ҚАДРШИНОСИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-ҚАДРИ МИЛЛАТ АСТ

Парчами миллӣ баёнкунандаи рамзи давлатдорӣ, саодатмандию пирӯзӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ирзу номус, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва моҳияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст. Дар воқеъ мавҷудияти ҳеҷ як давлат, халқу миллат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам тасаввур намудан ғайри муддаом аст.
Парчаму парчамдорӣ аз таърих гувоҳ аст, ки ин таҷассумгари муборизаю шараф ва рамзи озодихоҳӣ, шукуҳу ифтихор, ору номусу покизагӣ буд, ки онро бо муҳаббат муносибат менамуданд. Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи иззату шараф, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд.Шоири маъруф Маликушшуаро Баҳор дирафши Ковиёниро чунин васф менамояд:
В-ин ҳазора ҷашни ту худ ҳуҷҷате бошад мубин,
Номаи ту ҳаст чун володирафши Ковиён.
Муссалам аст, ки имрӯз Дурафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзу нишона аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, ки дар таърихи гузашта борҳо давлатҳои бузурги худро доштанд, дар Ливои Президенти кишвари соҳибистиқлоли маҳбубамон ҳамчун рамзи устуворӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.
Бо ифтихору миннатдорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, тоҷикон соҳиби парчами миллӣ - яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.
Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи ҷидду ҷаҳди пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва ба вуҷуд овардани рукни давлатдории таърихиву сарнавиштсоз сиву як сол пур мешавад. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90 - уми асри - 20 миллати Тоҷик Истиқлоли сиёсии худро ба даст оварда, давлатии миллие бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намуд.Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад. 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин васила дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Зеро, маҳз дар ҳамин айём кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад. Воқеан ҳам, ҳар шахсе, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси қадршиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Ба хусус ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва нишоту сурур фаро мегирад, ки ин ҳама натиҷаи эҳсосоти самимиву навозишпарвар ҷиддан дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон боз ҳам фараҳангезу гуворо чун Парчами давлатӣ ба намоён меояд.
Тибқи муқаррароти моддаи 3 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст», ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси хештаншиносӣ нақши сазовори таҳсин доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу асил буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор мебошад.
Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ- сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд. Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.
Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бошукӯҳи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин яқинан мояи ифтихору равшанзамирӣ ва қадршиносии ҳамаи ҳамватанони мо мебошад. Махсусан, маҷмааи Парчами давлатӣ дар маркази пойтахти азизамон диққати ҳар як сокину меҳмонро ба худ ҷалб менамояд. Он ҳамчун баландтарин парчам ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил гардидааст, ки ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, бо супоришу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҳар як шаҳру ноҳия ва гӯшаҳои ватани азизамон низ майдону маҷмааҳои бешумори парчами давлатӣ бунёд шудаанд ва шуда истодаанд, ки ин барои гиромидошти ғояҳои худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси волои меҳанпарастӣ ва барои насли ҷавону наврас хидмати шоиста менамоянд. Соли 2009 бо ташаббускории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи хуҷаста ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Аз он рӯзе, ки миллати тамаддунофару соҳибтамаддуни мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ба хусус ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузу баландпояи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хеле ҳам ғурур ва ҳисси миллиро баланд мебардоранд, ҳатто то андозае, ки аз чунин ифтихорот дар чашмҳо ашки шодӣ ҳалқа мезанад. Дидан, шунидан ва мушоҳида намудани акс ва калимаю ибораҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ (тоҷикӣ, модарӣ), Президент, марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ҳисси зебои меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва миллатдӯстӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарму навозишпарвар махсусан дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон боз ҳам фараҳбахшу гуворо чун Парчами давлатӣ ба ҷилва меоянд. Ва чуноне ки Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.
Аз ин лиҳоз, арҷгузорӣ, эҳтирому ифтихор ва қадршиносии парчами давлатӣ, ки таҷассумгари умеду ормонҳои мардуми мо, рамзи давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мебошад, вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти кишварамон мебошад. Бояд зикр намуд, ки ҳар як фарди тоҷик бо маќсади пешрафти кишвари азизамон ва бењтар намудани савияи дониши худ њамарўза кўшиш ба харљ дода, бо дастуру супоришњои дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарљ гардидаро њаматарафа мавриди омўзиш ќарор дода, бо масъулияти баланди ватандорї паи иљрои онњо бошем. Сулњу суббот, њамдигарфањмї ва аъмоли неку созанда барои мо љавонон аз њама афзалтаранд. Президенти кишвар бештар ба мо љавонон такя карда моро созандагони Ватан, неруи созанда, соњибони мустаќилу демократї, такягоњи боэътимоди давлати соњибистиќлол ном мебарад.
Ҷонмуҳаммадӣ А.И.
Институти астрофизикаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон