Эълон Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АХИ ҶТ) ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” (МД“МҶМТИ”) эҳтиромона ба Шумо мерасонанд, ки хонандагони болаёқати синфҳои болоии (7-11)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои ш. Душанбе ва ноҳияҳои Рудакӣ, Ваҳдат, Ҳисор метавонанд ба Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гарданд.
Шахсони дар бахшҳои илмии дилхоҳ номнавис шуда, сатҳи донишҳои худро ройгон тақвият хоҳанд дод.
Тамоми дарсҳои иловагӣ дар бахшҳои фаннӣ (нигар ба рӯйхати поён) дар АХИ ҶТ ба таври ройгон дар Институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва кафедраҳои хуб ҷиҳозонидаи донишгоҳҳои олии кишвар гузаронида мешаванд.
Рӯйхати бахшҳои илмии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АХИ ҶТ)
Математика Биотехнология
Информатика Биохимия
Физика Бионика
Технологияи ҳозиразамон Селексия
Астрофизика Геология
Химия Тиб
Гидрохимия География ва экология
Биология Иқтисодиёт
Генетика Ҳуқуқ
Биоэкология Таърих ва археология
Президенти Академияи
хурди илмҳои ҶТ,
академик Ҳисориев Ҳ.Ҳ.
Директори Муассисаи давлатии
“Маркази ҷумҳуриявии
муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” Сафарзода У.