: он дар як замон ҳам заррача асту ҳам мавҷ; зарраи сершумортарин дар тамоми оламу афлок аст; ягона зарраи физикиест, ки зидди он низ худи он аст; аз фотон ё нур дида ягон зарраи дигаре бо суръати баландтар ҳаракат намекунад, зеро нур воқеан вуҷуд дошта бошад ҳам, вале масса-вазн надорад; бо ҳам бархӯрдани ду фотон метавонад ҳиссачаҳои дигари элементариро ба вуҷуд орад ва амсоли он. Дар баробари ин, фотон ё нур қабл аз газ, моеъ ва ҷисми сахт пайдо гардидааст ва ғайра. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки нурро ҳамчун нахустманбаъ эътироф намоем. Аммо чунонки дар фалсафаи нури бостонӣ, ё дар ҳикмати ишроқи Суҳравардӣ, таълимоти Гегел ва мутафаккирони дигар масъалаҳои нофаҳмо ва нокушода оид ба нур зиёд буданд, дар физикаи муосир низ чунин масъалаҳои муғлақ бешуморанд, ки таҳкиқоти минбаъдаро тақозо мекунанд. Дар ҳар сурат таъкид бояд намуд, ки фалсафаи нури ниёгони мо чи дар аҳди бостон ва чи дар асрҳои миёна заминаҳои воқеии илмӣ доштааст, ки фаҳмиши моҳияти он таҳқиқоти минбаъдаро талаб менамояд.
Масъалаи аз ҳама муҳим, ки Назри Яздонӣ дар таҳқиқоти хеш гузоштаанд ва роҳҳои ҳалли онро ба таври мушаххас пешниҳод сохта, механизмҳои роҳандозии онро равшан намудаанд, ба андешаи мо, ин алифбо ё дастурномаи ватансозист. Дар ин росто муаллиф таъкид доштаанд: «Ватанро шаҳрванд месозад. Шаҳрванд дар кадом дараҷаи сифати тараққиву рушду равнақ бошад, маълум аст, ки Ватан ҳам дар ҳамон дараҷа мешавад».
Аз ин рӯ, дар кори ватансозӣ нуктаи аз ҳама муҳимтарин ин, аз назари Назри Яздонӣ, худшиносӣ ва худсозии шаҳрванд аст, зеро чунонки адиби ирландӣ Бернард Шоу (1856-1950) гуфтааст, “Маънии ҳаёт на он аст, ки худро биёбӣ, балки он аст, ки худро бисозӣ”. Механизмҳои ташаккули худшиносиро бошад, муҳаққиқ, қабл аз ҳама, дар тарбияи дурусти шахсият «аз хонавода то донишгоҳ» ва худро шинохтани шахс тавассути ақл дар асоси ба эътибор гирифтани нахустусул ё принсипи «ҳар касеро баҳри коре сохтаанд», ба шумор меравад. Дар сурати бо чунин роҳ ташаккул ёфтани шахс ӯ ба хубӣ дарк мекунад, ки ватансозӣ ин аст: «… ободу шодобу шукуфо кардани хоки Ватан, поку беолоиш доштани оби Ватан, муътабару муаззам доштани номи мубораки модарамон, падарамон, бузургворони Ватан».
Худи мафҳуми худшиносӣ дар таъбири барҳақи Назри Яздонӣ аз чунин унсурҳо таркиб меёбад: ҳар лаҳза аз лиҳози сиёсӣ зираку ҳушёр будан; омодагии доимӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлати хештан; дареғ надоштани ҷону тавоноии худ дар ҳифзи Ватан; танаффур аз маҳалгароӣ ҳамчун тафаккури тӯдагӣ; бунёди қалъаи пулодини ваҳдати миллӣ; пиндор, гуфтор ва кирдори муосиру замонавӣ доштан; бо ифтихор худро аз Тоҷикистон донистан, ки ҷузви ҳамон Хуросону ҳамон Ориёност.
Вобаста ба масъалаи мазкур, қобили ёдоварист, ки худшиносӣ дар маҷмӯъ чун шинохти шахсияти хештан, ки ба инъикоси худӣ дар шуур асос ёфтааст, ҷанбаҳои табиию иҷтимоӣ дорад. Табиӣ будани он аз шуури инсон ҳамчун зуҳуроти биологӣ вобаста буда, иҷтимоӣ буданаш ба тарбияи инсон дар оила ва ҷомеа марбут аст. Аз ин рӯ, худшиносии миллиро низ, ки одатан ҳамчун мансуб донистани хештан ба ин ё он миллат, давлат ва фарҳанг медонанд ва танҳо чун падидаи софи иҷтимоӣ мешиносанд, бояд бо иртибот ба решаҳои табиияш маънидод созем. Кофист барои исботи решаҳои иҷтимоӣ доштани он таъкид намоем, ки худшиносии миллӣ то андозае аз ирқу нажод, шароити ҷуғрофӣ низ вобастагиҳои зиёде дорад. Ва маҳз бо ҳамин сабаб тарбияи худшиносӣ барои ҳар халқу миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи муосири Тоҷикистон бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад. Барои ҷомеаи мо имрӯз худшиносии миллие муҳим аст, ки асосан ба чунин унсурҳо, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб такя мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки тамоми андешаҳои дар боло таҳлилшуда аз ҷониби Назри Яздонӣ бо як забону услуби хосса ва дар сатҳи баланди маънипардозӣ баён гардидаанд, зеро худи муаллиф чун Ибни Сино (980-1037) ва Умари Хайём (1048-1131), Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) ва Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигари гузаштаи миллатамон ҳам файласуфанду ҳам шоир. Эшон фалсафаи Ибни Синоро ба таври амиқ таҳқиқ намуда, эссеҳои пурмуҳтавои фалсафию адабӣ эҷод кардаанд. Ашъори баландмаънӣ, вале фаҳмо ва зебою гӯёи Назри Яздонӣ дар шаш китоб ва маҷмуаҳои зиёди дастаҷамъӣ ба нашр расидаанд. Зиёда аз 50 шеъри ӯро, ки ба онҳо ҳунармандон оҳанг бастаю дар шакли тарона сурудаанд, ба хазинаи тиллоии радиои тоҷик ворид сохтаанд. Назри Яздонӣ тарҷумони забондону хушзабонест, ки асарҳои зиёдеро аз забони асл, аз ҷумла аз забони англисӣ тарҷума кардаанд.
Асари худ «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон»-ро эҷод карда, шоир ва ҳикматшиноси шинохта Назри Яздонӣ дар охирсухани китоб, ки охир надорад, таъкид доштаанд, ки «то инсон аст, то ҷовидон ормону арзишҳои тамаддуни ориёӣ зиндаву созандаву босубот хоҳанд монд». Мо низ ин андешаи файласуфи шинохтаву шоири мумтоз, устод Назри Яздониро комилан ҷонибдорӣ намуда, бо як байти худи ӯ иброз медорем:
Зинда бодо Ориёнам, Ориёни бостонам,
Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонам!..

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан