joomla
free templates joomla

Мушкилоти тоза намудани газҳои партовгоҳҳо...

         Дирӯз (30.11.2022) бо ибтикори кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ семинари илмӣ-методологии навбатӣ дар мавзуи "Мушкилоти тоза намудани газҳои партовгоҳҳо ва кам намудани ихроҷи газҳои гулухонагӣ" баргузор карда шуд.
       Маърузакунанда Ҳалим Назар мутахассиси соҳаи экология ва физика барои ҷолиб гаштани суханронияш таҷҳизоти ихтироънамудаи худро ба АМИТ оварда, ба таври амалӣ нишон дод, ки чи тавр ҳавои заҳролудро тоза ва зарарарашро кам намуд.
       Муаллиф зикр кард, ихтирои кардаи ӯ барои пешгирӣ намудани гази партовгоҳҳо ва кам намудани ихроҷи газҳои глухонагӣ равона шудааст ва он ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаву ҷаҳон бисёр муҳим мебошад.
      Тоҷикистон, ки дар марҳалаи гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қарор дорад, ба ин гуна ихтироот ниёзи муҳим дорад. Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки ихтироот барои тоза намудани ҳавои дохили нақбҳо, ки дар Тоҷикистон зиёд мебошанд, муҳим аст.
      Семинар дар ҳавои тоза бо ҷалби мутахассисони соҳаи экологияву об сурат гирифта, баҳсҳои ҷолиби илмиро дар пай дошт.
 
 
 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан