ПАЖӮҲИШГОҲИ ТАХАССУСӢ АЗ ВАЗЪИ БУҲРОНӢ ХОРИҶ ГАРДИД
Дар таърихи имрӯз (16.11.2022) аксар муассисаҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, ҷиҳати истиқбол аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамоиш барпо намуда, он рӯзҳои таърихӣ ва бенизомиро ёдоварӣ карданд. Ба вижа, чунин ҳамоиш дар Институти забону адаби ба номи Рӯдакии АМИТ баргузор шуд, ки дар он масъулини самти раҳбарикунанда ва соҳаи илмиву таблиғии муассиса мушорикат доштанд. Тибқи масоили матраҳшуда ҳамоиш дар асли хеш ҷаласаи навбатии ҳизбӣ маҳсуб мешуд, ки вижагии асосии он интихоби Раиси нави Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мавсум ба "Ворисони Рӯдакӣ" гардид. Бинобар тағйироти кадрӣ дар Пажӯҳишгоҳ ташкилоти мутазаккир муддате бидуни роҳбар фаъолият мекард ва имрӯз бо ибтикори муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова ҷиҳати интихоби раиси ташкилоти ҳизбӣ номзадии доктори илмҳои филология Фарангис Шарифзода пешниҳод шуд. Ҳамагии овоздиҳандагон номзадии мавсуфро ба маснади Раиси ТИ "ВОРИСОНИ РӮДАКӢ" мақбул донистанд, аммо хусусияти фарқкунандаи ҳамоиш он буд, ки дар он афроди масъул ширкат доштанд ва мавқеи худро тариқи суханварӣ изҳор медоштанд. Дар ҳоле ки Пажӯҳишгоҳ вазъи буҳрониро сипарӣ мекард ва аксар маврид байни кормандони он бархурдҳои тасодумӣ рух медоданд. ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки муовин ва котиби Раиси ташкилот низ тариқи овоздиҳӣ дигар гарданд.
Азбаски имрӯз дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мешуд, директори Пажӯҳишгоҳ Фарангис Шарифзода зимни баррасии масоили матраҳшуда ҳозиринро бо ҷашни мазкур табрик намуда, нақши Пешвои миллатро дар баҳамоварии тоҷикон ва истиқрори сулҳ дар сарзамин бағоят арзишманд муаррифӣ кард.
Сипас, чунонки директори Пажӯҳишгоҳ зикр намуд, сухан ба Шоири халқии Тоҷикистон ва иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Аскар Ҳаким бобати баррасии авзоъ ва аҳволи кишвар дар рӯзҳои баргузории Иҷлосия дода шуд. Ба қавли Аскар Ҳаким, нахустин ҳарфе, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихобшавӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии мамлакат баён карданд, ин буд: "Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам". Дар воқеъ, нахустин иқдомҳои Сарвари давлат музокирот ва ба сулҳ расидани кишвар буд. Баъдан, Аскар Ҳаким вазъи ҳамонвақтаи зиёиёни мамлакатро матраҳ намуда, илова карданд, ки суботи сиёсӣ ва низоми дурусти сиёсӣ айни ҳол натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Сарвари давлат аст, ки муддати сӣ сол бо халқи худ мушфиқу ҳамдостон мебошад. Ҳамчунин, устоди сухан порае аз шеъри сурудаашонро бобати корномаи Эмомалӣ Раҳмон қироат намуданд, ки ба ҳозирин басе мақбул афтод.
Шахсияти илмии Пажӯҳишгоҳ, ки ба олимии ӯ касе шак надорад, профессор Абдунабӣ Сатторзода аст ва номбурда зимни баррасии мавзуъ мавқеи Пешвои миллатро дар рафъи мушкилоти сиёсӣ асосӣ муаррифӣ намуда, чанде аз ҳаводиси таърихиро ёдоварӣ кард.
Мудири шуъбаи адабшиносии Пажӯҳишгоҳ Беҳрӯзи Забеҳулло бо таклифи ҳозирин андеша изҳор намуда, зимнан қайд кард, ки имрӯз мо, тоҷикон тавассути талошҳои басе судманди Пешвои миллат соҳибдавлат мебошем ва масъалаи рушди минбаъдаамон ба фаъолияти нотакрори ӯ тааллуқ дорад.
Дар анҷом, намояндаи Президенти АМИТ, муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова ба сухан омада, масъулини ва ҳизбиёнро аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати истиқбол аз Рӯзи Президент ва санаи баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар фаъолияти илмиву сиёсиашон бурдбориҳо таманно намуд.