joomla
free templates joomla

ПАЁМИ ТАҚДИРСОЗ ВА ОЯНДАБИН

   Дар санаи 23-уми декабри соли 2022 дар парлумони кишвар ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз воқеаҳои муҳими ин давра ба ҳисоб рафта, дар он дастовардҳо, натиҷагириҳо ва дурнамои ояндаи рушди давлатдории тоҷикон пешбинӣ карда шуд. 
   Сарвари далат қайд намуданд, ки: «Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад». Аммо ба андешаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».
Паёми Президенти ҶТ ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ имрўз мақому манзалат ва эътибори бештарро касб намудааст. Зеро дар заминаи ҳар як Паёми Президенти ҶТ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуда…, дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат ҳаллу фасл мегарданд, ки барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, муқовимат ба терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, инкишофи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат, рушди илму маориф ва амсоли инҳо мусоидат менамояд[1].
Дар ҳақиқатан ҳам Паёми Президенти ҶТ ҳуҷати басо муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар бораи аҳамият ва мақоми он дар рушди давлатдорӣ ва ҷомеа, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ муҳаққиқони зиёд ибрози ақида намудаанд[2].
Аз ҷумла, Маҳмудзода М.А., Ятимов С.С., Насриддинзода Э.С. Паёми Президенти ҶТ-ро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз, санади стратегӣ, ояндасоз ва дурнамо номидаанд. Чунончи, Маҳмудзода М.А. зикр менамояд, ки «Паёми Президенти ҶТ ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва санади стратегии ҳадафманд бо тарзи масъалагузорӣ ва шарҳи зарурати он, таҳлили мушаххас ва хулосабарориҳо, санади муҳимтарини ҳар як сол аст ва албатта ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар амал татбиқ намудани он саъю кўшиш намуда, он вазифаҳое, ки ба зиммаи ҳамагон гузошта шудааст, сарбаландона ва бо масъулияти том иҷро намоем»[3]. Ятимов С.С. Паёми Президенти ҶТ-ро мавриди таҳлил қарор дода, онро ҳамчун «ҳуҷҷати барномавӣ», «ҳуҷҷати барҷастаи таърихӣ», «ҳуҷҷати стратегӣ», «санади ояндасоз», «санади ҳидояткунанда» меномад[4]. Насриддинзода Э.С. бошад, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварро, ки дар заминаи паёмҳои Президенти ҶТ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, таҳлил намуда, таъкид мекунад, ки Фармони Президенти ҶТ дар бораи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2017» аз 5-уми январи соли 2015; қарорҳои Ҳукумати ҶТ дар бораи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ барои солҳои 2011-2016» аз 2-юми октябри соли 2010; дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» аз 3-юми декабри соли 2011; дар бораи «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҶТ барои солҳои 2012-2020» аз 30-юми апрели соли 2012; дар бораи «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар ҶТ барои солҳои 2013-2017» аз 1-уми августи соли 2012 ва дигарҳо дар заминаи дастуру супоришҳо ва талаботи паёмҳои Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии кишвар таҳия ва тасдиқ гардидаанд[5].
Чи тавре қайд намудем, Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-уми декабри соли 2022 садо дод. Сарвари кишвар дар паёми навбати худ ҳамчун давоми мантиқии паёмҳои солҳои гузашта қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои муайяни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2023 ва солҳои дигар масъалагузорӣ намуд.
Президенти ҶТ вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳонро таҳлил намуда, иброз намуданд, ки: «Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Инчунин вобаста ба ҳамаи ин Президенти ҶТ назари нигаронӣ намуданд, ки: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Дар ин раванд Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки: «Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».
Дар ҳақиқатан ҳам бузургтарин неруи муҳофизи манфиати миллӣ дар чунин раванди таҳоҷуми иттилоот ва торҳои печидаи сарчашмаҳои маълумотӣ ва ахборӣ, ки тафовут миёни ҳақиқат ва ботил беранг шудааст, фаҳми дуруст, бехато ва возеҳияти асли иттилоот аст. Бале, фаҳми дуруст ва дарки ҳақиқати маълумот имрӯз қуввати бузурги созанда ва ҳифзкунанда аст. Фаҳми дурусти танҳо иттилооти моҳвораӣ, интернетӣ не, инчунин фаҳм ва дарки дурусти талаботи қонунҳо, директиваҳо, паёмҳо, консепсияҳо ва дигар иттилооти хосияти оммавӣ доштаи чи дохилию чи хориҷӣ низ дар ин асно истисно нестанд[6].
Дар ин ҷода фаҳм ва дарки аслҳои маънавӣ ва моддии Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат, ки як навъ ҳисоботу таҳлилу дурнамои рушди миёнадаврии давлати мост, дорои қудрати азими созандагӣ ва бунёдкорист. Таҷрибаи беш аз бистсолаи паём ҳамчун падидаи сиёсии Роҳбари давлат гувоҳи он аст, ки давлатдории миллии мо ба ин санади муҳимми сиёсӣ мазмун ва мундариҷаи миллӣ бахшида рукн ва қубҳи онро дар ҳамбастагӣ ба манфиатҳои моддӣ ва маънавии миллат ва давлатсозии халқамон такмил дод. Ин симати такмилёбии падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ вобаста ба шароити замону макон ва талаботи даврӣ аломати муътадил ва раванди қобили қабули рушди падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои давлатдор аст[7].
Агар Паёми навбатии Президенти ҶТ-ро мавриди омузиш ва таҳлил қарор диҳем, пас онро мумкин аст ба чор гурўҳи масъалаҳои муҳим ҷудо намуд: якум, масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ; дуюм, масъалаҳои илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгў; сеюм, тарбияи насли наврас ва ҷавонон, мубориза муқобили ҷинояткорӣ; чорум, масъалаҳои тандурустӣ ва таъмини доруворӣ.
Ба гурўҳи якум масъалаҳо, ки дар Паём Президенти ҶТ садо доданд, пеш аз ҳама: сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дар Паём қайд карда шудааст, ки танҳо дар соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 фаъолият намуданд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, шумораи корхонаҳо ва ҷойи корӣ аз 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ дар соли 1991, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ
Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоие, ки дар паём роҳандозӣ шудааст, ин масъалаи дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва баланд бардоштани стипендияҳо, музди кор ва нафақапулиҳо мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ, аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз, дигар кормандони ин мақомот, кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ, дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо давлати иҷтимӣ будани Тоҷикистонро бори дигар исбот менамоянд. Дар ин ҷода нақши иҷтимоӣ доштани Қонуни ҶТ аз 8 июни соли 2007, №272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[8]-ро қайд кардан бамаврид аст, ки мақсади он пеш аз ҳама аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Маҳз бо амалишавии муқаррароти ин Қонун як дараҷа сатҳи камбизоатии аҳолӣ паст карда шуда, пеши хароҷотҳои зиёдатӣ гирифта шуданд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам риояи баъзе аз меъёрҳои қонун дар минтақаҳои ҷудогона мушкилиҳои худро дорад. Мушкилии аслӣ дар мафкураи шаҳрвандони тақлидгару худнамо аст, ки онҳо озодиҳои худро дар доираи манфиатҳои аслии худ истифода карда натавониста, зери таассубу хурофот зарар ба дороии хеш ва наздиконашон расонда даҳҳо таъкидоди каломи осмониро дар масъалаи он ки «Худованд сарфакоронро дӯст медорад» сарфи назар менамоянд. Мушкилии мавҷуда дар асл сунъӣ буда, ба табиати қонун ва асли шариат рабте надорад, қонун ҳам аз назари динӣ ва ҳам ақлонӣ ихтилофоте надорад, ягон меъёри он зидди боварҳои асли динӣ ва ақлонӣ нест[9].
Пас онҳое, ки ба чунин корҳо даст мезананд, хароҷоти барзиёд дар маъракаю маросим карда ба исроф роҳ медиҳанд дар асл ба хурофот ва таассуб гирифторанд. Ин ва дигар ҳолатҳо дар кишварҳои мусулмоннишин гувоҳи он аст, ки мардуми мусулмон аз даричаи таассуб ва хурофот чунон боварҳои худро қавӣ ва серпаҳлу намудаанд, ки озодиҳо ва паҳнои ақли созандаро ба маротиб ба танг овардаанд. Ақли иддаи мо агар имрӯз аз як ҷониб таҳти таъсири таассубу хурофот аз бесаводӣ азият кашад, аз ҷониби дигар аз тобеияташ ба омилҳои нафсонӣ ва худравиҳои беҷо низ мушкилзо гаштааст[10].
Ба гурўҳи дуюм, масъалаҳои илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгў ворид мешаванд, ки он дар Паём ҷойи махсусро ишғол менамояд. Чунки бе таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, омода намудани кадрҳои баландихтисос, бе баланд бардоштани нерўи зеҳнии аҳолӣ, кадрҳои ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгў ва шуури ҳуқуқии одамон пешрафти давлату ҷомеаро таъмин намудан имконнопазир мебошад. Вобаста ба ин Сарвари давлат дар паём иброз намуданд, ки: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.».
Ҳамзамон, таҳлили ҳолати муосири фарҳанги ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт ба инобат гирифтани шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва тамоюлҳои нав зарур аст. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти маҷмӯӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир додани муносибатҳо мавҷуд аст. Дар робита бо ин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттилоотӣ-ташвиқотидошта бояд баланд бардошта шавад, зеро имрӯз ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ бе иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ номумкин аст. Аз ин рӯ, дар ин самт тағйироти куллӣ, ки дигаркунии ҷиддии модели институтсионалиро дар татбиқи сиёсати маърифатнокии ҳуқуқӣ талаб менамояд, зарур аст. Ҳамчунин маърифатнокии ҳуқуқӣ бояд талаботи гурӯҳҳои мақсаднокро ба инобат гирифта, расмиёти баҳодиҳии сифат ва натиҷанокии ин фаъолиятро пешбинӣ намояд[11].
Дар ин ҷода қабул ва амалишавии Қонуни ҶТ аз 2 августи соли 2011, № 762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»[12] аз аҳамият холи намебошад. Мақсади Қонуни мазкур, ки пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад, ба раванди таълиму тарбия нақши арзандаи худро гузошта, вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеаро дар таълиму тарбияи фарзанд мушаххас намуд.
Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.
Сарвари давлат вазъи имрӯзаи илми кишварро таҳлил намуда, иброз нмуданд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳақиқатан ҳам имрўз илми тоҷик чӣ аз ҷиҳати ташкилӣ ва чӣ аз ҷиҳати омодагӣ таҷдиди назарро талаб менамояд. Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии ҶТ аз 12 майи соли 2001, №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳунрии Тоҷикистон» Ҳукумати ҶТ пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таъмин намуда, самтҳои асосии рушду такомули онҳоро муайян менамояд ва Ҳукумати ҶТ ин салоҳияти худро ба Вазорати маориф ва илми ҶТ вогузор намудааст. Аммо Вазорати маориф ва илми ҶТ имконияти пурраи назорат ва амалӣ намудани ин масъаларо надорад. Чунки Комиссияи олии аттестатсионӣ ва мақоми назоратии мақомоти маориф ва илм дар назди Президенти ҶТ таъсис дода шудаанд, ки ин якдараҷа пайвастагии ин масъаларо мушкил мегардонад. Ҳол он ки таҷрибаи дигар давлатҳо собит месозанд, ки ин мақомотҳо бояд дар назди Вазорати маориф ва илми ҶТ бошанд, ки он сиёсати далатиро дар ин соҳаҳо амалӣ менмояд.
Ба гурўҳи сеюм, тарбияи насли наврас ва ҷавонон ворид мегарданд, ки Президенти ҶТ ба онҳо умеди калон доранд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.». Ҳоло дар ҶТ вобаста ба ин якчанд барномаҳо қабул карда шудаанд, ки онҳо бо мақсади рушди иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон равона карда шудаанд. Аз ҷумла, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ шудааст, қабул шудаанд.
Мо умедворем, ки имрўз падару модарон, устодону омузгорон ҳар кадоме барои амалишавии ин ҳадафҳои дар Паём овардашуда вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон саҳми арзандаи худро мегузоранд ва ояндаи давлату миллати худро бо боварӣ ба наслҳои оянда месупоранд.
Ба гурўҳи чорум, масъалаҳои тандурустӣ ва таъмини дорувориро ворид крдан мумкин аст. Дар Паём Президенти ҶТ ибрози ақида намуданд, ки «Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд. Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.».
Бо ин мақсад соли 2017 да Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул карда шуд, ки он зиёда аз 16 қонунҳоро мутаҳид намуда, низоми ягонаи тандурустиро якдараҷа ба танзим даровард. Аммо ба ин нигоҳ накарда, на ҳамаи масъалаҳои ин соҳа то имрўз ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, низоми иҷозатдиҳи дар ин соҳа таҷдидро талаб менамояд, ки дар ин бора дар паём низ ибрози ақида карда шуд. Илова бар ин Қонуни ҶТ аз 18 июни соли 2008 №408 «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[13] қабул гардида, он танҳо 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шуд, ки то имрўз муқарраротҳои он ба пуррагӣ амалӣ нашудааст. Ин ҳам якдараҷа ба сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ таъсири худро мерасонад. Мо боварӣ дорем, ки баъд аз дастурҳои Президенти ҶТ дар паём фаъолият дар ин самт низ ҷоннок мегардад.
Дар маҷмў бояд хулоса намуд, ки дар Паёми Президент ҶТ сухан дар бораи ҷаҳони муосир ва таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи манфиатҳо ба ҷанги фарҳангҳо, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо, заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ва таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз меравад. Фаҳм ва дарки аслҳои маънавӣ ва моддии Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат, ки як навъ ҳисоботу таҳлилу дурнамои рушди миёнадаврии давлат аст, дорои қудрати азими созандагӣ ва бунёдкорист. Таҷрибаи беш аз бистсолаи паём ҳамчун падидаи сиёсии Роҳбари давлат гувоҳи он аст, ки давлатдории миллии мо ба ин санади муҳимми сиёсӣ мазмун ва мундариҷаи миллӣ бахшида, рукн ва қубҳи онро дар ҳамбастагӣ ба манфиатҳои моддӣ ва маънавии миллат ва давлатсозии халқамон такмил дод. Ин симати такмилёбии падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ вобаста ба шароити замону макон ва талаботи даврӣ аломати муътадил ва раванди қобили қабули рушди падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои давлатдор аст.
БОБОҶОНЗОДА ИСРОФИЛ ҲУСЕЙН
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии
давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
[1] Ниг.: Сайнозимзода Фирўз Сайнозим. «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ». Дисс. барои дарёфти ун. илмии н.и.ҳ. Душанбе, 2022. –С. 5.
[2] Ниг.: Тохиров Ф.Т. Политико-правовое значение Послания Президента. Народная газета. – 2005. – 20 июля. –№ 29 (19479).; Маҳмудзода М.А. Конститутсия заминаи ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ (маҷмуи мақолаю маърузаҳо). – Душанбе: ЭР-граф, 2014. – 596 с.; Маҳмудзода М., Сотиволдиев Р. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол. Нашри 2-юм. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 192 с.; Насриддинзода Э.С. Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа // Ваҳдат, Давлат, Президент. Ҷилди XXXШ. – Душанбе: Ирфон, 2021. – С. 6-20; Насриддинзода Э.С., Сайнозимзода Ф.С. Таҳлили таърихӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти ҶТ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – Душанбе, 2021. – № 2 (22). – С. 6-19; Насриддинзода Э.С., Сайнозимзода Ф.С. Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар паёмҳои Президенти ҶТ // Қонунгузорӣ. – Душанбе, 2021. – № 3 (43). – С. 5-12; Насриддинзода Э.С. Инъикос ва баррасии масъалаҳои маориф ва илм дар паёмҳои Пешвои миллат // Маҷаллаи академии ҳуқуқ. – Душанбе, 2022. – №2 (42). – С. 62-68.; Сотиволдиев Р., Маҳмудзода М. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол. Нашри 2-юм. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 192 с.; Ятимов С.С. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат // Ҷумҳурият. – 2019. – 29 январ. – № 21-22 (23 624-625).; Диноршоев А.М. Правовая природа Послания Президента Республики Таджикистан // Государствоведение и права человека. – Душанбе, 2016. – № 1 (01). – С. 55-60.; Раҳмон Д.С., Шерзода Б.С. Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – Душанбе, 2021. – № 2 (22). – С. 20-33.; Имомов А.И. Послание Президента и его влияние на совершенствование деятельности Маджлиси Оли // Правовая жизнь. – Душанбе, 2017. – №4 (20). – С. 46-57.; Раҳимзода Р.Ҳ. Дурнамои иқтисоди мамлакат дар Паёми Пешвои миллат // Садои мардум. – 2020. – 7 январ. – № 3-4 (4109-4110).; ХолиқзодаА.Ѓ., Бобоҷонзода И.Ҳ., Шосаидзода Ш.Ш. Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди давлати миллӣ. «Маҷаллаи Академиявии ҳуқуқ». 2022, №2 (42). С. 26-37.; Раззоқов Б.Ҳ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари ҳокимияти иҷроия: монография. – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 356 с.; Гадоев Б.С. Политико-правовое значение Послания Президента Республики Таджикистан в жизни общества // Известия Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова Академии наук Республики Таджикистан. – Душанбе, 2015. – № 1. – С. 89-94; Гадоев Б.С. Послания Президента Республики Таджикистан и их роль в политическом курсе развитии страны // Правовая жизнь. – Душанбе, 2021. – №4 (36). – С. 74-82.; Саъдизода Ҷ., Сайнозимзода Ф.С. Нақши паёмҳои Президенти ҶТ дар таъсиси вижаниҳодҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – Душанбе, 2021. – № 3 (23). – С. 30-42.; Мухторов К.Т. Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ: хусусиятҳои сиёсӣ-барномавии он // Паёми Донишкада / Махзани илмӣ. (Маводи Конфронсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат – оинаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мадании Тоҷикистон» 19 марти соли 2019 дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент). – Панҷакент, 2019. – №1/1. – С. 484-491; Мухторов К.Т. моҳияти сиёсиву ҳуқуқии паёми президенти ҷт ба маҷлиси олӣ // Паём – қутбнамои рушди устувор (маҷмуаи мақолоти илмӣ). – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – С. 228-240.; Каримзода К.М. Паём – муҳимтарин ҳуҷҷати барномавӣ // Ҷумҳурият. – 2019. – 28 декабр. – № 259 (23 602) ва ѓ.
[3] Ниг.: Маҳмудзода М.А. Конститутсия заминаи ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ (маҷмуи мақолаю маърузаҳо). – Душанбе: ЭР-граф, 2014. – С. 98.
[4] Ниг.: Ятимов С.С. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат // Ҷумҳурият. – 2019. 29 январ. – № 21-22 (23 624-625).
[5] Ниг.: Насриддинзода Э.С. Фарҳанги ҳуқуқӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – С. 128-233.
[6] Муфассалтар ниг.: ХолиқзодаА.Ѓ., Бобоҷонзода И.Ҳ., Шосаидзода Ш.Ш. Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди давлати миллӣ. «Маҷаллаи Академиявии ҳуқуқ». 2022, №2 (42). С. 26-37.
[7] Ҳамон ҷо.
[8] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонунҳои ҶТ аз 30.05.2017 с., №1428; аз 28.08.2017 с., №1461.
[9] Муфассалтар ниг.: ХолиқзодаА.Ѓ., Бобоҷонзода И.Ҳ., Шосаидзода Ш.Ш. Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди давлати миллӣ. «Маҷаллаи Академиявии ҳуқуқ». 2022, №2 (42). С. 26-37.
[10] Ҳамон ҷо.
[11] Банди 13 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ шудааст.
[12] Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, с. 2011, №7–8, мод. 616; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1294.
[13] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №6, мод. 466; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 836; с. 2014, №3, мод. 155; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1490.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан