Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат"



Имрӯз дар Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С Айнӣ" ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" бо тантана баргузор шуда, ғолибон бо ҷоизаҳои муайяншуда сарфароз гардонида шуданд.



Даври чоруми Озмун рӯзи 21.11.2022 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз шуда, дар бахшҳои гуногун дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи кишвар тӯлӣ 4 рӯз идома намуд.


Бояд зикр намуд, ки озмуни мазкур бо сарпарастии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” соли дуюм аст, ки аз рӯйи 7 (ҳафт) номинатсия байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва бо иловаи номинатсияи ихтироъкорӣ байни олимону муҳаққиқони сину соли гуногун баргузор мешавад.


Тибқи Низомномаи озмун ба ҳар як номинатсия 2 ҷойи 3-юм, 2 ҷойи 2-юм ва 1 ҷойи якум пешбинӣ шуда, ба ғолибони ҷойи 3 понздаҳ (15000) ҳазор сомонӣ, ҷойҳои 2 бисту панҷ (25000) ҳазор сомонӣ ва ба ҷойҳои 1 сиву панҷ (35000) ҳазор сомонӣ туҳфаи пулӣ ва ҷому ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Инчунин, ба омӯзгорони хонандагони ғолиб ба маблағи даҳ (10000) ҳазор сомонӣ туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид...
