joomla
free templates joomla

ДОНИШМАНДИ КАМНАЗИР

   Ё ба истиқболи 93 – юмин солгарди ба дунё омадани М. Назаршоев (17 декабри соли 1929-10 марти соли 1994)
   Моёншо Назаршоев аз рӯзҳои аввали фаъолияти корӣ то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ марому матлаби зиндагиро танҳо дар хизмати халқу ватан медонист. Барои мавсуф ҳамчунин омӯзгорӣ аз касбҳои муқаддас ба ҳисоб мерафт. Зеро ки омӯзгори ҳақиқӣ аз назари ӯ танҳо донишомӯз набуда, балки мурабии шахсиятҳои сазовори давру замонҳо аст ва ӯ бояд шогирдонеро ба камол расонад, ки дар пешбурди ҳаёти ҷомеа саҳмгузор гузоранд.
Бо дар назардошти хизматҳои шоистаи М. Назаршоев ҳамчун олим, омўзгор, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи илм, фарҳанг ва маорифи ҷумҳурӣ Шурои вазирони Ҷумхурии Тоҷикистон аз 17.10.1994 № 495 Қарорро оид ба номгузории ДДХ ба номи М. Назаршоев қабул намуду он якдилона пазируфта шуд. Хизматҳои Моёншо Назаршоев ҳамчун роҳбари вилоят дар инкишофи соҳаи маориф, илм ва фарҳанг низ хело калонанд. Вай ҳамчун сарвар – олим кушиш бар он дошт, ки дар Бадахшон низ як маркази илмие таъсис ёбад. Бо дастгирии ӯ соли 1969 дар базаи Боғи ботаникии Помир институти биологӣ ташкил шуд, ки барои минбаъд инкишоф ёфтани тадқиқотҳои илмӣ дар Помир заминаи мустаҳкам гузошт. Ҳоло дар ин маркази илмӣ олимони зиёде ба воя расидаанд, ки дар инкишофи илми ҳаётшиносӣ дар Бадахшон саҳми босазое доранд. Сар шудани сиёсати бозсозӣ дар ҷомеаи Шуравӣ аз нимаи дуюми солҳои 80-ум раванди демократикунонии ҷомеаро тезонид. Ба вуҷуд омадану ташаккул ёфтани системаи биёрҳизбӣ, аз сари нав ба арсаи сиёсат ворид шудани ингуна шахсон гардид. Ва аз ин солҳо баъди 20 соли фаъолият дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давраи дуюми иштироки фаъолонаи М. Назаршоев ҳамчун ходими сиёсию давлатӣ сар мешавад. Соли 1990 пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, қувват гирифтани ихтилофи иҷтимоӣ, ки ба бесуботии тамоми сохторҳои ҳокимият сабаб гардиданд ва аз авали соли 1990 вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро ҳам мураккаб гардонид. Сар шудани ҷанги бародаркушӣ ба сари мардуми ҷумҳурӣ бадбахтиҳои зиёде овард. Ҳамчун ходими сиёсӣ ва давлатӣ ӯ хуб дарк мекард, ки роҳи ягонаи ҳалли зиддиятҳо ва баргардонидани сулҳ ба Тоҷикистон ин роҳи сиёсат аст. Ӯ яке аз ҷонибдорони ташкил намудани гуфтушунид бо нерӯҳои мухолифин буд. Тамоми ҳаёту фаъолияти ин марди ҳақиқатҷӯ ба он нигаронида шуда буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус Бадахшон ҳарчӣ зудтар аз бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ бароварда шавад. Моёншо Назаршоев ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар карда, ба ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум аз наздик ошно мегардид ва онҳоро ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Моёншо Назаршоев моҳи феврали соли 1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Вазифаи нав дар Ҳукумат аз ӯ масъулияти дучандро талаб мекард. Беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, олӣ, зиёд намудани маоши коркунон ва кормандони муассисаҳои табобатию фарҳангӣ ва ғайраҳо ҳадафи ҳаррӯзаи фаъолияташ қарор мегиранд.
Баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси Шурои Олӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович аз ҷониби Раиси Кумитаи илму маориф ва сиёсати ҷавонон Моёншо Назаршоев дар Сессияи Шурои Олии ҶТ 27 декабри соли 1993 Қонун дар бораи маориф қабул гардид.
Рӯҳатон шоду манзили охирататон обод бошад, устоди гиромӣ!
Ширин Қурбонова,
муҳаққиқ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан