joomla
free templates joomla

"РОҒУН" - МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ!

        Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрўзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон
Возможно, это изображение 2 человека и на открытом воздухе
      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба рушди соҳаи энергетика, бахусус энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне гидроэнергетика ва истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тавре маълум аст, бе истиқлоли энергетикӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ шароит фароҳам овардан ғайриимкон аст. Маҳз ҳамин нуктаро ба инобат гирифта, давлату ҳукумати кишвар дар баробари раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат таъмини истиқлоли энергетикиро яке аз ҳадафҳои бузурги стратегии худ эълон доштааст. Ва ҳамагон хуб огоҳӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ, дар ин масир қадамҳои устувор гузошт ва ба яке аз намунаҳои олии он чанде қабл тамоми ҷомеаи ҷаҳон шоҳид гардид. Ин намуна ва самара сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад, ки заминаи бунёди он ҳанўз аз солҳои собиқ Ҳукумати Шўравӣ оғоз ёфта буд.
        Вале бо сабабҳои зиёду монеаҳои мухталиф ҷараёни сохтмони он хеле тўл кашид ва аз ин рў, НБО Роғун дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба арсаи ифтихори миллии халқи шарифи Тоҷикистон табдил ёфт. Чунки пас аз пош хўрдани собиқ ИҶШС яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ гардид ва мусаллам аст, ки солҳои дароз ин мушкилот аз ҳисоби харидории неруи барқ аз мамолики ҳамсоя ҳалли худро меёфт. Дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиёди барқро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт. Бинобар ин, НБО Роғун иншооти ҳаётан муҳимми стратегии кишвар ва бузургтарин неругоҳи барқии обии Осиёи Марказӣ (то бунёди НБО Даштиҷум дар дарёи Панҷ) ба ҳисоб рафта, ҷараёни сохтмони ин иншоот, чун лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо аз тарафи гидроэнергетику гидрологҳо, климатологу экологҳо, геологу сейсмологҳо ва мутахассисони соҳавӣ, балки аз ҷониби ҷомеашиносону хабарнигорон ва дипломатҳову сиёсатшиносон низ мавриди пажўҳиш қарор гирифта, аз ҳамаи санҷишҳо ба пуррагӣ баромад.
       Ҳарчанд мутахассисону коршиносони ба ном байналмилалӣ кушиш ба харҷ медоданд, ки бунёди ин иншооти муҳимро хатар ва зараре ба минтақа унвон карда, ҷараёни корҳои сохтмони онро манъ намоянд, вале ин сангпартоиҳо ба тарафи давлату ҳукумат ва бад кардани номи меҳани мо дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ садди роҳи якдилию ҳамдастӣ, матонату устуворӣ ва садоқату ҷасорати мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гирифта натавонист. Зеро миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи тамаддунофару фарҳангпарвар номвар буда, фарзонагони он танҳо барои пешрафти меҳани хеш, балки барои рушди ҳар маконе, ки дар он иқомат намуданд ва ҳамсоягони хеш саҳми назаррас гузоштаанд.
      Дар солҳои пасазистиқлолӣ алорағми ҳама нобасомонӣ, мушкилот ва монеаҳо халқи шарифи Тоҷикистон, бо роҳнамоии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НОБ Роғунро аз сар гирифт. То ба ҷидду ҷаҳд оғоз намудани корҳои сохтмонии ин иншооти муҳим мардуми меҳнатдўсти мо як қатор иншоотҳои муҳташам, аз ҷумла неругоҳҳои барқии обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», «Тоҷикистон», нақбҳои «Озодӣ», «Хатлон», «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дўстӣ» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаю ҳазорҳо километр роҳҳоро бунёд карда, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ андўхт. Зеро бунёди неругоҳҳои барқии обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», «Тоҷикистон» оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000, таҷдиди НОБ «Норак», «Бойғозӣ», «Варзоб-1» мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пўшидаи элигазии 220 ва 500 кВ дар шаҳри Норак, бунёди хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтўда – Пули Хумрӣ, ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (соли 2014, иқтидор 100 МВт), мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (соли 2016, тавоноӣ 300 МВт), аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлоли комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои хирадманду дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст.
       Бояд қайд намуд, ки корҳои омўзишию тадқиқотии НБО Роғун ҳанўз солҳои 30-юми асри ХХ бо роҳбарии В.А. Горбунов оғоз ёфта буданд. Зимни корҳои иктишофию тадқиқотӣ маълум гардид, ки мавқеи бунёдшавандаи он дар шарқ ва шимолу ғарб бо қаторкўҳҳои Қаротегину Дарвоз иҳота карда шудааст. Вале корҳои лоиҳакашии иншооти муҳташам танҳо соли 1960 оғоз гардид, чунки солҳои 70-80-ум асри пор бо назардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ зарурати сохтани иншоотҳои ҷадид ва рушди инфрасохтори ба миён омад. Бинобар ин, лоиҳаи сохтмони НБО Роғун дар шуъбаи осиёимарказии Пажўҳишггоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд дар аввали солҳои 70-ум таҳия карда шуда, лоиҳаи мазкурро соли 1974 Кумитаи давлатии сохтмонии ИҶШС тасдиқ гардид. Вале пошхўрии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба итмом расонида шавад.
        Бинобар сабабе, ки НБО Роғун на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад, бо вуҷуди мушкилиҳо ва монеаҳо корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург баъд аз чанд соли қатъ боз ҳусни оғоз пайдо карданд. Зеро баъди бунёди ин иншооти муҳимми гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ҳамчун кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Ҳамчунин обе, ки дар обанбор ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Илова бар ин, пас аз пур шудани обанбор сатҳи об метавонад, микроиқлими маҳалро тағйир дода, ба бойю рангин шудани экосистемаи маҳал меорад ва деградатсияи (таназзулёбии) пиряхҳои болообро боз медорад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисоди кишвар такон бахшад. Ҳамчунин, энергияи аз НБО Роғун тавлидшаванда на танҳо Тоҷикистонро ба истиқлоли энергетикӣ мерасонад, балки имкон медиҳад, ки як қисм неруи барқи истеҳсолшуда ба фурўш бароварда шавад. Аз ин рў, бунёди НБО Роғун армони миллати сарбаланду тамаддунсоз тоҷик буда, на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати минтақа, дар маҷмуъ як гўшаи сайёра аст.
       НБО Роғун дар силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш ба самти муқобили маҷро нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 МВт-ро ташкил медиҳад. НБО Роғун бо тавоноии 3600 МВт (беш аз 17 млрд кВт/соат) калонтарин неругоҳи барқии обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам баробари се реактори ҳастаӣ ва нисбат ба иқтидори НБО Норак якуним баробар зиёд мебошад. Сарбанди неругоҳ бошад, бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
       Лозим ба таъкид аст, ки дарёи Вахш 524 км дарозӣ ва 39100 км2 ҳавзаи обҷамъкунӣ дошта, на ба мисли дарёҳои Сир, Аму, Зарафшон ва Панҷ байнисарҳадӣ ё фаромарзӣ, балки он пурра дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ аст ва сирф сарфати миллӣ мебошад. Аз ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ бошад, дар миқёси ҷумҳурӣ пас аз дарёи Панҷ дар ҷои дуввум қарор дорад. Захираи гидроэнергетикии он ба 45 млрд. кВт/соат баробар буда, захираи гидроэнергетикии шохобҳои он – Обихингоб ба 17,6 млрд кВт/соат ва Сурхоб ба 14,7 млрд кВт/соат мерасад. Силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бузургтарин комплекси гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамаи неругоҳҳои он дар поёноби дарё бунёд гардидаанд. Ин силсиланеругоҳҳо аз ҳафт неругоҳи амалкунанда, як неругоҳи дар лоиҳабуда ва як неругоҳе, ки дар марҳилаи сохтмонӣ қарор доранд, иборат мебошад. Барои ба кор даровардани се НБО зинаи поёнии ин силсиланеругоҳҳо наҳрҳои (канал) бузург ба истифод дода шудаанд. Дар шароити имрўза иқтидори силсиланеругоҳҳои Вахш ба 4570 МВт баробар буда, коркарди солонаи неруи барқ наздики 19 млрд кВт/соат мебошад ва дар вақти пурра ба кор даромадани тамоми неругоҳҳои он тавононӣ ба 9222,5 МВт баробар гардида, коркарди солонаи неруи барқ то ба 37 млрд кВт/соат мерасад. Дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, НБО Норак соли 1972, НБО Бойғозӣ соли 1986, НБО Сангтўда-1 соли 2008 ва НБО Сангтўда-2 соли 2014 сохта ба истифода дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун бо маром идома дошта, НБО Шўроб, ки 12 км поёнтар аз сарбанди Роғун воқеъ гардидааст, тибқи лоиҳа бояд садди баландиаш 83 метра бунёд гардад.
       Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги гидрологӣ, аз ҷумла пиряхҳо, дарёҳо, кўлҳо, обҳои маъданӣ ва зеризаминӣ буда, саҳми релефи он дар ташаккули обҳои дохилии ҳавзаи баҳри Арал хеле калон аст. Аз 115,6 км3-и обҳои ҷории ҳудуди Осиёи Марказӣ 93,33 км3 ё 80,7%-и он дар кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон тавлид меёбанд. Аз ин миқдор 55,4% ё 64 км3 обҳои ҳавзаи баҳри Арал дар ҳудуди Тоҷикистон тавлид мешаванд, ки 62,9 км3 (80,17%) ба ҳавзаи дарёи Аму ва 1,1 км3 (3%) ба ҳавзаи дарёи Сир рост меояд. Дар Тоҷикистон беш аз 25 000 дарёҳои хурду бузург мавҷуданд ва ба ҳиссаи дарёҳои дар ҳудуди кишвар ташаккулёбанда 54 км3, ба ҳиссаи кўлҳо 46 км3 (аз ин миқдор 20 км3 оби ширин), ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ беш аз 6 км3 об рост меояд. Иқтидори солонаи гидроэнергетикии ҳама дарёҳои Тоҷикистон ба 527,06 млрд кВт/соат баробар мебошад, ки 5%-и иқтидори гидроэнергетикии ҷаҳонӣ ва 80%-и захираи гидроэнергетикии минтақаро ташкил медиҳад. Умуман, ҳамаи дарёҳое, ки аз Тоҷикистон ҷорӣ мешаванд (бо назардошти дарёҳои сарҳадӣ), соле 72 км3 обро ташкил медиҳанд ва ин ба сари ҳар нафар дар ҷумҳурӣ 7 200 м3 ҳамсанг меояд. Аз рўи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро мегирад.
        Минтақаи Осиёи Марказӣ аз захираҳои табиию энергетикӣ бой буда, агар Туркманистон аз рўйи захираи газ дар дунё ҷойи сеюмро гирад, Узбекистон дар ин миқёс аз рўйи ҷустуҷўйи тилло ҷойи чорумро ишғол менамояд ва Қазоқистон дар ҷаҳон бо захираҳои карбогидрат ва ва маъдании бой шинохта шудааст. Мақоми Тоҷикистон бошад, дар миёни давлатҳои ҷаҳон аз рўи захираи гидроэнергетикӣ муайян карда мешавад, ки ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Аз ин рў, барои кишварҳои болооби ҳавзаи баҳри Арал – Тоҷикистон ва Қирғизистон потенсиали энергетикии дарёҳо муҳим буда, барои кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон потенсиали мелиоративнию ирригатсионӣ муҳимтар аст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин масъала, замоне, ки тарҳи бунёди НБО-и Роғун таҳия гардид, масоили обёрӣ дар кишварҳои поёноб пурра ба назар гирифта шуда буд. Ҳанўз соли 1990 дар ҳисоботи Институти «Союзгипроводхлопок»-и шаҳри Тошканд гуфта шудааст, ки бунёди Роғун имкон медиҳад камбудии норасоии об дар ҳавзаи Амударё бартараф гардад. Ин ба манфиати на танҳо минтақаи ташаккули захираҳои об, балки тамоми ҳавзаи баҳри Арал аст. Зеро бунёди НБО-и Роғун танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи дарёи Аму таъмин мекунад ва зиёда аз ин, имкон ва кафолат медиҳад, ки дар ҳудуди кишварҳои поёноб 800 000 га замини нав ва беш аз 3 млн га замини истифодашаванда дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд.
        Ҳамин аст, ки имрўзҳо бунёди Роғун аҳамияти бештари иқтисодӣ пайдо мекунад, зеро заминаи мустаҳкаме барои бунёди саноат, сохмони корхонаҳои саноатӣ, яъне таъмини ҷойи кор ба ҳазорон нафар мегардад ва неруи барқе, ки аз он истеҳсол мешавад, барои рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти аҳолӣ ва беҳбудии вазъи иқтисодии минтақа мусоидат мекунад. Инчунин Роғун манбаи бузурги истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мегардад, ки аз назари истифодаи боэътимоди захираҳои табиат дар оянда хеле муҳим аст, хусусан, дар шароите, ки истихроҷи нафту газ дар ин соҳа нисбат ба барқ зарарнок буда, наметавонад беохир давом кунад.
       Бояд илова намуд, ки ҳарчанд НБО Роғун борҳо аз ташхиси ҳамаҷониба гузашта буд, вале бо дархосту пофишориҳои кишварҳои зидди сохтмони он соли 2010 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳаи НБО Роғун шартнома ба имзо расид ва пудратчии гузаронидани ташхис Ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd» интихоб гардид. Барои гузаронидани ташхиси навбатӣ Бонки ҷаҳонӣ аз кишварҳое, чун Фаронса, Италия, Олмон, Швейтсария ва Австралия як қатор коршиносони сатҳи ҷаҳониро даъват кард ва онҳо санҷишҳои техникиву экологӣ гузаронида, дар хулоса ва ҷамъбасти асосноки ҳисобот муайян карданд ва кафолат доданд, ки Неругоҳи барқи обии Роғун метавонад ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба минтақа беш аз 115 сол хидмат намояд. Дар умум, лоиҳаи бунёди НБО Роғун ҳам дар замони ИҶШС ва ҳам дар солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо мавриди ташхисоти давлатӣ ва мустақил қарор гирифта, ҳама ташхисҳо зарурати иқтисодӣ ва бехатарии экологии иншоотро тасдиқ намуданд.
       Ҳамин тавр, бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии Роғун ба арсаи шуҷоату ҷоннисориҳо, ба мактаби худшиносиву камолот, ба минбари баланди ифтихор ва ба набарди пирўзиҳои миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик табдил ёфт. Бунёди ин иншооти муҳиму тақдирсоз мақсади наҷиби на фақат созандагони он, балки ормони баланди тамоми миллати тоҷикистонӣ аст, зеро бунёди кохи нур – НБО Роғун бунёди худи мо, миллати мо, меҳани мо, ояндаи дурахшони мо ва исботи қавии ҳастии бегазанди халқи шарифи Тоҷикистон аст.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои физикаю математика, академик
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан