joomla
free templates joomla

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмии шуъбаҳои зерини Институт озмун эълон менамояд:

  Муовини директор оид ба илм ва таълим – 1 ҷой, аз ҳисоби довталабони соҳибунвон.
Котиби илмии Институт – 1 ҷой, аз ҳисоби довталабони соҳибунвон.
Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи таърихи фалсафа: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 4 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 4 ҷой.
Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 2 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой.
Шуъбаи фалсафаи фарҳанг: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи сотсиология: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.
Маркази синошиносӣ: мудири марказ – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 4 ҷой; ходими калони илмӣ – 3 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи сиёсатшиносӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 2 ҷой.
Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой; ходими калони илмӣ – 4 ҷой; ходими хурди илмӣ – 5 ҷой.
Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 3 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 2 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.
Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 2 ҷой; ходими пешбари илмӣ –1 ҷой.
Талабот барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмӣ:
- барои ишғоли вазифаи мудири шуъба, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими калони илмӣ доштани дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат ё номзади илм, доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
- барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
- на камтар аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- доштани корҳои нашршудаи илмӣ вобаста ба самти фаъолияти шуъба.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба унвонии директори Институт;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- 4 дона расми андозаи 3х4;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ;
- нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- нусхаи гувоҳномаи РИС (СИН).
Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ИФСҲ АМИТ утоқи №2.
Тел: (+ 992) 221 56 89; (+ 992) 221 77 96; e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз баъди нашри эълон.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан