joomla
free templates joomla

СЕССИЯИ ЗИМИСТОНАИ АХИ ҶТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҚВИЯТ ПАЗИРУФТАНИ ДОНИШҲОИ АҚЛИИ ХОНАНДАГОН

   Имрӯз дар санаи 7-уми январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи АМИТ Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 
Сессияро президенти АХИ ҶТ, академик Ҳикмат Ҳисориев ифтитоҳ намуда, хонандагонро зимни воридшавӣ ба раванди зимистонаи Академияи мазкур хайра мақдам гуфт.
  Дар Сессияи мазкур ноиби президенти АМИТ Саидов А.С. маърӯза намуда, зимни суханронӣ қайд кард, ки Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 50-сола дорад ва айни замон ин ниҳоди илмӣ-омӯзишии Академияи миллии илмҳо бо дарназардошти баргузор намудани Сессияҳои зимистонаву тобистона ва Рӯзи дарҳои кушода барои тақвият додани донишҳои ақлии хонандагон мусоидат менамояд. Хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва атрофи он бинобар пешниҳоди муаррифии кори амалӣ баромад намуданд. Беҳтаринҳо бо Ифтихорнома сазовор дониста шуданд.
   Ҳадаф аз таъсис додани Академияи хурд дар Шуравӣ омода намудани мутахассисони бомаърифат аз ҳисоби хонандагони мактабҳо, литсейҳо ва гимназияҳо буд. Яке аз иштироккунандагони Сессия Мубина Хотамова дар бахши биолужӣ ҷиҳати баррасии муарифии кори илмӣ таҳти унвони "Саратони шири пистон" пардохта, иброз намуд, ки қисми муайяни занону бонувони кишвар ҳатто аз мавҷудияти бемории мазкур воқиф нестанд. Ба қавли мавсуф, агар бонувон аз беморӣ воқиф бошанд, пас имкон пайдо мешавад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати он чораҳо андешида шаванд. Иштирокчии дигар Гулбарги Камолиддин аз Литсейи инноватсионии "Душанбе" ҷиҳати баррасии мавзуи "Таҳлилу баррасии боби ҳафтуми "Гулистон" - и Саъдии Шерозӣ маърӯза намуда, қайд кард, ки намунаи ҳикоёт дар китобҳои дарсӣ бо шарҳҳои оммафаҳм бояд мавҷуд бошанд ва яке аз омилҳои мутолиаи осори адабии классикон низ бо дарназардошти ҷалби хонандагон мазмуну муҳтавои онҳост. Ба қавли номбурда, таассуроти мо аз осори классикии тоҷикон бештар маҳсуб мешавад, чунки дар онҳо андеша дар сатҳи хеле баланд баён ёфта, аҳамияти ҷаҳонӣ доранд.
Хонандаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат Тағозода Фирдавс таҳти унвони "Лоиҳаи инноватсионии барномаи мобилии АМИТ, 400 - луғати серистеъмол ва Dushanbe Guide" маърӯза пешниҳод намуд. Номбурда таклиф пешниҳод сохт, ки барои ҷавонон омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муфид буда, маҳз АХИ ҶТ моро дар ин ҷода роҳнамоӣ ва дастгирӣ менамояд.
Иштирокчии дигари Сессияи зимистонаи АХИ ҶТ Маҳкамова Раъно, ки дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 71 ноҳияи Шоҳмансур таҳсил мекунад, дар мавзуи "Усули синтези гидрогел дар асоси полемилизатсияи акриламит" маърӯза кард. Мавсуф мутмаин аст, ки гидрогел агар дар замини камоб ва дар вақти зимистону баҳор пошида шавад, пас инчунин амал боиси баланд бардоштани ҳосилнокии зироат гардида, ҳамчунин ба сарфаи об мусоидат мекунад.
Хонандаи Муассисаи давлатии таълимии литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҳасан Раҳмонов дар мавзуи "Гиёҳҳои асосии шифобахши Тоҷикистон" маърӯза пешниҳод намуда, қайд кард, ки тибби халқи тоҷик гиёҳдармонӣ маҳсуб мешавад. Номбурда дар ин маврид пажӯҳиши илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода, барги зуфро ҷиҳати табобати дарди устухонҳо малҳам сохтааст. Ғайр аз ин, ҷиҳати ҳафт гиёҳ аз қабили сипанд, қоқу, бобуна, газна, зуф, гули хайрӣ ва хандал маълумот пешкаш кардааст.
Тарзи тафаккури хонандагон, ки дар Сессияҳои АХИ ҶТ ширкат меварзанд, шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳе аз онҳо қобилияти назаррасе дар улуми табиӣ доранд ва бегумон сарнавишти онҳо дар оянда бо илм ва пажӯҳиш рабт пайдо мекунад. Аз ин хотир, идомаи ҳамкориҳо бо хонандагони макотиби мутавассита ва литсейю гимназияҳо Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор хоҳад кард, ки фаъолияти хешро дар сатҳи густурда анҷом диҳанд.
Ҳамасола дар моҳи октябр қабули хонандагон ба АХИ ҶТ баргузор мегардад. Ҳамчунин, "Рӯзҳои дарҳои кушода" доир карда мешаванд.
Дар моҳи июн бошад, Сессияи баҳории АХИ ҶТ барпо шуда, дар он корҳои илмии мактаббачагон натиҷагирӣ мешавад. Ҷиҳати таҳияи аъзои ҳакамон олимони Институтҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ, Донишгоҳҳо ва Донишкадаҳои мамлакат даъват мешаванд. Дар давоми 50 сол АХИ ҶТ - ро беш аз 8 ҳазор хонандагони синфҳои болоӣ хатм намуда, 8421 кори илмӣ дифоъ кардаанд. Аз байни хонандагони боистеъдод 401 нафар аъзои пайваста ва 1028 узви вобаста гардидаанд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан