ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО



Имрӯз дар санаи 15.11.2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати баррасии идеявии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар он кормандони муассисаҳои илмӣ ва раёсати АМИТ иштирок намуданд. Олимони гуногунтахассус дар ҳамоиши мазкур иқдом намуданд, ки дар маърӯзаҳояшон чеҳраи воқеии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳозирин инъикос намоянд. Ин иқдом пазироӣ шуда, кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ бо дарназардошти бозоварии сафи бузурги фирориёни тоҷик аз мулки афғон ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Раиси Шурои Олии кишварамон дар замони бенизомӣ ва ҷанги таҳмилӣ матраҳ гардиданд. Бояд мутазаккир шуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табдил додани давлат аз низоми дар вартаи нестӣ қарордошта ба кишвари рушдкунанда бо авзоъи басе муносиб ва дар суботи сиёсӣ оғушта шоистаи таҳсин буда, ба баррасии илмӣ ниёздошта маҳсуб мешавад. Маҳз аз ҳамин хотир аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо сарвари давлати хеш ифтихор мекунад ва мутмаин аст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи монеаҳо ва рӯхдодҳои таҳмилиро чун муноқишаҳои марзӣ паси сар хоҳад кард.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли ҳамватанонамон муборак бошад!
