Ғолибан, ҷиҳати баррасӣ ва пажӯҳиши низоми қонунгузорӣ дар дилхоҳ давлате мушоҳида мекунем, ки умумигуфторӣ ва номушаххасӣ зимни мутолеаи қонунҳои асосии қудратҳои ҷаҳонӣ натиҷгирӣ мегардад, дар ҳоле ки давлатҳои рушдкунанда ё чунонки дар адабиёти илмӣ мегӯянд, кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳангоми таҳия ва тадвини қонуни асосӣ аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва аз таҷрибаи онҳо пайгирӣ менамоянд. Ҳануз Наполеон Бонапарт ба ин масъала дахолат карда, чунин иқтибосро баррасӣ кардааст: “Хитоб мекунем ба тадвинкунандагони қонуни асосӣ: кӯтоҳ ва номушаххас бинависед”. Дигар омили номушаххасӣ дар низоми қонунгузорӣ муҳаққиқини ҳуқуқдон ва бахшҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳҳо маҳсуб мешаванд, ки аз ҳуқуқшинос тахассуси умумгуфторе омода мекунанд. Ба ин монанд фарзияҳо бисёранд, аммо бо ин далел иктифо мекунем ва ба сари мақсад меоем, ки ҳадаф аз ин навистор чист?
Дар санаи 04.11.2022, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати истиқбол аз Рӯзи конститутсия (6 ноябр) Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ” бахшида ба 28-солагии Конститутсияи кишвар баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ-назариявиро муовини президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, профессор М. Абдураҳмон ифтитоҳ намуд.
Баъдан, академики АМИТ, Маҳкам Маҳмудзода дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули Конститутсияи мамлакат” маърӯзаи илмӣ ироа кард. Сипас, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ с.И. Иброҳимов бобати ташаккули адлияи маъмурӣ дар замони соҳибистиқлолӣ маърӯза намуд. Масоили назариявии давлат ва ҳуқуқ низ дар ҳамоиш баррасӣ шуда, мушкили дигари қонунгузории ватанӣ дар шаклу пешниҳоди номушаххас мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Дар ин маврид, ҳуқуқшиносон И. Бобоҷонзода ва Б. Гадоев маърӯзаҳо пешкаш намуданд.
Дар анҷом масъалагузориҳо муҳокима ва натиҷагирӣ сурат гирифт.
Тавзеҳот илова шавад