joomla
free templates joomla

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд.

 

     Возможно, это изображение текст
     Пас аз маросими ифтитоҳ иштирокчиён мустақиман ба маконҳои баргузории озмун – толорҳо ва озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳо фиристода шуданд.
      Дар охири рӯзи якуми озмун иштирокчиён бо олимони Академияи миллии илмҳои кишвар вохӯрда, бо онхо суҳбат карданд.
Тибқи барномаи озмун, 22 ноябр вохӯрии иштирокчиён бо адибон дар назар дошта шуда, 23 ноябр аз Осорхонаи таърихию бостоншиносӣ дидан мекунанд.
Озмун аз рӯи 7 номинатсия: «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология», «География», «Технологияи иттилоотӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» баргузор гардид.
      Дар даври ҷумҳуриявӣ иштироки 450 нафар ғолибони даври 3-юм дар назар аст. Барои озмун 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.
     Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» доир мешавад.
 
 
 
 
 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан