joomla
free templates joomla

ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ

       “Мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.”

Эмомалӣ РАҲМОН
Возможно, это изображение текст
 
      Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо шукуҳу шаҳомати хосе ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ бо ибтикор ва сайъю талошҳои беназири Сарвари давлат ҳамасола татбиқ мегардад, чунки парчам ва аҳамияти таърихии он аз унсурҳои муборизаи миллӣ ҷиҳати таъмини озодӣ ва ихтиёр мебошад. Дар ҳамаи кишварҳои дунё муаррифии сатҳи давлатӣ тавассути парчам сурат мегирад. Парчам дорои аҳамияти на фақат таърихӣ, балки сиёсӣ буда, барафрохтани он дар лаҳзаҳои тантанавӣ барои миллату давлат бузургтарин шакли баррасии манфиатҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, овехтани парчами давлатӣ бояд дар маконҳое сурат пазирад, ки барои дастрасии мардум қобили қабул нест ва чунонки мушоҳида мекунем, айни замон дар кишварҳои дунё парчам дар шакли хеле баланд ҷилвагар мешавад. Дар шаҳри Душанбе балантарин парчами давлатӣ бо дарозии 60 метр ва баландии 165 метр барафрохта шудааст. Зимни гузоштани санги асоси он Пешвои миллат аз Куруши Кабир ва Коваи Оҳангар ёдовар шуда, таъкид карда буд, ки “онҳо рамзи ҷавонмардиву тавоноӣ ва ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошанд”.
     Дар иҷлосияи сарнавиштсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 10-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба кори худ шурӯъ карда буд, аз 23 масъалаи ҳаётан муҳим яке аз масъалаҳояш Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
       Дар замонҳои қадим парчамро касоне мебардоштанд, ки то лаҳзаи охирини муҳориба бо душман рақобат мекарданд ва аз даст рафтани парчам маънои мағлубшавиро мефаҳмонд. Наҳзатҳои миллие, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ чун сапедҷомагон ва сарбадорон алайҳи истеъмор исён намудаанд, парчамҳои худро доштанд ва иззати парчам маънии истиқлолхоҳиро дошт. Имрӯз низ эҳтироми парчам эътирофи истиқлоли давлатест, ки парчам ба он иртибот дорад.
      Шоирон дар васфи парчами давлатӣ шеърҳо сурудаанд ва донишмандон манзалати парчамро дар эҳёи фикри миллӣ пажӯҳиш намудаанд:
Кунун парчами Тоҷикистон бубин,
Парафшон зи Амрик то Ҳинду Чин.
       Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки дар ҳамаи масоили марбут ба ҳифз, мудофиа, таъмини суботи сиёсӣ ва идоракунии давлат парчами давлатӣ нақши асосиро дорост ва таваҷҷуҳ ба парчами давлатӣ ҳар лаҳза, ҳар сония ва ба таври ҳамешагӣ диққати раҳбарони давлатҳоро бозгӯ мекунад. Мусаннифи “Шоҳнома”, ки шаҳодатномаи миллати тоҷик мебошад, парчами хоси тоҷикро бо унвони “дирафши коваёнӣ” ва мансуб ба Коваи Оҳангар баррасӣ карда, таърихи пайдоиши онро чунин тасвир кардааст:
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».
     Ин ҷо пайдоиш ва эътирофи парчам дар ҷомеа аз нишонаҳои мубориза бар зидди аҷнабиён ва кӯшишҳои аҳли ҷомеа дар роҳи истиқлолхоҳӣ изҳор шуда, худи парчам рамзи истиқлоли давлатӣ муаррифӣ ёфтааст. Бинобар ин, таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ раванди асосии такмилёбии ҳувияти миллӣ маҳсуб мешавад.
      Баҳри тақвият бахшидан ба дониши сиёсии афсарони мақомоти қудратӣ бо ибтикори Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастури Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ ҳафтае як маротиба (рӯзи ҷумъа) дар тамоми мақомоти корҳои дохилӣ дарси сиёсӣ гузаронида мешавад, ки аз фоида холӣ нест. Дар Хадамоти “Муҳофиза” низ дарсҳои сиёсӣ бахшида ба ин ё он дастовардҳои даврони Истиқлол дар давоми 30 соли давлатдорӣ бо иштироки сардори Хадамот генерал-майори милитсия Ализода Анварҷони Ҷумъа гузаронида мешавад, ки афсарон метавонанд дониши сиёсии хешро тақвият бахшанд.
       Дар охир ба ҳамаи сокинони кишвариазизам Рӯзи Парчамро табрик гуфта, ба якояки онҳо суботу хонаи обод таманно дорам.
      Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!
Ҳакимзода Ҳилолиддини Камолуддин,
Корманди раёсати Хадамоти “Муҳофиза” – и ВКД ҶТ, майори милитсия

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан