joomla
free templates joomla

ТАМАННОИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ИСТИҚБОЛ АЗ РӮЗИ МИЛИТСИЯ

 

     Возможно, это изображение 1 человек и сидит
     Бинобар фарорасии Рӯзи милитсияи тоҷик дар санаи 10 ноябри соли равон камина тасмим гирифтам кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварро дар ҳимоя аз марзу бум, дифоъ аз нангу номуси миллӣ, ҷонибдорӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат, илова бар ин, ошкор кардани сифатҳои наҷиб аз қабили бебокӣ, сидқ ва кинварзӣ алайҳи хасм табрик гуфта, ба онҳо дар тақвияти сифоти мазкур беҳтарин таманиётро орзумандам. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ тибқи фаъолият ва сатҳи ҷаҳонбинии кормандони ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шуда, дар раванди густариши ҳувияти миллӣ нақши онҳо ба мушоҳида мерасад. На ҳар фарди ҷомеа корманди ҳифзи ҳуқуқ мешаванд, аммо онҳое, ки дар ин низом фаъолият мекунанд, бояд ҷоннисори давлату миллат бошанд ва маҳз аз ин дидгоҳ шаҳрвандон ниёз ба онҳо дошта, дар симои онҳо муҳофизони хешро ҷустуҷӯ мекунанд. Бинобар ин, Рӯзи милитсия поянда бод!
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
академик Фарҳод Раҳимӣ

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан