ПАЖӮҲИШГАРИ ПАРТОВҲОИ САНОАТӢ

КИИ "ХИРАДМАНДОН" - И ҲХДТ ДАР АМИТ АКАДЕМИК УЛМАС МИРСАИДОВРО БИНОБАР ФАРОРАСИИ САНАИ ЗОДРӮЗАШОН ДАР САНАИ 10-УМИ НОЯБР МУБОРАКБОД НАМУДА, БА НОМБУРДА ХОНАИ ОБОД, ТАНИ СИҲАТ, БУРДБОРИҲО ВА ХУШҲОЛИИ БАРДАВОМ ТАМАННО ДОРЕМ. БАРОИ БЕШТАР ОШНОӢ ПАЙДО КАРДАН БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАХАССУСИИ МАВСУФ ИН МАҚОЛАРО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ. МУТАВАҶҶЕҲ БОШЕД:
ПАЖӮҲИШГАРИ ПАРТОВҲОИ САНОАТӢ
“Дар дунё миллатҳо тибқи низоми ду тартиба мавҷуданд: дар миёни гурӯҳе аз онҳо олимон ҳастанд, дар дигариҳо олимон нестанд”.
Эрнест Ренан
Аз чеҳраҳои басе ошно ва истиқболкунанда дар муҳити илмии кишвар академик ва кимиёшиноси барҷаста Улмас Мирсаидов маҳсуб мешавад, ки таҳқиқоти густурдае ҷиҳати партовҳои радиатсионӣ ва энерҷии атомӣ анҷом додааст. Таъмин намудани ҳифзи муҳит аз истихроҷи маводи кимиёвӣ дар осори илмии академик нақши босазое доранд. Ғолибан, таҳқиқи назаррас, ки кимиёшинос дар солҳои 70-90 – уми садаи сипаришуда анҷом додааст, кимиёи арзиз мебошад. Ҳамзамон, У. Мирсаидов таваҷҷуҳи заруриро ба мавриди истифода қарор додани партовҳои саноатӣ, бахши мушкилзо будани самти экологияи саноати кимиё ва металлургия бахшида, ба истеҳсол ва баррасии илмии арзиз чун маводи саноатии дорои партовҳои кимиёвӣ диққат додааст.
Номбурда 10 ноябри соли 1945 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, соли 1967 Донишкадаи кимиёвӣ-технологии ба номи Д. И. Менделеевро дар шаҳри Маскав бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 1988-2003 директори Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва аз соли 1995 ба мақоми президенти АМИТ интихоб шуда, то соли 2005 дар ин мансаб ифои вазифа доштааст. Дар як мусоҳиба бо намояндагии ВАО академик У. Мирсаидов ҷиҳати шуғли омӯзиши кимиёвии хеш ин ҳарфҳоро иқрор кардааст: “Он айём ба омехтан ва омӯхтани гидриди алюминий оғоз намудам. Оид ба масъала мо як қатор таҳқиқҳоро дар маҷаллаи “Ахбори АИ ИҶШС” нашр намудем. Бахши дигари таҳқиқҳо ба ҷузъҳои эътидолии сӯзишвории ракетӣ бахшида шуда буданд, ки онро мо дар корхонаи гидрометаллургияи шаҳри Исфара иҷро намудем” .
Зимни баррасии садаи нав ба вуқуъ пайваста академик ба суоли рӯзноманигор чунин посух медиҳад: “Дар садаи XXI мушкилиҳои глобалӣ мушоҳида карда мешаванд: зиёдшавии ҳангуфти нуфӯси сайёра, фалокатҳои экологӣ, болоравии сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ, бемориҳо, тағйирёбии иқлим. Дар назди олимон ҳалли мушкилиҳои глобалии сайёраамон меистад” .
Академик У. Мирсаидов зимни суханронӣ дар Конгресси уламо дар шаҳри Минск, ки соли 2001 барпо шуда, “илм ва маориф дар арафаи ҳазорсолаи савум” номгузорӣ гардида буд, бо дарназардошти авзоъ ва аҳволи илми муосир таъкид намудааст, ки: “Бегуфтугӯ маориф, фарҳанг, илм сангҳои сегонаи рушди минбаъда ҳастанд. Илм нигаҳбони фонди генетикии тамаддунест, омили рушди фарҳанг, сиҳативу саҳеҳияти ахлоқии ҷомеаи муосирест, ки новобоста аз рушди бесобиқа мушкилиҳои муҳимро дар ҳазораи савум ба башарият хоҳад овард: нодорӣ ва дороӣ чун василаи муқобилгузории кишварҳои рушдкунанда ва мутараққӣ, проблемаи бекории тарвиҷёфта чун натиҷаи рушди илмӣ-техникӣ. Яке аз аз мушкилиҳои глобалӣ, ки дар пеши инсон дар иртибот ба рушди илм пайдо мегардад, ин шабеҳсозии инсон (клонирование) аст. Ин ҷо масъалаҳое зуҳур мекунанд, ки ҷанбаи ахлоқии нигаронкунанда доранд” .
Олим ҳамонест, ки ҳадди аққал 10-15 соли минбаъдаро пешгӯӣ мекунад ва мушкилиҳои бо башар рӯбарӯ омадаро ошкор менамояд. Улмас Мирсаидов низ агар олим намебуд, ҳаводиси 20 соли баъдинаро мутазаккир намешуд. Агар шабеҳсозии инсон ҳанӯз дар авохири қарни XX маълум буд, лек пандемияи COVID – 19 фақат пешгӯӣ шудааст ва аз зумраи олимоне, ки зуҳури бемории сироятиро таъкид сохтааст, Улмас Мирсаидов аст. Гузашта аз ин, олим бармало гуфтааст, ки рушди бесобиқаи илму техника дар ояндаи наздик бекории ногуфтаниро дар ҷаҳон ба вуҷуд хоҳад овард, ки вобаста ба он тараққии ғайри мунтазами кишварҳо ҳатто барои дували абарқудрат низ проблема хоҳад шуд.
Ҳар як давлат, - ба пиндошти академик Улмас Мирсаидов, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нерумандтарин мутахассисини илму маорифро дошта бошад. Аммо маорифи сатҳи паст ба поинравии сатҳи ташкили истеҳсолот мусоидат карда, рушди илмро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ бозмедорад.
Муаллифи 15 монография, 450 мақолаҳои илмӣ-таҳқиқӣ ва 75 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ буда, чун мутахассиси барҷаста дар таҳқиқи пайвастагиҳои ҳидрогении кимиёи муосир, қабл аз ҳама гидриди алюминий ва борогидриди лантаноидҳо шинохта мешавад. Бори аввал дар Тоҷикистон, ӯ таҳқиқоти низомиро дар соҳаи кимиёи гидридӣ, металлҳои сабук ва моддаҳои зӯроварӣ оғоз кард. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо имкон доданд, ки механизм, нақшаҳои ҷараёнро муайян сохта, ҷиҳати рушди ҷомеа амалан роҳандозӣ шаванд. Осории илмии академик У. Мирсаидов таърихи илми ватаниро низ фаро гирифтааст. Масалан, монографияҳояш аз қабили “Президентҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон”, “Сарварони фидокори илм”, “Онҳо ифтихори илми тоҷикро ташкил медиҳанд”, “Устодони ман” ва ғайра ба баррасии таърихи илм бахшида шуда, ҷиҳати муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ аз зумраи беҳтарин сарчашмаҳо маҳсуб мешаванд. Муаллиф аз вохӯриҳои судманд бо уламои ҳақиқӣ мисолҳо оварда, ҷаҳду кӯшиш ва лаёқати ихтисосии онҳоро ошкор месозад. Махсусан, таъкиди У. Мирсаидов ҷиҳати рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳангоми ба вазифаи президенти АМИТ таъин гардидани Султон Умаров гувоҳӣ медиҳад, ки кимиёшинос ҳангоми баёни ин ё он андеша ба далелу арқом такя менамояд.
Зарур медонам тазаккур диҳам, ки таваҷҷуҳи У. Мирсаидов ба ҳайси кимиёшиноси барҷаста пеш аз ҳама кимиёи маводи интенсивӣ бобати пажӯҳиш дар мавриди моддаҳои энергияталаб, коркарди ашёи хоми минералӣ ва партовҳо, аз он ҷумла партовҳои саноати коркард ва истеҳсоли уран, технологияи моддаҳои ғайри муқаррарӣ ва экологияи кимиёвӣ шинохта шудаанд. Як гурӯҳ тадқиқот, ки солҳои 70-90-уми садаи гузашта анҷом дода шудаанд, ба кимиёи арзиз тааллуқ дошта, манобеи гидрогенӣ ва ҷузъҳои эҳтимолии сӯзишвории махсус дар саноати ҳарбиро дар бар мегиранд. Пас аз пошхӯрии ИҶШС тамоми потенсиали илмии Институти кимиёро ба ҳалли мушкилоти саноат ва кишоварзии Тоҷикистон равона карда, бо истифода аз партовҳои саноатӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин мушкилоти экологии соҳаҳои гуногуни кимиёӣ ва металлургия диққати махсус медиҳад. Дар мақолае, ки дар он коркарди партовҳои истеҳсолӣ бо ашёи хоми маҳаллии минералӣ мавриди баррасӣ ёфтааст, роҳҳои рафъи оҷизии истеҳсолот дар гардиши куллии илм баррасӣ мешавад. Бавижа, кимиёшинос иқрор мекунад: “Аҳамияти махсусро ҷиҳати ташкил намудани технологияҳои илмӣ коркарди партовҳои саноатӣ ва истифодаи оқилонаи ашёи маҳаллии минералӣ доранд. Ин ба он маънист, ки дар ҳудуди муассисаҳои саноатии кишвар садҳо ҳазор тонн партовҳое ҷамъ шудаанд, ки муҳити зистро ҳар лаҳза метавонанд заҳролуд созанд. Ин масъала махсусан, барои корхонаи арзизи шаҳри Турсунзода актуалӣ мебошад, ки аз корхонаҳои калонтарини истеҳсоли арзиз дар ҷаҳон маҳсуб мешавад” .
Яке аз масоили баҳспазири илмӣ истихроҷи маъдани уран ва дар мавзеи корхонаҳо риоя аз меъёрҳои стандартии амнияти радиатсионӣ дониста мешуд. Агарчи дар давраи Шӯравӣ меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ба истондортҳои ИМА ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мутобиқ буданд, бо вуҷуди он ба истихроҷи маъдан беш аз масоили ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ мегардид. Бинобар ин, дар ҳудуди 170 га 55 миллион тонна партовҳо гӯронида мешуданд. Ба ин мавзӯъ академик У. Мирсаидов монографияи ҷудогона иншо намуда, дар он роҳҳои гуногуни истихроҷи маъдани уранро таҳқиқ намудааст. Тибқи маълумоти кимиёшинос, 20 дар 100 истихроҷи маъдани уран дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон рост меомад. Таъмин намудани амнияти фаромиллии экосистемавӣ аз масоили ҳалталабест, ки кишварҳои рушдкунанда барои татбиқи он маблағҳои ҳангуфте ихроҷ менамоянд ва чунонки аз гуфтаҳои кимиёшиносон бармеояд, ҷузъи таркибии амнияти экосистемавӣ бехатарии радиатсионӣ маҳсуб мешавад. Саноати тараққикардаи истихроҷ ва коркарди маъдани уран ҷаҳони муосирро водор сохтааст, ки онро таҳти назорат қарор дода, созишномаҳои гуногунро ба имзо расонад. Бинобар ин, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Оҷонсии байналмилалии неруи атомӣ – МАГАТЭ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса намуд, чунки истеҳсоли консентрати уран он замон аввалин маротиб соли 1941 дар корхонаи таҷрибавии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида буд ва дар замони истиқлолият кишвари тоҷикон ҳаҷми муайяни партовҳои радиатсиониро аз давлати Шӯроҳо мерос гирифт. Бинобар ин, таъмини бехатарии онҳо дар муҳити зисти инсонҳо имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мавзеи истихроҷ ва коркарди маъдани уран шинохта шуда, дар сатҳи байналхалқӣ омӯхта шавад. Натиҷаи инчунин омӯзишҳо таъсиси Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ мебошад, ки феълан академик У. Мирсаидов он ҷо фаъолият дошта, ҷиҳати баррасии илмии кимиёшиносӣ саҳми беназир гузоштааст. Коркарди маъданҳои урандор ва ҷудокунии консентратҳои уран аз обҳои саноатии кишвар таърихи хешро дошта, дар рисолаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Айни замон мушкилии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафъи оқибатҳои барангезандаи дар замони Шӯравӣ бинобар истихроҷи маъдани урун бавуҷудомада маҳсуб мешавад. Баъд аз пошхӯрии давлати Шӯроҳо истихроҷи ин навъи маъдан боздошта шуд, аммо мушкилии таъмин намудани амнияти радиатсионӣ ба вуҷӯъ пайваст. Мероси маъдани урани Тоҷикистон аз соли 1944 зимни истихроҷи консентрати уран дар корхонаи шаҳри Б. Ғафуров ифтитоҳ гардид. Аз соли 1945 ба баъд дар шимоли кишвар 6 корхонаи истихроҷи маъдани уран ташкил ёфтанд, ки то ахири солҳои 60-ум ҳамагӣ як корхонаи калон дар шаҳри Чкаловск боқӣ монда буд. Оид ба мушкилии мазкур академик У. Мирсаидов дар соли 2019 рисолае бо забони русӣ мунташир сохт, ки “Хусусиятҳои истихроҷ ва ҷудокунии консентрати уран аз обҳои саноатии урандори Тоҷикистон” номгузорӣ шудааст. Дар ин рисола муаллиф омилҳои дар Ховари Марказӣ ҷустани уранро чунин шарҳ додааст: “13 октябри соли 1945 Шӯрои Комиссарони Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар манотиқи гуногуни дохили давлат ба хотири васеъ намудани саноати истихроҷи маъдани урангузаронидани кофтукобҳои геологиро роҳандозӣ кард. Дар ҳамон сол дар наздикии шаҳри Ленинобод корхонаи №4 таъсис ёфт ва дар Табошар корхонаи №3 ҷиҳати дарёфти консентрати уран созмон дода шуд” .
Академик Улмас Мирсаидов дар баробари пажӯҳишҳои густурда дар илми кимиёшиносӣ, боз ба сиёсат ворид гардида, солҳо президенти АМИТ буданд ва аз минбарҳои ҷаҳонӣ аз илми тоҷик намояндагӣ карда, нақши босазое дар муаррифии ниҳодҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд. Алҳол, иқдом намудаанд, ки дар баррасии энерҷии атомӣ ва масоили марбут ба он аз қабили партовҳои радиатсионӣ саҳм гузошта, мавзӯро барои гурӯҳи илмпешагони ватанӣ ошно созад.