joomla
free templates joomla

НАҚШИ ТАШАББУСКОРОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶОМЕАИ РӮ БА ИНКИШОФ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛӢ

   Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари рӯниҳода ба рушд дар асли стратегии хеш ба обу неруи барқ печида аст. Шояд дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон агар имкони ҷумҳурии моро медоштанд, бешубҳа пиряхҳоро аз зумраи нодиртарин ганҷи давлатӣ баррасӣ менамуданд ва ҷиҳати ҳифзи онҳо талош меварзиданд. Аммо пирях ва соири захираҳои обии минтақа, ки ғолибан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, ба обшавӣ майл намуда, тағйирёбии иқлим онҳоро водор сохтааст, ки шакл иваз намоянд. Бо вуҷуди ин, об манбаи аслии табиат ва ҳатто ҳар навъи ниҳодҳои биолужӣ боқӣ мемонанд. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қатъномаи ҳифзи пиряхҳо ва истиқболи он аз ҷониби СММ далели бебаҳс аст, ки минбаъд ҷомеаи башарӣ бештар ба буҳрони обӣ гирифтор хоҳад буд. Дар ин маврид, мақолаи академик Фарҳод Раҳимиро таҳти унвони "Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо наҷоти оламиён аст", барои мутолеа тавсеа менамоем. Дар ин нигоштаи муаллиф, мо пажӯҳишеро ошкор мекунем, ки ба таблиғ ӣҳеҷ монандӣ надорад ва асли масъаларо изҳор намудааст. Барои мисол, ба ин далоил мутаваҷҷеҳ бошед: "Феълан зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тоза мушкилӣ мекашанд ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳамарӯза бино ба нарасидани оби тоза дар курраи Замин аз 800 то 1000 нафар кӯдаки то 5-сола мефавтад. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряхҳо тағйирёбии иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин, бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, махсусан, дар кишоварзӣ (то 78% оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст". Таҳлили мазкур суолеро матраҳ мекунад, ки магар кам кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ ҳаст? Ё худ раванди тағйирёбии иқлимро метавон пешгирӣ намуд? Ҳамагон медонанд, ки кишоварзӣ дар минтақа аз самтҳои асосии фаъолият маҳсуб мешавад ва ягона кам кардани андозаи он саноат ва ба роҳ мондани истеҳсолот маҳсуб мешавад. Ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлим бошад, баръакс кам кардани истеҳсоли мавод дар саноати вазнин аст ва агар омили аввал ба кишварҳо ва ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф тааллуқ дошта бошад, омили дувум ба ҷомеаҳои рушдкарда нисбат дода мешавад. Ба ибораи дигар, имкони саҳмгузории ҳар фарде аз ҷомеаҳои зикршуда дар ҳифзи пиряхҳо ва кам кардани раванди обшавии онҳо вуҷуд дорад. Фарҳод Раҳимӣ, ки дараҷаи илмии академикиро соҳиб аст ва тибқи ихтисос дар улуми риёзӣ мутахассис мебошад, дар нигоштаи хеш мутмаин аст, ки нақши Пешвои миллати тоҷикон дар баррасии масоили сатҳи ҷаҳонӣ беандоза бузург мебошад ва бояд инчунин ташаббусоти калидӣ дар умури сиёсӣ ҳамаҷониба муаррифӣ шуда, илман матраҳ гардад. Дар воқеъ, ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани истеҳсоли барқ ба яке аз ормонҳои асосии давлатӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҳануз дар оғози даҳсолаи 90-уми садаи гузашта моро водор карда буд ангушти ҳайрат газем, аммо алҳол ин ташаббуси Сарвари давлат ҳамаро ба хеш мутаваҷҷеҳ сохтааст. Академик Фарҳод Раҳимӣ низ ташаббуси навбатии Пешвои миллатро чунин шарҳ додааст: "Бояд зикр намуд, ки ташаббуси навбатӣ аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдомҳо ҳамчун ташаббуси НОДИР арзёбӣ мегардад. Чунки дар қатори эълон гардидани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо", инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳамасола дар сартосари олам санаи 21 март - "Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ҷашн гирифта мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид Фонди махсус таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли 2025 дар пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор ихоҳад шуд".
   Лозим ба ёдоварист, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул шудани он аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳонӣ моро ҳушдор месозад, ки табиат бинобар мушкилиҳои хеш дар тафаккури мо нақш мегузорад ва ивазшавии иқлим низ гувоҳ бар он аст, ки инсон чун мавҷуди табиӣ ҳамеша дар тағйирхӯрӣ қарор дорад. Бинобар ин, мо аз афроде ҷонибдорӣ хоҳем кард, ки фикри хешро дар пояи далоили саҳеҳ изҳор менамоянд...

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан