joomla
free templates joomla

КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 бинобар фарорасии Рӯзи кормандони амният дар санаи 20-уми декабр ҳамаи посдорони Миллату Меҳанро табрик гуфта, ҷиҳати ошноӣ бо вижагиҳои давлатдорӣ мақолае бобати пойтахт ва махсусиятҳои дарки фаъолияти сиёсӣ, ки ба афкори узви вобастаки АМИТ С. С. Ятимов тааллуқ дорад, пешниҳод менамоем. Инак он мақола:
ГАҲВОРАИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТ
   Мулоҳиза бобати макони густариш ва тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангии дилхоҳ миллате, ки вижагиҳои фарҳангии онҳо бо тамаддуни ақвоми бадавӣ мухолифат доранд, ё чандин нукта дар ҳошияи мақолоти доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов дар бораи пойтахт – оинаи суботи мамлакат.
Қалб дар осор ва сангнабиштаҳои аҳди бостон баррасӣ шуда, омили мартаба ва нуфузи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии рушди башарро бо дарназардошти таҳияи марказ ҷиҳати аз лиҳози сиёсӣ идора намудани дилхоҳ ҷомеа инъикос мекунанд. Дар замони муосир бошад, таваҷҷуҳ ба марказ ва рӯоварии аксар шаҳрвандони кишварҳо ба пойтахт аз вижагиҳои густариши ҳувияти фарҳангӣ шаҳодат медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки замони постмодерн бинобар кӯчиши ҳангуфти аҳолӣ аз рустоҳо ба пойтахти давлатҳо муаррифӣ шуда, вижагиҳои ҳувияти фарҳангии миллатҳои муосирро ошкор месозад. Ба ибораи дигар муҳоҷирати аҳолӣ аз як мавзеъ ба мавзеи дигар ва хосатан аз русто ба шаҳр натиҷаи раванди тағйирёбии ҳувияти фарҳангист, ки дар навбати аввал вижагиҳои диалектикиро дар бар мегирад. Агар ин раванд боиси густариши ҳувияти фарҳангӣ намебуд, дар ҳеҷ сурат ҷомеашиноси машҳури амрикоӣ С. Ҳантингтон макони густариши ҳувиятҳоро ба шаҳр ва муҳити шаҳрӣ мансуб намедонист. Постмодерн тавассути раванде муаррифӣ мешавад, ки хусусияти аслии он ҳиҷрат аст ва сафарномаҳое, ки ниёкони мо, тоҷикон ҳазор сол муқаддам офаридаанд, ҳамин вижагиҳои ҳувияти фарҳангии дилхоҳ миллату кишвареро инъикос намудаанд. Ин натиҷа паҳлуи якҷонибаи масъала аст, аммо паҳлуи дигари масоилро бархурд ва баҳамоии тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар бар мегиранд. Бо навъи дигари ҳунари суханварӣ ин хусусиятро метавон ҷаҳонсозӣ гуфт, ки муосирин онро раванди ҷаҳонишавӣ муаррифӣ мекунанд. Инсон, ки дар муҳити русто ва шаҳр маскун мебошад, тибқи қонунҳои муҳит аз фарҳанг ва тамаддун бархурдор аст ва чун миллатҳое, ки аз фарҳангу тамаддунҳои миллӣ маҳрум мондаанд, ночор ба фарҳанграбоӣ муроҷиат мекунанд. Агар муҳити шаҳру русторо муқоиса кунем, дер ё зуд дармеёбем, ки дар он фарҳанги ғолиб маҳз он фарҳанге маҳсуб мешавад, ки дар шаҳр густариш ёфтааст. Ё худ рустоии бофарҳанг ба шаҳр ворид шуда, баъзан ба баъзе вижагиҳои он бархурд мекунад. Пас ба ин масъала диққат диҳед, ки шаҳрҳои асримиёнагӣ макони синтезу баҳамоии фарҳангҳо ва гуфтугӯйи тамаддунҳо будаанд, яъне ҷаҳонишавӣ чун падидаи иҷтимоӣ баробар бо пайдоиши нахусттамаддуни башар зуҳур карда, бо мурури замон тақвият ёфтааст. Ҷомеашинос Саймумин Ятимов ин хусусиятро дар китобе, ки ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ихтисос додааст, аз инкишофи табии ҷомеа ном мебарад ва зимни баррасии ин масъала зикр менамояд, ки: “Соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад. Ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он — забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст. Миллат зуҳуроти сирф диалектикист. Давраҳои пайдоиш, рушд ва камолот дорад. Инкишофи миллатҳо аз хосияти этникӣ, характер, анъана, урфу одат, рӯҳ ва мафкураи миллӣ, захираҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, релйеф, таносуб ва муносибатҳои геополитикӣ вобаста мебошад” .
Ҳувияти фарҳангӣ тибқи баҳогузории муосир сатҳи олии шинохти вижагиҳои фарҳангӣ аст, ки бо номи шумо мавриди таҳқиқ ва пажӯҳиши илмӣ қарор мегирад. Бинобар ин, чун мо ба таҳлили муҳити шаҳрнишинӣ иқдом мекунем, хоҳ-нохоҳ он анъана ва хосиятҳои хоси фарҳанги ориёии мансуб ба гузаштагонамон пеши назар меоянд, ки на фақат барои мо, балки барои дигарон низ мояи фарҳангсолорӣ гардидаанд. Ҷомеашиносон ҳануз дар замони Шӯравӣ ин ақидаро иброз доштаанд, ки шаҳри Душанбе осорхонаи таърихи аҳди бостон буда, ҳануз дар асри XVIII барои сокинонаш чандин тамаддун ва фарҳангҳои мухталиф омехта шудаанд, чунки дар миёни афроде, ки дар Душанбе он айём сукно доштанд, ғайр аз муслимин, пайравони яҳудият ва масеҳият низ будаанд ва новобаста аз тафаккур гуфтугӯи онҳо оғоз гардидааст. Душанбе чун маркази маъмурӣ ва аз лиҳози ҳарорат мутобиқ ҷиҳати иқомат ва маскуншавӣ ғайр аз тоҷикони соҳибфарҳанг боз миллали мутамаддинро низ ба худ мутаваҷҷеҳ сохтааст. Ҳануз дар садаи XVIII яҳудиёни Бухоро назди амири манғит арз карданд, ки мехоҳанд ғайр аз маркази Аморат, боз дар мавзеи Душанбе бобати раҳли иқоматгузинии абадӣ иҷозат бигиранд. Он овон дар ин мавзеъ, ки дар манобеъи русӣ "Бухорои Шарқӣ" номгузорӣ шудааст, масеҳиён низ сукунат доштанд ва коршиносони Русияи подшоҳӣ, ки ғолибан, яҳудитабор буданд, ин маконро беҳтарин ва мусоидтарин пиндошта, азм намуданд то мавзеи мазкурро аз марказҳои асосии имперотурии Русия дар Ховари Марказӣ табдил диҳанд. Чунонки С. Ятимов дар китоби зикршуда қайд мекунад, пойтахт ҷойи рушд кардани касбомӯзӣ ва камол ёфтани шахсиятҳо буда, ба фарди ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки худогоҳии миллии хешро такмил диҳад: “...бояд эътироф намуд, ки элитаи сиёсӣ, илмӣ ва беҳтарин мутахассисони миллӣ дар пойтахт касб омӯхтаанд. Кишварро рушду нумуъ бахшидаанд. Ва ҳоло онро сарварӣ мекунанд... ҳар иқдоме, ки аз пойтахт, аз шаҳри Душанбе бармеояд, ташаббуси давлатмардонест, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро маҳз ба онҳо бовар кардааст”.
Муҳаққиқони муосир ғолибан ба назми Рӯдакӣ ҷиҳати иштиёқи амир ба Бухоро иктифо карда, ин тасвири шоири бузургро то кунун дар ҳар шакле изҳор менамоянд. Воқеан, ғазали мазкур, ки матлаи аввали он “Бӯйи ҷӯйи Муллиён” аст, вижагиҳои ташаккули ҳувияти фарҳангиро моҳирона ба қалам оварда, дар мисоли амир исбот мекунад, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва фарҳангофаринӣ эҳтироми мавзеъест, ки он ҷо давлат идора карда мешавад.
Саймумин Ятимов дар мақолае, ки “Пойтахт – оинаи суботи мамлакат” унвонгузорӣ шудааст, бобати мартабаи маркази давлат чунин мегӯяд: “Пойтахти давлат – гаҳвораи тақдири миллат аст. Он таҳаввулоти инқилобие, ки дар навсозии шаҳр, мисли ҷаҳони нав дида мешавад, мебояд дар ботини сокинони пойтахт, махсусан, ҷавонон, дидгоҳ ва ҷаҳонбинии нав тавлид намояд”.
Лозим ба ёдоварист, ки зимни пажӯҳиши илмӣ бобати нахустин шарти давлатсозӣ дар таҳияи марказ ҷомеашиносон бисёр навиштаанд, аммо ин нукта бебаҳс аст, ки маҳз пойтахти кишвар густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаро таъин менамояд ва барои тақвият пазируфтани вижагиҳои он мусоидат мекунад.
Ширин ҚУРБОНОВА,
муҳаққиқ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан