ТАБРИКОТИ СОЛИНАВИИ РАИСИ КИИ "ХИРАДМАНДОН"-И ҲХДТ ДАР АМИТ, АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ
Масъулияти бузурги ҳизбӣ айни замон пайдо кардани мавқеъ новобаста аз позитсияи дигарон мебошад. Яке аз масоили баҳспазир ва мавриди баррасӣ пазируфтани Соли нави мелодӣ буда, маҳз бо дарназардошти матраҳшавии омилҳои динӣ дар фарҳангҳо ва тамаддунҳо андешаи ину он бобати Соли нав пайдо шудааст ва бархурдҳо низ дар заминаи ҷаҳонбинии динӣ ба вуқуъ пайвастаанд. Аммо тибқи ҷаҳонбинии илмӣ ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ, ки дар онҳо зиёдаравӣ мушоҳида кам мешавад, ё худ ҷашнҳои диние, ки бо гузашти айём вижагиҳои мазҳабии хешро гум кардааст, ба истиқбол шоиста мебошанд. Аз қабили ин гуна ҷашнҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамон Соли нав аст, ки дар фарҳанги миллӣ чун Рӯзи нав баррасӣ мегардад.
Омили дигари ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз вижагиҳои фарҳангӣ мебошад, ки дар онҳо таассуб вуҷуд надорад ва чун таассуб дар ҷашне пайдо нест, месазад моро аз он пазироӣ кунем.
Омили савум дар мусоидат бо Соли нави мелодӣ муосирият буда, тахассусоти он аз ҳар шахси ба илм рӯ оварда талаб менамояд, ки андешаро тибқи вижагиҳои интиқодии он матраҳ созем.
Инак, соле куҳнаву соле дигар нав ва бинобар чунин дигаргуниҳо ба кормандони илмии муассисаҳои илмӣ бурдбориҳо ва фаъолияти густурда дар пажӯҳиши илм таманно дорам. Гузашта аз ин, ба ҳайси Раиси КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар АМИТ аъзои ҳизбро дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва навоҳии он бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, дар фаъолияти сиёсии ҳар нафари онҳо муваффақиятҳои камназир орзу дорам.
Бигзор орзуҳои некатон бобати ободии Ватани азизамон дар соли нави 2023 ҷомаи амал пӯшад.