joomla
free templates joomla

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2022

 

 

 

 

      Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи хурди илмҳои Љумҳурии Тољикистон (Шуъбаи кор бо мактаббачагон-и Раёсати АМИТ), дар соли 2022 фаъолияти илмӣ-ташкилии хешро бо дарназардошти нақшаи корӣ ва татбиқи сессияҳои зимистонаву тобистона ва роҳандозӣ шудани “Рӯзи дарҳои кушода”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ намудааст.
Возможно, это изображение 17 человек, люди стоят и в помещении
    Дар санаи 7 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи АМИТ Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ин чорабиниро президенти АХИ ҶТ, академик Ҳикмат Ҳисориев ифтитоҳ намуда, хонандагонро зимни воридшавӣ ба раванди зимистонаи Академияи мазкур хайра мақдам гуфт. Дар Сессияи мазкур ноиби президенти АМИТ Саидов А.С. ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейю гимназияҳои ҷумҳурӣ баромад намуданд. Масалан, Ярахмадов Алиҷон, хонандаи синфи 6, МТМУ №36 ноҳияи Шоҳмансур, дар мавзуи "Барномаи Microsoft Excel ва хосиятҳои он”, ё худ хонандаи дигар бо номи Амонова Марҷона, ки таҳсилкунандаи синфи 9, МТМУ №47, шаҳри Ҳисор дар мавзуи "Нӯшокиҳои спиртӣ" маъруза намуданд ва ғайра. Азбаски шиори АХИ ҶТ "Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!", аст, талаботи Академияи хурди илмҳо низ омода намудани мутахассисони бомаърифат аз ҳисоби хонандагони фаъоли мактабҳо, литсейҳо ва гимназияҳо маҳсуб мешавад.
      Дар таърихи 29-уми майи соли 2022 сессияи 43– юми баҳории Академияи хурди илмҳои Љумҳурии Тољикистонро дар мактаби Байналмиллии Президентии шаҳри Душанбе ( ноҳияи Сино, маҳаллаи Меҳробод, кӯчаи Карамов -101) баргузор намуд. Дар Сессия мактаббачагон аз навоҳии гуногун ширкат намуда, сатҳи донишҳои тахассусии хешро тавассути ширкат дар раванди баҳогузории солона мушаххас намудаанд. Бояд мутазаккир шуд, ки ширкати мактаббачагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барояшон имконият фароҳам меорад, ки сатҳи донишҳои ихтисосиро такмил дода, истеъдоди донишандӯзии хешро ошкор созанд.
      Қабл аз оғози раванди баҳогузорӣ ва маълум намудани сатҳи донишҳои тахассусии мактаббачагон Ҷаласаи кушодашавии Сессияи мазкур барпо шуд ва маҷлисро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии хеш рушди ҷомеаи Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтикору мавқегирии насли наврас иборат донист. Ба қавли мавсуф, ҳар як наврас дар ҷомеаи Тоҷикистон имкони омӯхтану озод андешидан дорад ва аз чунин имкониятҳои фароҳамгардида бояд мову шумо истифода кунем.
      Сипас, бо сухани табрикӣ намояндаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода ба минбар баромада, нақши АХИ ҶТ-ро дар рушди донишҳои техникии наврасон ва болоравии сатҳи ҷаҳонбинии илмии онҳо арзёбӣ намуд.
       Раиси Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи мамлакат Неъматзода Маликшо аз фаъолият ва вазифаҳои бар душдоштаи ҳар як шаҳрванд лаҳзаҳои хотирмон нақл намуда, мактаббачагонро ба таҳсили фарогир даъват кард ва бар ҳар як онҳо муваффақиятҳои камназир таманно намуд.
      Баъдан, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода дар баромади худ таъкид намуд, ки мактаббачагон тавассути иштирок дар Сессияҳои АХИ ҶТ на танҳо сатҳи донишҳои ихтисосиро боло мебаранд, балки ба раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъсир гузошта, ҷиҳати боз ҳам васеъ гардидани омӯзиши мавзӯъҳо мусоидат мекунанд, чунки на ҳар мактаббача узви АХИ ҶТ мегардад.
      Дар Сессия хонандагони фаъоли синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳрҳои Душанбе, ҳамчунин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Рўдакї, Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Варзоб, Рашт) ва ғ. иштирок намуда, донишу малакаи худро санҷиданд.
       Хурсандибахш аст, ки теъдоди иштироки мактаббачагон дар 43-юмин сессияҳои баҳории мазкур аз 700 нафар хонанда зиёд буд. Аъзои ҳакамон (56 нафар), асосан аз Институтҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тољикистон (48 нафар), Донишгоҳи миллии Тољикистон (3 нафар), Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї (3 нафар), Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абуали ибни Сино (2 нафар), вобаста ба ихтисосҳо ва бахшҳои АХИ даъват шуда буданд.
       Дар Сессияи мазкур чун анъана иштирокчиён натиљаҳои ба даст овардаи худро баррасӣ намуда, аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд ва беҳтаринҳо ба узви пайвастаи АХИ, узви вобастаи АХИ ва бо дипломҳои дараљаи I, II, III, Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравї сарфароз гардонида шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки тамоми хароҷотҳо, аз ҷумла тӯҳфаҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳо, дипломҳо, ифтихорномаҳо, банерҳо, овезаҳои гуногун ва хӯроки нисфирӯзии аъзоёни ҳакамон пурра аз тарафи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон харидорӣ ва дастрас карда шуданд.
       Дар санаи 25.09.2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон "Рӯзи дарҳои кушода" -и Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он иштирок намуданд. Рӯзи дарҳои кушодаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба даргоҳи илмҳои тахассусӣ хайра мақдам гуфт ва зимни суханронӣ ҷиҳати муаррифии АМИТ далелҳо овард. Номбурда қайд намуд, ки феълан дар АМИТ 26 Институт, марказ ва пойгоҳҳои илмии таҳқиқӣ ҳастанд ва самти фаъолияти ҳар кадомашон ихтисосӣ мебошад. Хуллас, дар ҳар соҳаи ҷудогонаи илмҳои табиатшиносӣ дар АМИТ пойгоҳҳои илмиву таҳқиқӣ мавҷуданд.
      Сипас, президенти Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ҳикмат Ҳисориев сухан намуда, ба иштирокдорони “Рӯзи дарҳои кушода” комёбиҳои назаррас таманно намуд.
      Ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биология, узви вобастаи АМИТ Абдусаттор Саидов зимни муроҷиат ба хонандагон нақши биологияи муосирро дар рушди ҷомеаи постмодерн мутазаккир шуд. Ба қавли мавсуф, аксар расонаҳо бо дахолат ба пандемияи COVID-19 дар чунин ақидаанд, ки онро афроди вирусолог таҳия ва интишор сохтаанд. Гузашта аз ин, афзудани аҳолии кураи Замин бахшҳои асоситарини биологиро чун биотехнология ба вуҷуд овард ва бо дарназардошти вазъ рушди шохаҳои гуногуни илми биология дар замони муосир мушоҳида мешавад. Номбурда гуфт, ки 4 пажӯҳишгоҳи сирф биологӣ дар АМИТ фаъолият мекунанд, ки беш аз 400 нафар олимонро дар бар мегирад.
Баъдан, сардори Раёсати таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм Умед Сафарзода сухан карда, аз иштироккунандагон даъват ба амал овард, ки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намоянд. Бояд мутазаккир шуд, ки “Рӯзи дарҳои кушода” соле як маротиб баргузор мегардад ва хонандагони макотиб имкони хеле хуб доранд, ки дар ин рӯзҳо донишҳои тахассусии худро такмил диҳанд.
Президенти Академияи хурди
илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон,
д.и.б., академики АМИТ Ҳ.Ҳ. Ҳисориев

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан