joomla
free templates joomla

ДУШАНБЕ ШАҲРЕСТ НУҲУФТА ДАР КӮҲУ МЕҲР

Возможно, это изображение 1 человек
      Миёни кӯҳҳои сарбафалаку сарсабз боғшаҳри зебову дилкаше дар баландии 820 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин шаҳр Душанбе ном дорад ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Душанбеи азизи мо хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон аст ва таърихи қадимаеро соҳиб мебошад. Бозёфтҳои гаронбаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳануз 2300 сол қабл дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри зебои Душанбе гузаштагони мо зиндагӣ мекарданд. Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон навбудёд буда, номи он чун маҳал бори аввал дар дастхатҳои охири асри XVII зикр гардида, номи яке аз рӯзҳои ҳафтаро ба хеш касб намудааст. Мутобиқ ба гуфтаҳои бостоншиноси рус Ранов, шаҳри Душанбе таърихи аҳди бостонро шомил буда, аз ҳудуди имрӯзаи он маводи асри биринҷии таърихи башар дастрас шудааст. Бинобар ин, агар лаҳзае аз шаҳр канорагирӣ кунед, меҳри он ва қабл аз ҳама табиати ба зиндагӣ мусоид шуморо боз ба пойтахт меорад.
      Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мақолае бо унвони “Пойтахти Тоҷикистон ва шуҳрати ҷаҳонии он”, ки дар силсиламақолаҳои бахшидашуда ба шаҳри Душанбе бо номи “Душанбе – қалби Тоҷикистон” интишор ёфтааст, ҷиҳати вижагиҳои аслии маркази давлат менависад: “Пойтахт рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол ва баёнгари миллат ва фарҳанги он аст. Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду тавсеаи давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он таъсири бевосита ва нақши асосӣ дорад”. Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки пойтахт макони интеллектҳост, мавзеъе дониста мешавад, ки он ҷо асоситарин афроди таҳиякунандаи ормонҳои миллӣ иқомат ва фаъолият менамоянд. Гузашта аз ин, дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе воқеан ба мавзеъе табдил ёфт, ки мушаххастарин нишастҳову ҷаласаҳои сарнавиштсози сатҳи байналмилалӣ дар биноҳои навсозаш мисли Кохи Наврӯз, Кохи Сомон, майдони Истиқлол ва амсолашон баргузор мегарданд. Беҳуда нест, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 бо дарназардошти ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар радифи шаҳрҳои бузурги дунё ба мукофоти олии Созмони милали муттаҳид-ҷоизаи Шаҳри сулҳи ЮНЕСКО сарфароз гардид.
      Дигар самти асосии шаҳрҳои бузург ҷалби сайёҳону меҳмонон аз гӯшаву канори сайёраамон маҳсуб мешавад ва Душанбе чун шаҳр бинобар рушди ҳангуфте таваҷҷуҳи хурду бузургро дар сатҳи ҷаҳони имрӯза ба худ кашид. Дар ин маврид муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мақолае таҳти унвони “Пойтахти Тоҷикистон ва шуҳрати ҷаҳонии он” чунин менависад: “Имрӯз шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо, Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ буда, бо даҳҳо шаҳрҳои кишварҳои олам муносибатҳои дӯстонаву бародарона барқарор намудааст”. Дар воқеъ, чунонки Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор қайд кардааст, шаҳри Душанбе ҳануз 8 сентябри соли 2018 ба феҳристи шаҳрҳои ҷаҳонии туристӣ ворид гардида, 4 октябри соли 2019 аз ҷониби “Турстат-Россия шаҳри амнтарин барои сайёҳат дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон ёфтааст. Ҳамчунин, шаҳри Душанбе соли 2021 пойтахти фарҳангии ИДМ муқаррар гардида буд. Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор саҳми аъзои ҲХДТ-ро ҷиҳати ободкорӣ дар пойтахт таъкид намуда, дар хулосаи хеш чунин менигорад: “Яке аз иқдомҳои шоистаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир, тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ ҷалб намудани сокинони пойтахт аст”. Гузашта аз ин, муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор ба масъалаи иртиботи ҳизбиён ва нақши онҳо дар системи тағйироти гуногуни ободсозии пойтахт иктифо намуда, чунин хулосаро таъкид менамояд: “Дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому ташаббусҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди пойтахт баръало намоён гардида, шаҳри азизамон рӯз то рӯз зебову дилоротар мегардад”. Ҳамчунин, Азизӣ Абдуҷаббор хеле хуб дарк мекунад, ки дар шаҳрсозию шаҳрнишинӣ фарҳанге бояд тавлид гардад, ки хидмати шаҳрро чун маркази иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ танзим намояд. Бинобар ин, номбурда дар идомаи таҳлилҳояш қайд менамояд: “Таҷрибаи ҷаҳонии шаҳрдорӣ нишон медиҳад, ки ҳар як сокини пойтахт бояд фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ дошта бошад. Вобаста ба ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути сохторҳои худ дар шаҳр ва ноҳияҳои он ҳамчунин вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳо ва пойтахт бо мардум пайваста машварату мулоқотҳо баргузор менамояд”.
       Дар замони муосир шаҳрҳо ҷойи ба фаъолиятҳои гуногун машғулгардии инсонҳо арзёбӣ шуда, бидуни гуфтугӯ аксар шахсоне, ки дар деҳот истиқомат мекунанд, барои боз ҳам дар сатҳи васетар фаъол гардидан ба шаҳрҳо меоянд ва он ҷо маскун мегарданд. Аз ҳамин хотир, пойтахтҳо дар баробари сокинони хеш боз гурӯҳи азими иқоматкунандагонро фаро гирифта, онҳоро ҷиҳати ободшавӣ раҳнамун месозад. Яке аз омилҳои шаҳрнишинӣ ва вижагиҳои сукунат дар шаҳр қабл аз ҳама масъулият аст, аммо шаҳрҳои муосир бо мо барои аксар ҳамватанони мо чун муаммо боқӣ мемонад, дар ҳоле ки шаҳрнишин бояд шаҳри хешро ба мисли хонаи иқоматии худ дониста, дар ҷараёни рушд ва тараққии маънавии сокинонаш масъул бошад ва нагузорад, ки тартиби пешрафт ва шаҳрсозӣ меъёрҳои ҷаҳонии стандартиро убур кунанд. Сокини пойтахт аз ҳар навсозие, ки дар шаҳраш эҷод мегардад, хушнуд аст ва меболад, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс бо дигар марказҳову пойтахтҳо аз лиҳози ҷавобгӯ будан бо меъёрҳои мухталифи дахлдошта ба шаҳр бартарӣ дошта, торафт ин бартариро сайқал медиҳад. Мушкил дар рушд аст, чунки ибтикор ҷиҳати таъмини пешрафти маънавии сокинон то кунун идома дорад ва ҳануз ҳам ҳастанд афроде, ки шаҳрро ҷиҳати номусоид будан ба зисти хонаводагӣ мазаммат менамоянд, аммо зистан дар шаҳр имкони ҳамагон нест ва онҳое, ки дар шаҳр маскун ҳастанд, бояд шароит ва имконотро дуруст истифода бинмоянд. Ба қавли Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, пойтахт ҳатто номаш маҳбубияте дорад, ки дар дигар ва ғайри он мушоҳида намешавад.
Ширин Қурбонова,
муовини КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан