joomla
free templates joomla

ХАТЛОН ХУТАЛОНИ БОСТОН АСТ

  2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон ташкил шуд. Маркази маъмурии вилоят шаҳри Бохтар буда, 100 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, дар каронаи рӯди Вахш ҷой гирифта аст.  
   Вилояти Хатлон 17,2 дар сад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти мухтори Кӯҳистони     Бадахшон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо Узбекистон ҳаммарз аст.
    Бино бар саршумори соли 2016, шумораи аҳолии вилояти Хатлон 3 047800 кас буда, ки 35,6 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Вижагиҳои таърихии ин мавзеъ дар аҳди бостон бар будубоши қабоили ориёӣ ва сукунати онҳо гувоҳӣ медиҳад. Тибқи манобеъ, мавзеи мутазаккир макони ориёиҳои шуҷоъ, пархошгар ва мутамаддин баррасӣ шуда, бинобар таҳоҷум ва ихтирокориҳои яфталиҳо (эфталит бо забонҳои аврупоӣ) Хутталон шуруъ аз шаҳрҳои Кӯлобу Бадахшон то Кобули Зобулистон мавзеи яклухте будааст, ки бинобар ҳиҷрати туркони сибирӣ дар садаи савуми солшумории мелодӣ мубориза баҳри ҳимояро алайҳи аҷнабӣ ҳусни оғоз мебахшанд.
Ҳамин гуна ҷасоратро сокинони ин сарзамин зимни истилои аъроб дар садаи ҳафтум нишон дода, бори дигар дар таърих номнавис мегарданд ва суруди мардуми Балх бо матлаи "Аз Хутталон омадияҳ" исботи ин гуфтор аст.
Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» Хутталонро аз навоҳии Балх дониста ва шаҳрҳои онро чунин ном мебарад: Ҳаловард, Ловаканд, Корбанк, Тамлиёт ва Ҳулбук. Вай ин шаҳрҳоро дар шумори Мовароуннаҳр меоварад ва мегӯяд ки «аз Хуттал сутур нек хезад» ва «Хуттал бар канори рӯди Ҷарёб аст» ва «замини Хуттал ободон аст бо кишоварзӣ ва меваи бисёр ва дар миёни Хатлон пуле бар рӯи об сохтаанд, ки сарҳадди Вишгирд аст, ки аз онҷо ба ҳудуди Балх меравад то ба Тирмиз бирасад ва ин рӯд Вахшоб аст, ки аз Туркистон берун ояд ва ба замини Вахш расад ва ин пул дар наздикии кӯҳе дар байни Хатлон баста шудааст».
Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам», «Хутталон ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр».
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст:
Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.
Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Неҳзат ал-қулуб» мегӯяд ки Хуттал «шаҳре бузург буда ва акнун (дар рӯзгори Муставфӣ) хароб аст. Ҳосилаш ғалла ва пунба ва ангур аст».
Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз иқлимҳои Хуросон дар ин сӯйи Ҷайҳун медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ҳамворӣ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро Харбоб ё Ҷарёб гӯянд. Дар Хуттал рӯдҳои бисёр аст, ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд».
Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр» муаррифӣ мекунад ва мегӯяд ки «Хутал аз Чағониён муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.
Ёқути Ҳамавӣ ки ин сарзаминро як – ду сол пеш аз ҳамлаи муғул ба чашми сар дида аст, дар «Мӯъҷам ул-булдон» Хутталро аз минтақаи Мовароуннаҳр медонад ва аз мансубон бад-он Наср ибни Муҳаммад ал-Хатлиро муаррифӣ мекунад ки фақиҳи ҳанафӣ ва шореҳи китоби «ал-Қудури алӣ мазҳаб Аби-Ҳанифа» будааст.
Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба Баҳроми Гӯр (Баҳром (Вараҳрон) аз подшоҳони Сосониён, 420 – 438 м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 - 300 дирҳам зикр кардаанд.
Шаҳрҳои Хуттал ҳама дорои ҷӯйҳо ва дарахтон будаанд ва дар замини ҳамвор қарор доштанд, ҷуз аз шаҳр Сикандара ки дар кӯҳҳо қарор дошт. Роҳи Хуталро ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз» чунин баён мекунад: «... роҳи Хутал ба сӯи Чағониён бад-ин шарҳ аст: аз маъбари Бадахшон воқеъ бар рӯди Харбоб то Мунк шаш манзил ва аз онҷо то Пули Сангӣ ду манзил ва то шаҳри Леваканд ду манзил ва то Ҳаловард як манзил...».

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан