joomla
free templates joomla

МАҶЛИСИ УМУМИИ СОЛОНАИ АМИТ

       Имрӯз дар санаи 5 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Абдуллозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ доир гардид, ки дар он гузориши президенти АМИТ Ф. Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 мавриди баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.

6.60.jpg - 146.36 KB

     Дар ҳисобот зикр карда шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – АМИТ) фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар давоми соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кори АМИТ дар соли 2022 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло¬гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла:

6.57.jpg - 158.78 KB

       Дар соли 2022 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 114 мавзуъ, аз ҷумла 71 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 16 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 27 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ қариб 3400 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 200 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3170 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 2830 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва қариб 110 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

6.58.jpg - 181.03 KB

     Дар соли 2022 аз тарафи олимони АМИТ 28 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 15 қарори мусбат оид ба додани патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, ҳамчунин 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираҳои иттилоотӣ ба даст оварда шуд.

     Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 20 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

     Дар соли 2022 дар 18 шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори КОА ФР тасдиқ шудаанд, ҳамагӣ 137 рисола, аз ҷумла 22 рисолаи докторӣ ва 115 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 7 шурои дар АМИТ амалкунанда ҳамагӣ 53 рисола, аз ҷумла 10 рисолаи докторӣ ва 43 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд. Дар ин шуроҳо аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 14 рисола, аз ҷумла 4 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадӣ дифоъ гардидаанд.

6.59.jpg - 150.96 KB

    Дар 8 шурои диссертатсионии амалкунандаи АМИТ, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҳамагӣ 22 рисола, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.

Муҳимтарин натиҷаҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ инҳоянд:

Дар соҳаиматематика:

- бори аввал қонуни тақсимшавии қиматҳои характери ғайриасосии Дирихле аз рӯи модулҳои таркибӣ дар пайдарпаи ниҳоят кӯтоҳи ададҳои соддаи лағжонидашуда ёфт шудааст;

- формулаи асимптотӣ барои миқдори ададҳои Харди-Литллвуд дар прогрессияҳои кӯтоҳи арифметикии фарқашон ба дараҷаи адади содда баробарбуда исбот карда шудааст;

- нобаробарии интегралии нав барои як синфи васеи операторҳои эллиптикии таназзулёбандаи намуди ғайрдивергентии коэффитсиентҳояшон суммиронидашаванда дар соҳаи маҳдуд исбот карда шудаст.

Дар соҳаиастрофизика:

Олимони Институт дар расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох (минбаъд расадхонаи Санглох) расадхонаи астрономии Ҳисор (минбаъд расадхонаи Ҳисор) мушоҳидаи ҷирмҳои кайҳонӣ – астероидҳо, кометаҳо, радифҳо, партовҳои кайҳонӣ, метеороидҳо ва ситораҳои фавқулнав ба сомон расониданд. Қисми мушоҳидаҳо ба тарзи муштарак ва базисӣ бо 7 расадхонаи Академияи илмҳои Россия, Институти астрономии Академияи илмҳои Словакия, расадхонаи Сефеиди Ҳиндустон ва ғ. тариқи 600 соати шабӣ сурат гирифтанд. Дар натиҷа мавқеи аниқ, траектория, мадор, дурахшонӣ ва тағйироти онҳо, андоза, даври гардиши ҷирмҳо муайян гардиданд, инчунин таркиби физикавӣ ва химиявии ҷирмҳо ба таҳқиқ расиданд. Ҳангоми мониторинг чунин объектҳои ҳайратовар, ба монанди астероидҳои фаъол ва кометаҳои дар масофаҳои дури гелиосентрикӣ аз Офтоб фаъолбуда, зери тадқиқот гирифта шуданд ва барои онҳо маълумотҳои нахустин бор ба даст омаданд. Натиҷаи мушоҳидаҳо дар маҳзани маълумотҳои ҷаҳонии MPC (Minor Planet Center, Маркази ҷаҳонии тадқиқоти сайёраҳои хурд) дохил шуда, дастраси муассисаҳои астрономии ҷаҳон гардиданд.

Дар соҳаифизикаютехника:

Технологияи истеҳсоли кристаллҳои сунъӣ, ғанӣ гардондани сангҳои қиматбаҳо ва аз партовҳои минералӣ ҳосил намудани кристаллҳо коркард шуд. Аз ҷумла, бо усули кристаллизатсияи сунъӣ аз партовҳои Кӯҳи Лаъл якумин маротиба кристалли шпинел- лаъл, ки шафофи сурхчатоб аст, ҳосил карда шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи коркарди нави технологӣ дар пайвастагиҳои оксиди празеодим ва оксиди висмут, якумин бор дар ҷаҳон монокристалли нави висмутит празеодим бо усули гидротермалӣ ҳосил карда шуд ва ба ин ихтироъ патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба даст оварда шуд.

Дар соҳаихимия:

Технологияи ҳосилкунии хӯлаҳои рехташавандаи алюминий, ки сохтори модификатсияшудаи кафолатдор доранд, бо истифода аз металлҳои ишқорзаминӣ (барий, стронсий), нодирзаминӣ (серий, празеодим, неодим) анҷом дода шуд. Аз ин хӯлаҳо метавон бо усули рехтагарӣ, қисмҳои гуногуни автомобил, трактор, насосҳои обкаш ва техникаи гуногуни дигар истеҳсол намуд.

Таъсири муқоисавии маводи доругии “Урсослит” ва “Урсафалк”, ки ба хосияти тағйирёбии миқдори туршобаҳои заҳраи талхадони калламушҳо дар шароити холелитиазӣ амалан бо усули хроматографияи газӣ тасдиқ карда шуд.

Технологияи раванди ишқорронии сианидии тилло ва нуқра дар ҳарорати 25-30оС, дар қитъаи хокгардони кони Ҷилав, инчунин дар ишқорронии чалакии маъдани корхонаи “Зарафшон” татбиқ карда шуд.

Аз консентрати ба даст овардаи фосфордор дар шароити озмоишгоҳи 40 кг нурии суперфосфати оддӣ тайёр карда шуд. Миқдори фосфори дар нурӣ буда, 18.27%-ро ташкил дод. Ин нурӣ ба талаботи ГОСТ 8382-57 ҷавобгӯ буда, дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ бомуваффақият бо ду навъи пахта “Шавкат-80” ва “9326-В” бо муваффақият аз санҷиш гузашта, бо санади татбиқ ҳифз карда шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки пахтаҳои таҷрибави нисбат ба муқоисавӣ аз ҷиҳати баргу гул ва ғура ба кулли дорои ҳосилнокии зиёд буданд.

Дар соҳаигеология:

Дар минтақаи оксидшавии кони Дижикруд якчанд минералҳои сурма - кермезит, валентинит, сенармонтит, сервантит, гидроромеит, стибиконит дарёфт ва омӯхта шудаанд. Ҳамчунин муайян карда шуд, ки паҳншавии минерализатсияи сурмаву симоб дар дохили брекчияҳо бо хусусияти беҳад номуназзам ва нобаробар фарқ мекунад. Маълумоти мавҷуда ва натиҷаҳои тадқиқоти рагаҳои миаролии пегматити Вездара аз он шаҳодат медиҳанд, ки арсен ва сурма яке аз компонентҳои асосии маҳлулҳои пегматитбавуҷудоранда маҳсуб меёбанд.

Дар соҳаизилзилашиносӣ:

Каталоги такмилёфтаи заминҷунбӣ (аз замонҳои таърихӣ то соли 2018) барои истифода дар қаламрави Тоҷикистон бо истифода аз каталогҳои байналмилалии Хадамоти Геологии ИМА (NEIC) ва Мар-кази байналмилалии Сейсмологӣ (ISC), инчунин каталоги минтақавии Осиёи Марказӣ (EMCA2017) тартиб дода шуд;

Коркарди маълумоти сейсмикии пойгоҳи «Симиганҷ» оид ба заминҷунбиҳои минтақаи Душанбе-Вахш аз рӯи барномаи SeiscomP3 бо истифодабарии маълумот аз шабакаҳои байналмилалии сейсмологӣ Обнинск, Геофон, Қазоқистон дар давраи аз 1 январ то 15 марти соли 2022 гузаронида шудааст. Дар маҷмуъ 728 заминҷунбӣ таҳлил карда шудааст.

Дар самти омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика вва экология:

Мутобиқи нақшаи «Истифодаи маҷмаавӣ ва ҳифзи захираҳои обу замини ҳавзаи баҳри Арал», барои Тоҷикистон (бахши «Рушди мелиоративӣ ва хоҷагии об», 1990), нишондиҳандаҳои техникии обёрӣ ҳисобшуда (1989) ва ояндадор (2010) дар ҳавзаи дарёи Зарафшон муайян карда шуданд. Таҳлил нишон дод, ки нишондиҳандаҳои имрӯзаи обёрӣ бо сатҳи соли 1990 тавсиф карда мешаванд, зеро дар солҳои 1990-2020 ягон кори дахлдор гузаронида нашудааст. Нишондиҳандаҳои асосии техникии системаҳои обёрии дараҷаи ҳисобӣ: заминҳои обӣ – 24,569 ҳазор га; усули худобтаъминкунӣ – 24,569 ҳазор га; Дарозии каналҳои магист-ралӣ ва байнихоҷагӣ 181,86 км; Дарозии хоси шабакаи байнихоҷагӣ – 7,07 м/га; Дарозии шабакаи обёрии дохилихоҷагӣ – 1835,23 км; Дарозии хоси шабакаи обёрии дохилихоҷагӣ – 71,35 м/га. Муқаррар карда шудааст, ки талабот ба об 334,7 млн. м3-ро ташкил медиҳад; Ҳавзаи хоси обғункунӣ – 13014 м3/га; Меъёри обёрии соф – 7548 м3/га;

Баҳодиҳии НБО-и хурди фаъолияткунанда дар ҳавзаи дарёи Зарафшон оварда шудааст. Муайян карда шуд, ки барои водии Зараф-шон масъалаҳои истифодаи захираҳои энергетикии системаҳои ирри-гатсионӣ, ки иншоотҳои гуногуни гидротехникӣ, аз ҷумла каналҳои хурду калони обёриро дар бар мегиранд, масъалаҳои муҳим мебошанд.

Рушди гидроэнергетикаи хурд дар системаҳои ирригатсионӣ омӯхта, самаранокии онҳо таҳлил карда шуд.

Муқаррар карда шудааст, ки иншоотҳои ирригатсионӣ дар ҳавзаи Зарафшон имконият медиҳанд, ки НБО-ҳои хурд ба таври илова дар як сол зиёда аз 11,4 млн. кВт/соат энергияи электрикӣ истеҳсол намоянд. Барои кам кардани сарбории тобистонаи шабакаҳои мутамарказ аз ҳисоби обёрӣ ва дигар истеъмолкунандагон соле ҳамагӣ 5 моҳ – аз моҳи май то сентябр ба кор андохтани НБО-ҳои хурд пешбинӣ шудааст.

Дар ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ:

Муқаррар карда шуд, ки ба замин ворид намудани суперфосфати аз маъдани фосфордори кони Риват ҳосил карда шуда (миқдори Р2О5 13-18%) ба нишондиҳандаҳои физиологӣ ва ба сифати нахи пахта таъсири мусбӣ мерасонад. Ташхиси сифати нахи пахта нишон дод, ки ҳангоми ворид намудани нуриҳои фосфордор баромади нахи пахтаи миёнанахи навъи Шавкат-80 то 2% ва дарозии нахи он 1 мм зиёд мегардад.

Муайян карда шуд, ки генотипҳои картошкаи ба шӯрӣ устувор нишондиҳандаҳои баланди нигоҳдории об ва супероксиддисмутазҳои фаъолро доро мебошад, ки онҳоро ҳамчун аломатҳои озмунии генотипҳои ба таъсири омилҳои экстремалии муҳит тобовар тавсия кардан мумкин аст.

Ошкор карда шуд, ки дар таркиби дони ҷуворимаккаи намунаи хитоӣ миқдори крахмал нисбат ба навъи Шараф зиёдтар аст. Ин имкон медиҳад, ки намунаҳои ҷуворимаккаи таҳқиқшуда барои корҳои селексионӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани навъҳои дорои миқдори зиёди крахмал ё сафеда тавсия дода шаванд.

Дар соҳаизоологиявапаразитология:

Барои фаунаи Тоҷикистон як намуди нави шапалак - шапалаки сафеди ирландӣ (Leptidea juvernica) ва 3 намуди ҳашароти зараррасони инвазивии дарахтони мевадиҳанда ва сабзавот - кӯяи помидор, кӯяи картошка ва мевахӯраки шарқӣ ошкор карда шуд. Маълумот оид ба мавҷудияти ҳашароти инвазивӣ ба Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ барои андешидани чораҳои таъҷилӣ пешниҳод карда шуд.

Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки дар обанборҳои Тоҷикистони Ҷанубию Ғарбӣ зери таъсири омилҳои антропогенӣ тағйиротҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд. Муқаррар карда шуд, ки суръати афзоиши моҳиҳои обанбори Сангтуда-1 хеле суст буда, ба шароити камғизо будани обанбор вобаста аст. Миқдоран дар ин обанбор аз ҳама зиёд ширмоҳӣ сайд карда мешавад. Шумораи моҳии храмуляи самарқандӣ ва моҳии тезшинои рах-рах дар обанбор сол аз сол маҳдуд гардида истодааст.

Дар соҳаитаърихвабостоншиносӣ:

Барои ҷилди аввали «Таърихи Тоҷикистони шӯравӣ» (иборат аз ду ҷилд), ки «Тоҷикистон дар солҳои 1917-1941» ном дорад, ҷамъоварии маводи илмию таҳлилӣ ва навиштани бахшҳои алоҳида идома дода шуданд. Таърихи давраи зикршудаи ҷумҳурӣ аз диди комилан нав ва бо истифода аз сарчашмаҳои тоза таҳия мешавад.

Аз ҷониби бостоншиносон бо иштироки марказҳо ва мутахассисони хориҷӣ оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик ҳафриётҳо гузаронида шуданд. Дар самти бостоншиносӣ баробари экспедитсияҳои зиёд мутахассисони институт дар барномаи байналмилалии THOCA баробари олимони Россия, Дания, Норвегия, Португалия оид ба омӯзиши таърих ва геологияи роҳҳои асосии паҳншавии нахустин одамон дар давраи палеолит ширкат намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Лоиҳа то соли 2024 идома дорад. Вале аввалин натиҷаҳои он дар самти омӯзиши таърихи қадимтарини кишвар ва минтақа хеле ҷолиб мебошанд. То имрӯз, ҳангоми гузаронидани ҳафриёт аз қабатҳои 5-6 уми палеолитӣ, ки тақрибан 500- 600 ҳазор сол таърих доранд, 1215 адад олоти меҳнат ва маводи гуногуни палеоантологӣ, 65 адад устухонпораҳо ва ду дандони ҳайвонот пайдо гардид.

Дар соҳаи фалсафа:

Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки ақоиди байналмилалӣ-ҳуқуқии олимони барҷастаи Осиёи Марказӣ, ба мисли Хоҷа Самандари Тирмизӣ (асри XVII) ва Аҳмади Дониш (асри XIX) ба рушди ҳуқуқи робитаҳои беруна таъсири назаррас расонидаанд. Ба хусус, талабот нисбат ба шахсияти сафир дар «Дастур-ул-мулук»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва «Сафар аз Бухоро ба Петербург»-и Аҳмади Дониш дар тарбия ва ҷобаҷогузории сафирон то имрӯз аҳамияти назариявӣ ва амалии хешро гум накардаанд.

Ҷилди 8-уми Осори Абуалӣ ибни Сино ба забони русӣ (Абу Али ибн Сина. Сочинение. Т.8, асарҳои «Чтение о природе», «Вселенная и мир», «Действие и противодействие»,750 с.) ба чоп супорида шуд; мақолаи чаҳоруми китоби «Ҳайъат»-и «Китобу-ш-шифо»-и Ибни Сино аз арабӣ ба русӣ тарҷума карда шуд; бахши риёзӣ ё математикаи «Китоб уш-шифо» ва мақолаи панҷуми китоби «Ҳайъат»-и «Китобу-ш-шифо»-и Абуалӣ ибни Сино аз арабӣ ба русӣ тарҷума карда шуданд.

Дар соҳаи забон ва адабиёт:

Тасҳеҳ, ҳамгунсозӣ ва таҳрири ҳарфҳои ҷилдҳои 3-6-и «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» омода шуда, такмили дубораи фарҳанг аз адибони муосир тавассути шабакаи интернетӣ, фонди электронии шуъба дар арафаи анҷомёбист. Такмил, тасҳеҳ, ҳамгунсозӣ ва таҳрири ҳарфҳои ҷ.2-и «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» дар арафаи анҷомёбист. Дар давраи ҳисоботӣ ҷилди 2 (ҳарфи Б)-и «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар ҳаҷми 710 с. ба табъ расид.

Масъалаи ташреҳи этимологии номҳои ҷуғрофии Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 номгӯй барои Фарҳанги топонимии Бадахшон анҷом дода шуда, маънои бунёдӣ ва таҳаввулоти номҳо дар таъсири забонҳои дигар муайян карда шуд. Корҳои ташреҳӣ оид ба Фарҳанги фразеологӣ идома дошта, бо маводи нав пурра гардид (ҳарфи А). Таҳаввули маъноии ҷузъҳои гуногуни номҳо дар раванди корбурди номҳо муайян карда шуд. Зимни таҳлилҳои баъдина дар ин самт таҳқиқоти «Пайдоиши номи деҳаи водии Хуф» анҷом дода шуд.

Дар соҳаииқтисодиёт:

Дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи ватанӣ бо мақсади такмили ташкили бозори фармасевтӣ мушкилоти иқтисодии ин раванд муайян гардида, зимни омӯзиши он маълум гардид, ки раванди ислоҳоти соҳаи тандурустии фармасевтӣ, тамоюли рушди бозор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби паст будани қобилияти пардохт, баланд шудани нархи маводи доруворӣ эҳтиёҷоти потенсиалии аҳолиро қонеъ намегардонад. Бо афзоиши шумораи аҳолии ҷумҳурӣ вобастагии муҳити зист ба афзоиши бемориҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, бозори хизматрасонии фармасевтӣ ба истеҳсоли доруҳои алоҳида нигаронида нашудааст.

Дар анҷоми ҷаласа мукофотҳои вазоратҳо ва дигармуассисаҳо ба кормандони илмии АМИТ ва диплому ҷоизаҳои АМИТ барои олимони беҳтарин тақдим гардиданд.

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан