joomla
free templates joomla

ИҚБОЛ ҲОМИИ ВАТАНУ МИЛЛАТ, МУШФИҚИ ТАМОМИ БАШАРИЯТ БУД

   Бо ҳамин унвон мақолае интишор шудааст, ки афкори Мавлоно Иқболи Лоҳуриро баррасӣ мекунад. Ҷиҳати масоили мазкур чандин равишҳо ҳастанд, ки ғолибан мутафаккири бузургро пайрави мактаби мобаъдуттабиаи Аврупо медонанд. Гурӯҳи дигар иртиботи ӯро бо понисломизм, ки ҷараёне таҳияшуда аз ҷониби мустахбираи Британияи Кабир буд, иқрор шудаанд. Аммо асоситарин фарзия ҷиҳати омӯзиш ва пажӯҳиши осори мутафаккир озодандешӣ аст.
(чанд андешае оиди афкору зиндагии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
аз нигоҳи бонуи иқболшиноси тоҷик Шарафнисо Пӯлодова (1931-2022)
   «Муҳаммад Иқбол – чеҳраи тобони адабу фарҳанги Шарқ буда, нашри китоби “Иқболшиносӣ” дар Тоҷикистон, идомаи рушди илми Иқболшиносӣ дар кишвари зебоманзару маърифатпарвари Тоҷикистон маҳсуб ёфта, метавонад онро ба таври умум ҳам дар Покистон, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон комилтару пурратар намояд». Иқтибос аз суханони собиқ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тариқ Иқбол Сумро
Аз бузургони адабу сухан ёд кардан аз шарофату адаби мост. Зеро онҳо чун чароғи роҳнамои донишу ҳунар ба мо ва ҷаҳониён кашфиёти илм намуда, омӯзишу ёдгирии онро омӯзонда, роҳҳои бастаро бароямон боз карданд, то тавонем дар партави хираду ҳикмат ҷаҳонро хурраму шодоб гардонем. Мисоли онро метавон дар шахсиятҳои бузургу адаб ва осори онҳо аз ҷумла, Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Анварӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Камол, Румиву Берунӣ, Зебунисову Робиа, Айниву Турсунзода, Лоиқу Бозор ва дигарон мушоҳида кард, ки то имрӯз зикру қадру ёди онҳо маҷлису манзили моро равшану мунаввар мегардонад.
Чунин бузуругони адаби форсу тоҷик дар манотиқи Ҷануби Осиё ва ё Шибҳи Қораи Ҳинд низ мавҷуданд, ки ҳамеша зикри онҳо аз ҷониби аҳли адабу сухан ёдоварӣ шуда, мақому мартаба ва осору ороашон дар партави шиори ҳикматомези “бузургонро бузургон мешиносанд” қадрдонӣ мегарданд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз маъруфтарин адибону мутафаккирони поёни асри XlX ва аввали асри XX дар Шибҳи қора (Ҳинду Покистон), ба шумор меравад, ки бо осори илмию адабии рӯҳбахш, муассир ва сергунҷоишу пурмазмунаш дар таърихи тамаддуни башарӣ сазовори мақому мартабаи олиро дарёфт намуд.
Ҳамасола ба муносибати солгарди мавлуди Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар саросари ҷаҳон, хусусан дар кишвари Покистон маҳфилу семинарҳои илмӣ баргузор шуда, ба хотири бузургдошташ дар инҷо рӯзи таътили расмӣ эълон гардидааст.
Боиси зикр аст, ки соли 2022 ба ҷашни 145-умин солгарди зодрӯзи шоир, доктор Аллома Муҳаммад Иқбол баробар омада, ҳамчун файласуфи Шарқ ва охирон ситораи назми Ҳинду Покистон шинохта шуда, бо шукуҳ ва қадрдонии хос таҷлил мешавад.
Ҳамин тариқ, дар ДМТ бо ташаббуси кафедраи филологияи Ҳинду Покистон ва Маркази илмии Покистон санаи 9-уми ноябр 2022 дар мавзӯи “Саҳми Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар густариши адабиёти Шарқ” мизи мудаввар бо иштироки донишмандону донишомӯзон ва меҳмонони хориҷӣ баргузор гардид. Иштирокчиён аз ҷумла, Ректори ДМТ, Сафири Покистон дар Тоҷикистон ва устодони кафедра оиди худшиносӣ ва саҳму шуҳратёбии Иқболи Лоҳурӣ суханронӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки Аллома Муҳаммад Иқбол 9 ноябри соли 1877 дар Сиалкут ба дунё омада, шоири миллии Покистон эътироф шуда, бо лақаби Муффакиру мутафаккири Покистон, Шоири Машриқ (Шарқ) ва Ҳакимул Уммат маъруф аст.
Дар мақолаи зайл зарур донистем, то назару андешаи баъзе аз донишмандон алалхусус бонуи шарқшинос ва иқболшиноси тоҷикро роҷеъ ба Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фароҳам оварда, “ёди ёри меҳрубон”-ро поси хотир нигоҳ дорем.
Бояд зикр кард, ки Муҳаммад Иқбол (1877-1938) яке аз бузургтарин шоирони Ҳинду Покистони садаи ХХ буда, аз охирон ситорагони назми форсии тоҷикӣ дар Шибҳи қораи Ҳинд мебошад. Ӯ бо осори гаронбаҳояш забону адабиёти форсӣ-тоҷикиро рушду нумуъ дода, форамиву ширинии онро дар шеърҳояш нишон додааст. Маликушшуаро Баҳор дар шеъраш асри имрӯзро «Қарни ҳозир хосаи Иқбол гашт», гуфтааст. Дар ситоиш ва мақому мартабаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ доктор Қосим Расо чунин фармудааст:
Сар зад аз Лоҳур рахшон ахтаре,
Он ки Покистон ҳаменозад бад-ӯ.
Худ на Покистон, ки хоки Ҳиндро,
Хомаи Иқбол бахшид обрӯ...
Донишманди тоҷик, профессор Ҳабибулло Раҷабов дар бораи Муҳаммад Иқбол низ асару мақолаҳо эҷод карда, ӯро дар яке аз шеърҳояш чунин васф кардааст:
Рӯҳи Иқбол дод ба бар мо болро,
Рост бинмуд чун алиф ин долро.
Гӯш кун, эй зодаи асри навин,
Дардҳои синаи Иқболро. (1.179)
Ҳамин тавр, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо шеърҳои ҷаззоб ва ширину форамаш, ки бо ду забон (урду ва форсӣ-тоҷикӣ) сурудааст, тавонист дар рушду нумуи забону адабиёт саҳм гузошта, шоирону орифони онро тарвиҷу тарғиб намояд.
Ҳамин тавр, нашриёти «Дониш»-и АМИТ китоби нави «Иқболшиносӣ (маҷмӯаи мақолаҳо)»-ро (Душанбе, 2016, 112 саҳ.) аз чоп баровард, ки ба рӯзгору осори адиб, муҳаққиқ ва мутафаккири барҷастаи Шарқ аллома Муҳаммад Иқбол бахшидаи адабиётшиносон ва шарқшиносони тоҷик, монанди Кароматулло Олимов «Соҳибдили роздони ҷисму ҷон», Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Шарафнисо Пӯлодова «Нигоҳе ба рӯзгору осори Аллома Иқбол», Идибек Зиёзода «Муҳаммад Иқбол ва андешаҳои худшиносии ӯ», Умеда Ғаффорова «Талмеҳоти қуръонӣ дар ашъори Муҳаммад Иқбол», Ҳабибулло Раҷабов «Премчанд ва Иқбол»,Майрамбӣ Нурова «Муҳаммад Иқбол ва маърифати зан», Замира Ғаффорова “ Тасвири бадеии Кашмир дар ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ», Тоҷиддин Мардонӣ «Арабы в стихах Мухаммада Икбала», Расул Ҳодизода «Иқбол ва ҷаҳони имрӯз», Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Аллома Иқбол ва Халилуллоҳи Халилӣ», Гулрухсор Раҳимова «Гаҳвораи ман диёри тифлии ман аст», Аълохон Афсаҳзод «Дар ватани Иқбол» ва ғ. гирд омадаанд. Маҷмуа дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар заминаи нашрҳои арзишманди «Куллиёти форсӣ» ва осори дигари ба забони модарияш-урду эҷодкарда, навишта шуда, бо кӯшиши донишманди забону адаби тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ мураттаб гардидааст.
Тибқи дарёфтҳои илмӣ аввалин маротиба китоби гулчини Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ соли 1966 бо таҳияи шодравон Мирсаид Миршакар «Паёми Машриқ» дар Тоҷикистон чоп шуда, пешкаши хонандаҳо гардид. Сипас баъд аз дувоздаҳ сол бо кӯшиши А. Ғаффоров нашри мукаммалтари осори шоир бо номи «Садои Машриқ» рӯи чоп омад.
Мавриди зикр аст, ки А. Ғаффоров бо тавсияи академик Бобоҷон Ғафуров ба тадқиқи адабиёти форсу тоҷикзабони Ҳинду Покистон ба корҳои илмӣ оғоз карда, ба кашфи шоирони Шибҳи Қора аз ҷумла, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ машғул шуда, ба комгориҳои назаррасе мушарраф гардид. (А.Ғаффоров. Доир ба дараҷаи омўхта шудани ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммад Иқбол //Масъалаҳои филологияи тоҷик. – Душанбе, 1974. – С.88-106.)
Дар ниҳоят соли 2008 пас аз 30 сол, бо саъю эҳтимоми донишмандони тоҷик Қиёмиддин Сатторзода «Куллиёти Форсӣ» ба хати кириллик баргардон ва пешкаши хонандагони тоҷик гардид.
Бо ташаббуси донишманд ва ҳиндшиноси тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов соли 2019 китобе зери унвони “Муҳаммад Иқбол-шоири абадзинда” иборат аз 180 саҳифа таҳия ва чоп шуд, ки кадами хубест дар шинохту дарки андешаҳои Иқбол баҳри ҳомиёни аҳли адабу сухан.
Дар шумораи 11-уми соли 2020, маҷаллаи “Садои Шарқ” (саҳифаи 124-149) мақолаи шоири халқии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Назри Яздонӣ бо номи “Девонае дар коргаҳи шишагар” (Муҳаммад Иқбол ва Фридрих Нитше) дар ҳаҷми 25 саҳифа, низ ба чоп расид.
Роҷеъ ба арзишу муҳимияти мақолаи мазкур сарходими илмии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, Комил Бекзода андешаронӣ карда, мақолае зери унвони “МАҒРИБ ЗИ ТУ БЕГОНА, МАШРИҚ ҲАМА АФСОНА” навишта, таъкид мекунад, ки бо вуҷуди ин тафовутҳои ҷавҳарӣ дар ҷаҳонбинии ин ду нобиға, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ нисбат ба шахсияти Нитше эҳтиром гузошта, ҳамеша осорашро мутолиа мекарду илҳом мегирифт ва дар шеърҳояш аз ӯ иқтибос меовард.
То ба имрӯз аз марказҳои илмӣ оид ба осори гаронбаҳои Иқбол муҳаққиқон ва устодон аз ҷумла Кароматтуло Олим, Ҳабибулло Раҷабов, Умар Сафар, Қурбонов Ҳ., Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, Идибек Зиё, Тоҷиддин Мардонӣ, Замира Ғаффорова, Комили Бекзода, Сайфиддин Акрам, Мирсаид Раҳмонов[1] ва дигарон китобу мақолаҳо навишта,маърузаҳои илмӣ мекунанд.
Бояд таъкид кард, ки Муҳаммад Иқбол дар мактаб баробари тадрис ба забони модариаш ба омӯзиши забони форсии тоҷикӣ низ машғул шуда, аз даврони бачагӣ бо бузургони илму адаби форсу тоҷик ошно шуда, ба ашъори устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдиву Ҳофиз, Рӯмиву Ҷомӣ ва дигарон майлу завқ пайдо карда, шефтаи каломи онҳо гардид ва ё ба қавли худи ӯ:
Маро аз мантиқ ояд бӯйи хомӣ,
Далели ӯ далели нотамомӣ.
Ба рӯям баста дарҳоро кушояд,
Ду байт аз Пири Румӣ ё зи Ҷомӣ. (Иқбол)
Ҳамин тавр, ӯ дар густариши адабиёт дар Шарқ саҳми арзанда гузошт.
Инҷо бояд зикр кард, ки доир ба рӯзгору осори илмию адабии Иқболи Лоҳурӣ, афкори фалсафию динӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ, паёмҳои озодихоҳонаву ҳикматомез ва халлоқияти ӯ дар эҷоди бадеӣ ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб мулоҳизаву андешаҳои гуногун мавҷуданд. Дар гуфтаю навиштаҳои бештари шарқшинсон маҳорат ва қудрати волои эҷодӣ ва илмии Муҳаммад Иқбол ва омезишу андӯзиши пайвастааш ба фарҳангу адаби мардумони Шарқу Ғарб, форсу тоҷик ва дар умум инсоният баррасиҳову назарпардозиҳо шудааст, ки аз партави донишу хирадии ин марди бузурги адабиёт маншаъ гирифтааст.
Шарқшинос ва бонуи иқболшиноси тоҷик Пӯлодова Шарафнисо аз зумраи дӯстдорони забону адаб мебошад, ки назару андешаҳояшро дар китоби донишманд Сайид Абулҳасан Алии Надвӣ-“Шигифтаҳои андешаи Муҳаммад Иқбол” бо таҳия, танзим, тавзеҳ ва таҳрири умумии Шодӣ Шокирзода, Душанбе, соли 2021 нашр гардид[2], оиди Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чунин баён кардааст: “Иқбол дар баробари халқу кишвари худ тамоми башариятро дӯст медошт ва барои якдилии мардуми ҷаҳон мубориза мебурд”. Ба назари ин донишманди тоҷик мо бояд ҳама бурду бохти олами маънавӣ ва фарҳанги Ғарбу Шарқро аз нигоҳи хеш таҳлил намуда, унсурҳои беҳтарини ин ду қисмати тамаддуни ҷаҳонӣ бояд ба ҳам таъсири мутақобила дошта бошанд ва ҳамдигарро ғанӣ сохта, ба пешрафти умумиинсонӣ мусоидат намоем.
Мавриди зикр аст, ки хонум Шарафнисо Пӯлодова санаи 02.01.1931 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ таваллуд шудааст. Падараш Пӯлод Бобоев аз зиёиёни фаъолу пешқадами таҳсилкарда ва бо фазлу дониши солҳои 30 асри ХХ буда, ошиқи илму адаб ва рӯзгори аҳли адабу ҷоме буд. Тибқи маълумоти китоби “Шарқшиносии тоҷик” (1958-2008), Душанбе, 646 с. Дар шашсолагии Шарафнисо ва нӯҳсолагии бародараш нависандаи номвари тоҷик Пулод Толис падарашон вафот кард.
Хонум Шарафнисо таҳсилро дар мактаб дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз карда, дар душвортарин ҳолат онро хатм кард. Бо ҳамаи ин ҳолату вазъ нигоҳ накарда, ӯ ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар партави суханону насиҳатҳои волидайнаш омӯзишу ёдгириро идома дода, адабу маърифатро сармояи асосӣ медонист.
Ҳамин тариқ, ӯ баъди анҷоми таҳсили омӯзишгоҳи педагогӣ соли 1951 ба Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд дохил шуда, онро дар соли 1955 ба поён расонид. Дар солҳои 1958 то 1958 роҳбарияти донишгоҳ фаъолияти ӯро ба эътибор гирифта, чун омӯзгори забону адабиёт таъйин намуданд. Ҳамин тариқ, бо тавсия ва роҳнамоии устод Бобоҷон Ғафуров соли 1958 ба аспирантураи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС таҳти роҳбарии академик Е.П. Челишев ба ихтисоси забону адабиёти ҳиндӣ ва урду машғул шуд. Дар ин росто, ӯ дар мавзуи “Аҳамияти хутути Мирзо Ғолиб дар ташаккули насри мусори урду” рисола навишта, онро дар соли 1963 бо мувафаққият дифоъ намуд. Дертар бо машварату маслиҳати академик Бобоҷон Ғафуров соли 1961 ба Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон ба кор пазируфта, дертар соли 1970 мудири сектори Ҳинду Покистон ва муовини директори Институт кору фаъолият кард. Сипас соли 1993 то соли 2000 дар Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналхалқии АИ ҶТ адои вазифа намуд.
Ҳамин тавр, дубора соли 2017 ба Институти Шарқшиносӣ, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Президенти Тоҷикистон номи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ номгузорӣ шуд, ба ҳайси ходими пешбари илмӣ дар шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ даъват шуда, то соли 2020 ба таҳқиқоти адабиёти Покистон адои вазифа намуд[3].
Ӯ муаллифи беш аз 200 мақола буда, асарҳои “Мактубҳои Мирзо Ғолиб” (1966), “Мирзо Ғолиб” (1968), “Амир Хусрави Деҳлавӣ (1975), “Шеъру шоирии Алтоф Ҳусайни Ҳолӣ” (1989), “Уди ҳиндӣ” (1982) ва “Паёми Машриқи Муҳаммад Иқбол“ , “Шоири розу ниёзҳо” (1997) ва “Авроқи вафо-и Файз Аҳмад Файз” (2000) ва “Ғазалиёти форсии Мирзо Ғолиб” (2003) таҳия ва нашр шудаанд.
Муддате ӯ раиси бахши дӯстии Тоҷикистону Покистон дар “Ҷамъияти дӯстӣ” фаъолият карда, узви фаъоли ҷамъияти “Олимаҳои Тоҷикистон” буданд. Соли 2004 хонум Шарафнисо Пӯлодова аз ҷониби Институти таҳқиқотии савонеҳнигорӣ дар Амрико барои дастовардҳои муҳими илмӣ ва ҷамъиятӣ сазовори унвони фахрии “Бонуи соли 2004-ум” гардид[4].
Барои нигорандаи сатрҳо ифтихору шараф аст, ки бо ин бонуи донишманду иқболшинос аз наздик шиносоӣ пайдо карда, бо ҳам чун ҳаммаслаку ҳамкор фаъолият карда, аз лутфи каломашон ҷаҳони маънавиёт пайдо кардам.
Аввалин мулоқоти мо дар ҷараёни конфронси байналмилалӣ оиди Муҳаммад Иқбол дар Покистон, дар шаҳри Иқбол сурат гирифт, ки бо ҳам аз маконҳои таърихии шаҳр, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, дидан намудем. Маротибаи дувум дар Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии он муаррифии бештар пайдо карда, бо ҳам то соли 2020 ҳамчун коршиноси масоили адабу забону фарҳагу таърихи кишварҳои Покистону Ҳиндустон кору фаъолият кардем.
Ҳанӯз роҳнамоиҳову хубу насиҳатҳои модаронаву олимона, бо лутфи қалами худашон дар дафтарчаи хотироти банда, дарҷ аст, ки порчаи шеъри Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чун армӯғон оварда шудааст :
Адаб перояи нодону доност,
Хушо к-он аз адаб худро биёрост,
Надорам он мусулмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост (Иқбол)
Хулоса, ҷаҳонро бояд ба чашми хираду адабона нигарист, то аз ҳақиқату каромати он хубтар огаҳӣ пайдо карду аз чашмаи сафои забони фораму ширини тоҷикӣ-форсӣ нӯши ҷон карда, аз ҳақиқату воқеияти ҳаёти башар огаҳӣ пайдо карда, андешаҳояшонро озоду ободу ором ба шунавадагонаш расонд.
Дар ниҳоят бояд таъкид кард, ки ҳамаи мардони бузург дар таърихи фарҳангу адаби тоҷику форс мақому манзалати воло дошта, дар рушди забону адабиёт ва тамаддуни башарӣ саҳм гузоштанд. Иқболу Икболшиносон ва осору адаби онҳо низ заминагузори худшиносиву худогоҳӣ буда, эҷодкорӣ ва мероси гаронмояи адабию илмии онҳо роҳро дар сохтани ҷомеаи Озоду Орому Обод боз намуда, аҳли башарро дар партави донишу хирад роҳнамоӣ менамояд.
Раҳмонов Мирсаид,
ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
Сарчашмаҳо:
Ҳабибулло Раҷабов. Муҳаммад Иқбол-шоири абадзинда. Душанбе: ”Эр-гарф”, 2019,-180с.
Аллома Муҳаммад Иқбол. Куллиёт форсӣ-тоҷикӣ
Куллиёти Иқбол (урду). Мактабаи Ҷамол. Лоҳур, Покистон.2010
Сайти расмии Академияи Иқбол Лоҳур Покистон
Мунтахаби ашъори Иҷболи Лоҳурӣ / Душанбе / Маориф ва фарҳанг / соли 2010 / Китобхонаи мактаб / М. Лутфуллоев; М. Муллоаҳмад; А.М. Хуросонӣ; М. Акбарзод; Н. Зайниддинов / ISBN 978-99947-1-053-9 / 280 саҳ.
А.Ғаффоров. Доир ба дараҷаи омўхта шудани ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммад Иқбол // Масъалаҳои филологияи тоҷик . – Душанбе, 1974. – С.88-106.)
[1] Мирсаид Раҳмонов. Иқбол ва фалсафаи худшиносии ӯ. Рӯзномаи “Самак”.№46 (471).11 ноябри соли 2020
[2] Сайид Абулҳасан Алии Надвӣ. Шигифтҳои андешаи Муҳаммад Иқбол. Таҳия, танзим, тавзеҳ ва таҳрири умумии Шодӣ Шокирзода.Душанбе,2021.”Меҳроҷ-граф”.
[3] Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, www.osiyoavrupo.tj
[4] Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон (1958-2008), саҳифаи 444.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан