joomla
free templates joomla

ҚОНУНИ АСОСӢ БАРОИ ҲАМА ЯКСОН АСТ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Дар кишвари мо рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ботантана қайд карда мешавад. Аз ин хотир, дар ин рӯз шаҳрвандон андешаҳои худро озодона дар васоити ахбори коммуникатсионӣ изҳор карда, таманнои онро мекунанд, ки Қонуни асосӣ ҷилвагари адолати иҷтимоӣ бошад. Конститутсия аз ҷониби додгоҳҳо ва додгустарҳо қонуни асосӣ мебошад ва бояд чунин ҳисобида шавад. Аз ин рӯ, маҳз онҳо ваколатдоранд, ки маънои онро шарҳ диҳанд, инчунин маънои ҳама гуна санади ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти қонунгузорӣ баровардашударо тафсир намоянд. Конститутсия истилоҳи лотинӣ – constitution буда, маънои муқарраркунӣ ё худ тасдиқкуниро дорад. Мо имрӯз конститутсияро на бо он маъно, балки ҳамчун қонуни асосӣ медонем. Бинобар ин, савол ба миён меояд, ки аз кадом давра конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат эътироф намудаанд, чунки он таърихи тӯлонӣ дошта, бо маънои зикршуда дар таҷрибаи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Бояд зикр намуд, ки конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ вуҷуд надошт. Пайдоиши конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба давлати буржуазӣ, яъне аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ рост меояд. Аниқтараш пайдоиши конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба инқилоби буржуазӣ хос мебошад. Бинобар ин, аввалин конститутсияи буржуазӣ ба маънои томаш Конститутсияи ИМА (соли 1787) ва Конститутсияи Фаронся (соли 1791) ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамон давра оғоз карда, аввалин маротиба конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд. Людовики XIV мегуфт: “Конститутсия ин ман аст”. Яке аз фаъолони инқилоби кабири Фаронса Максимилиан Робеспер буд, ки ҷиҳати баҳогузории қонуни асосӣ чунин мегӯяд: “Инқилоб ҷанги озод бар зидди душманон аст, конститутсия бошад, низоми озодии ғалабаовар ва сулҳомез аст”. Аввалин конститутсия дар ИМА дар санаи 1787 ва дар Фаронса соли 1791 қабул карда шудааст. Ҳануз дар ибтидои соли 1992 гурӯҳи кории мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Аммо оғози ҷанги таҳмилӣ ин гурӯҳи кориро муваққатан аз фаъолият боздошт. Моҳи ноябри соли 1993 бо пешниҳоди Сардори давлат гурӯҳи корӣ аз нав ташкил ёфт. Ҷолиб аст, ки қабули конститутсия дар давлатҳои аз мустамлика озодшуда на танҳо рамзи соҳибистиқлолиятии онҳоро, балки мустақилияти ин давлатҳоро ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷассум менамуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати қонунгузорӣ ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Тибқи ин ҳуҷҷат кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва низоми сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Моддаи аввали Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона медонад. Ягона ва соҳибихтиёр будани кишвари мо аз он далолат мекунад, ки дар татбиқ сохтани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қудратҳо дахолат намекунанд. Демократӣ ва ҳуқуқбунёд номидани давлати тоҷикон дар Қонуни асосӣ ба ин маъност, ки ҳамаи масъалаҳо тибқи таносуби ҳуқуқу қонун баррасӣ шуда, яке аз дигаре бартарӣ надорад. Дунявӣ ном бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия ин ақидаро мефаҳмонад, ки дар кишвари мо ҷаҳонбинии динӣ аз фаҳмишҳои дунявӣ муқаддам намебошанд.
Тибқи Қонуни асосӣ ҳокимияти сиёсӣ ба се шоха тақсим мешавад: ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ. Ин тақсимоти ҳокимият дар асри ҳозир яке аз нишонаҳои рушди демократии ҷомеа маҳсуб мешавад. Мутобиқ ба моддаи шашуми Қонуни асосӣ дар мамлакат сарчашмаи асосии ҳокимияти давлатӣ халқ мебошад. Моддаи 17 баробарии ҳамаро дар назди қонун кафолат медиҳад ва ҳуқуқу озодиҳояшонро таъмин менамояд.
Таҳия ва роҳандозӣ шудани Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфта, айни замон ҳуҷҷати гаронқадре дар ҳисоби “панҷгонаи беҳтарин” арзёбӣ мешавад.
Ширин Қурбонова,
муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и АМИТ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан