joomla
free templates joomla

ҚОНУНИ АСОСӢ АЗ ДИДГОҲИ АКАДЕМИК МАҲМУДЗОДА

Возможно, это изображение 1 человек и стоит
       Ҷомеаи кишвар бо номи академик Маҳкам Маҳмудзода ошност. Номбурда ҷиҳати баррасии Қонуни асосӣ таваққуф карда, бахшҳои гуногуни онро таҳқиқ менамояд ва дар яке аз мақолаҳои ба ин мавзӯъ бахшидашудааш чунин таъкид мекунад: “Дар назарияи илми ҳуқуқ мавҷудият ва амали бевоситаи Конститутсия нишондиҳандаи муҳими волоияти ҳуқуқ дар давлат, афзалият ва эҳтироми ҳуқуқҳои шахсият маҳсуб ёфта, ин ғояи конститутсионӣ татбиқи васеи худро қариб, ки дар тамоми дунё пайдо намуда, усулҳои зӯроваронаи амалисозии ҳокимият ва идоракунии давлат, вайрон-кунии моҳияти қонунро инкор мекунад. Яке аз мақсадҳои заминавии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсияи муосир ва дар заминаи он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ғояҳои муосири аз ҷониби умум пазируфташуда, дорои характери универсалӣ мебошад ва ба ҳама гуна низоми сиёсӣ ва идеологии халқиятҳои дар раванди таърихии давлатдории ҷаҳон мавҷудбуда мувофиқат менамояд. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои аъзои собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар солҳои аввали ташаккули пояҳои истиқлоли миллӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститут-сияи нав қабул гардида, саҳифаи навро дар низоми таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд ва дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеа ба миён оварда, самти ташаккули иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсии давлатро муайян намуд”. Дигар мавод, ки аз ҷониби академик Маҳмудзода бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва соҳаҳои мухталифи қонунгузорӣ таълиф ёфтааст, маҷмӯи мақолаҳо ва маърӯзаҳои ӯст, ки “Сиёсати ҳуқуқӣ ва давлати демократӣ” номгузорӣ шуда, соли 2017 интишор гардидааст. Бидуни тардид ин ҷо пажӯҳишро аз қонуни оиладорӣ оғоз мекунем. Чунки раванди ҷаҳонишавӣ падидаҳои нави иҷтимоиро дар ҷаҳон мунташир сохт ва барои мутобиқ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо қавонини наву усулҳои ҷадиди барпо кардани оила дар кишварҳои мутараққӣ тағйироти куллӣ дар низоми қонунгузории оилавӣ аз зумраи заруратҳое маҳсуб мешаванд, ки бо дарназардошти онҳо бархурдҳои оиладорӣ баррасӣ мешаванд. Алъон, дар кишварҳои мутараққӣ тоифае аз ҷавонон барпо кардани оиларо дар натиҷаи издивоҷ ғайри қобили қабул дониста, ҳаёти муҷаррадиро аз оиладорӣ афзал мешуморанд. Бояд иқрор намуд, ки таблиғи муҷаррадӣ дар Урупо ҳануз аз нимаи дувуми садаи XIX оғоз гардид ва айни замон ҷонибдорони чунин тарзи ҳаёт торафт меафзоянд. Мушкилӣ пиндоштани оила дар Ғарб боис шуд, ки ин қитъаро айни замон норасоии насл фаро гирифтааст. Инсони муосир мубтакир аст, ки барои хеш зиндагӣ кунад ва ҳеҷ тардиде нест, ки дар зиндагонии ӯ дигарон низ мушорикат кунанд. Яъне, печидагии фарди ҷомеа бо ғайри худ агар зинае аз худшиносист, аммо дар ниҳоди вай эҳсоси бағоят муҳими башардӯстиро нобуд мекунад ва инсоне, ки аз барпо кардани оила ба хотири таъмини озодиҳои фардии хеш сарпечӣ намудааст, оқибат ба пойбандӣ гирифтор хоҳад шуд. Ҷавонон масъул намебошанд, ки тавассути дигарон ва бо дастури пайвандони хеш оила барпо карда, издивоҷ намоянд, аммо омилҳои биологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки инсони болиғ ҳатман бояд издивоҷ кунад. Академик Маҳкам Маҳмудзода дар як мақолааш, ки “Заминаҳои ҳуқуқии ташаккули оила дар даврони истиқлолияти давлатӣ” мебошад, инъикосгардии баъзе аз самтҳои маълумнабудани қонунгузории оилавиро дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур менамояд. Шаҳрвандони кишвар имрӯз низ анъанаеро идома медиҳанд, ки мутобиқи он дар оила баробарии марду зан каноргузорӣ шуда, зӯроварии мард дар нисбати зан ҳувайдо мегардад. Бинобар ин, аксар бонувони издивоҷкунанда аз фаъолият боздошта шуда, минбаъд дар тобеияти мард қарор мегиранд ва нақши онҳо дар ҳаёти оилавӣ лағв мегардад. Бисёрии занон бо чунин авзоъ ва муҳити истеъдодкӯш муросо карда, бо пӯхтани ғизо ва дигар корҳои ҷисмонӣ қаноат мекунанд, ки дар авохир низоми оиладорӣ халал дида, ба буҳрони шадиде гирифтор мешавад. Аз ҳамин хотир, Маҳкам Маҳмудзода аз тағйиру иловаҳое ёдрас мегардад, ки алайҳи ин анъанаҳои поймолкунанда аз ҳуқуқи занону бонувон ба тасвиб расидаанд. Бавижа, бархе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқиро зикр карда, татбиқи онҳоро ҳатмӣ медонад: “Ба зумраи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардидаанд, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000, №98 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ”; аз 8 августи соли 2001, №391 “Дар бораи барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”; аз 1 октябри соли 2004, №406 “Дар бораи тасдиқи номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад”; аз 1 октябри соли 2004, №407 “Оид ба тасдиқи навъҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳое, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент рӯёнида мешавад”; аз 1 ноябри соли 2006, №496 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”; аз 29 майи соли 2010, №269 “Дар бораи тасдиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”; аз 30 декабри соли 2015, №801 “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ дохил мешаванд” .
        Академик Маҳкам Маҳмудзода дар баррасии оилаҳои муосир иктифо карда, ҷиҳати таҳқиқ ба давраҳои бостонӣ рӯ меорад ва бинобар мушкилиҳо омилҳои муосири буҳрони оилавиро муаррифӣ намуда, сабаби рушди камбизоатиро дар оила баҳогузорӣ мекунад. Дар ин маврид, ӯ иқтибосе аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меоварад, ки матлаи он ин аст: “Камбизоатӣ дар кишвари мо аз бисёр ҷиҳат ҷанбаи оилавӣ дорад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда ҳоло ҳар як оилаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 7 нафар иборат аст, яъне як нафар корманд тақрибан шаш нафарро мехӯронад ва мепӯшонад. Ҳол он ки дар мамлакатҳои тараққикарда дар аксарияти мавридҳо ду нафар саробонии як фарзандро ба ӯҳда доранд. Аз ин лиҳоз, банақшагирии оила воситаи муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти саломатии аҳолист” .
        Омилҳои дигар ҷиҳати поймолшавии ҳуқуқи занону бонувон гуногун мебошанд, аммо академик бо такя бо маълумоти оморӣ аз 15 ҳазор зане ҳарф мезанад, ки хондану навиштанро наёмӯхтаанд ва ҳангоми навиштани мавод ё хондани матлабе ба дигарон муроҷиат мекунанд.
Матлаби академик Маҳкам Маҳмудзода бобати риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар аҳди қадим хеле ҷолиб аст, чунки ниёгони мо, тоҷикон аз қадиммулайём дар муносиботи зану шавҳар нигоҳи нек дошта, зӯровариро нисбат ба ҳамдигар бидъат мепиндоштаанд: “Ҳанӯз дар аҳди Зардушт, тақрибан асри IX қабл аз милод ба муносибатҳои мардону занон дар заминаи ҳуқуқ диққати ҷиддӣ дода мешуд. Зиёда аз ин, дар масъалаи танзими ҳуқуқии амволи оила дар Шарқи қадим пешравӣ нисбат ба Ғарб ба мушоҳида мерасад. Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз сангнавиштаҳои кӯҳи Муғ пайдо кардаанд, ки он ба асри VIII қабл аз милод тааллуқ дорад. Бунёди оила дар аҳди Зардушт амали муқаддас пиндошта шуда, ба инкишофи маънавияти ҷомеа алоқаманд ҳисобида мешуд... Масалан, дар “Қонунномаи Сосониён” сабт шуда буд, ки “инсон духтари хешро набояд зидди иродааш ба шавҳар диҳад” .
       Бисёр мушоҳида мешавад, ки зану марди ҷавон бинобар надонистани ҳуқуқу масъулиятҳои ҳамдигар фиреб мехӯранд ва зуд аз ҳамдигар ҷудо гардида, барои нав ҷустани шарики зиндагӣ иқдом мекунанд. Махсусан, пароканда шудани теъдоди муайяни оилаҳои ҷавон нигаронкунанда буда, шоҳид ба ин андеша аст, ки бархе аз ҷавонон ҳаёти мустақилонаро намепазиранд. Тафаккури бунёд сохтани оилаи нав дар сурати ҷудошавӣ аз каммасъулиятист, чунки фақат инсони бемасъулият ва маҳрум аз самимият дигарбора мехоҳад шарики нави зиндагиро интихоб карда, бо аввалӣ дар инзиво қарор бигирад. Ҷудошавии оилаҳои ҷавон гувоҳӣ медиҳанд, ки насли нави бо мо муосир интихоби ҳамсарро тариқи саҳлнигорӣ анҷом дода, худ таҳқиқ намекунанд, ки чаро онҳоро бояд ақди никоҳ баст. Гузашта аз ин, надонистани никоҳ ва онро чун сарборӣ пиндоштани бисёриҳо дар ояндаи наздик масоиби дардзо ба бор меоварад ва ҳамаи ин мушкилиҳо ба тарзи тафаккури ҷавонон тадохул дорад, чунки беаҳамиятӣ ба никоҳи ҳамсарон, бечунучаро беэътиноиро нисбат ба миллату давлат бунёд мекунад. Боз бармегардем ба андешаи академик Маҳкам Маҳмудзода, ки бобати ризоияти ҷонибайн мегӯяд: “Яке аз хусусиятҳои муҳими никоҳ аз он иборат аст, ки он ихтиёрӣ баста мешавад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ ба ризоияти тарафайни зану мард асос меёбад. Азбаски асоси никоҳро ризомандии тарафайн ташкил медиҳад ва қонун ин озодиро муҳофизат менамояд, ҳар гуна амали маҷбурӣ барои никоҳ на фақат боиси бекор кардани ин никоҳ мегардад, балки шахсоне, ки барои чунин амал гунаҳкоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ низ кашида мешаванд” .
         Аксуламал ба таҳияи оила дар муқобили ихтиёр истифода шудани ҷабр маҳсуб мешавад ва чунонки академик баён медорад, тадқиқот дар корхонаҳо ва муассисаҳои шаҳри Душанбе, дар судҳои ҷумҳурӣ гузаронидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки яке аз сабабҳои зиёд будани талоқи ҳамсарон – норозигии яке аз тарафҳо дар бунёди оила мебошад. Хеле бармаҳал, яъне дар синни ҳанӯз барвақтӣ (тахминан 17,18,19,20,21-солагӣ) оила барпо кардан низ тибқи тадқиқоти сотсиологӣ аз зумраи авомилест, ки оқибат ба ҷудошавӣ меоранд. Ҳуқуқшиноси машҳури кишвар дар ин маврид менависад: “Агар мард дар синни 17 – солагӣ издивоҷ кунад, оё душвориҳои ҳаёти оилавиро аз ҷиҳати моддӣ бартараф карда метавонад? Албатта, не. Зеро дар ин синну сол одатан, ҷавон ягон омодагии муайян надорад. Ӯ маҷбур мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои волидайн ҳаёти оилавӣ гузаронад” .
         Яке аз проблемҳои тоҷикони муосир ҳамон никоҳи хешутаборист, чунки бо вуҷуди фарҳанги оламгир доштан гурӯҳе аз онҳо аз зумраи пайвандони наздиктарин ҳамсар интихоб мекунанд. Не, ин ҷо фикр нодуруст изҳор шуд. Интихоб не, балки ҷавононро пирони соҳибтаҷриба водор мекунанд, ки мабодо аз зумраи бегонагон ҳамсар накунӣ ва ба барвақтӣ хурдсолонро бо ҳам гаҳворабанд менамоянд. Дар Ғарб ин мушкилӣ вуҷуд надорад, чунки ҷавон дар Урупо пайванди худро бародару хоҳар мехонад ва никоҳ бо ононро айни шармандагӣ мешуморад. Дар кишвари мо бошад, бузургсолон бо баҳонаи ин ки мерос бегона нашавад, ҳамсарро аз миёни ақрабои наздиктарин интихоб мекунанд ва бо вуҷуди оқибатҳои вахим доштани никоҳи хешутаборӣ боз ҷиҳати риояи одати мавҷудбуда иқдом менамоянд. Академик Маҳмудзода М. Дар ин мавзӯъ таваққуф намуда, дар натиҷаи пажӯҳиши густурда ба чунин хулоса меояд: “Илми тиб муқаррар кардааст, ки никоҳи хешовандон ба насли онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Кӯдакони аз ин никоҳ тавлидёфта мурда ба дунё меоянд ё умри дароз намебинанд, ё гирифтори касалии вазнин мешаванд. Масалан, хатари ба касалии Дауна гирифтор шудани кӯдаки аз никоҳи хешу таборони наздик таваллудёфта нисбат ба кӯдакони аз никоҳи муқаррарӣ тавлидёфта ду баробар зиёдтар мебошад” .
        Пажӯҳишҳои гуногунсоҳа шаҳодат медиҳанд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар дилхоҳ кишвари таъминкунандаи ашъёи хом бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро рушд мебахшад, аммо аз ин ду тамоили иҷтимоӣ бештар занону кӯдакон зиён мебинанд. Аз ҳамин хотир, мушкилии асосии оилавӣ низ дар нобаробарии ҳуқуқи зану шавҳар нисбат ба моликият маҳсуб мешавад. Дар чунин вазъ ҳуқуқи волидайн ба моликият бартарӣ ёфта, зану кӯдаки фарди муҳоҷир дар шароити ногувор қарор мегиранд. Бинобар ин, дар бархе аз мавридҳо сабри бонувон лабрез гардида, дархости бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби онҳо пайдо мегардад. Асоситарин омили ҷудошавӣ ҷаҳди соҳибшавии моликият мебошад, аммо дар оилаҳои бо тамоюли шарқӣ мусаллаҳшуда зимни баррасии молумулкӣ ғайр аз зану мард, боз волидони онҳо низ иштирок мекунанд, чунки дар оилаҳои анъанавӣ моликияти оилаҳои ҷавон дар пояи дороии молумулкии падарону модарон ташкил мешавад ва хоҳ-нохоҳ дар чунин вазъи иҷтимоӣ вобастагии оилаҳои ҷавон аз волидайни хеш ба вуҷуд меояд. Яъне, оилаҳои ҷавон бо ибораи саҳеҳ мустақил нестанд ва муҳоҷирати меҳнатии ҷавонмарди хонадоршуда низ хусусияти инфиродӣ дошта, масъалаи ҳиҷрат танҳо ба ӯ дахолат дорад. Ҳуқуқи зану кӯдак низ ҷиҳати ҳамроҳ бо шавҳар муҳоҷират кардан ғолибан поймол мегардад. Поймолшавии ҳуқуқи занону духтарон зимни тақсими мерос низ мушоҳида мегардад, чунки мардон дар ин маврид мутмаин ҳастанд, ки занони зиёндида дар ҳеҷ сурат ба муассисаҳои дахлдор муроҷиат намекунанд. Ин омил бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки донишҳои сиёсии оилаҳои ҷавон коста аст ва онҳо ҳатто дар ин маврид маълумот надоранд. Зимни хонадор кардани писар волидайни ӯ талош меварзанд, ки барояш ҳамсари оромтабиат интихоб кунанд ва ин бори дигар исбот менамояд, ки дар аксар оилаҳо ба занон ҳуқуқи молик будан ба дороиҳо дода намешавад.
       Маросими хонадоршавии ҷавонон дар аксар мавридҳо хусусияти фармоишӣ доранд ва истиқлоли фикр дар марду зани издивоҷкунанда мушоҳида намешавад. Чун истиқлол дар рафтори онҳо дида намешавад, минбаъд онҳо ҷиҳати ҳалли масоил ва мушкилиҳо ба волидайни худ муроҷиат мекунанд ва дар ҳаллу фасл кардани умур мустақил нестанд, ҳол он ки издивоҷ маънои гусел кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Дар ин маврид академик Маҳкам Маҳмудзода менигорад: “Дар ҳақиқат, бо вуҷуди мавҷудияти базаи ҳуқуқӣ занон имконияти воқеии татбиқи онҳоро махсусан дар соҳаи иқтисод надоранд ва сабабҳои онро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: аввалан, майлони дастрасии нобаробар ба меҳнати дорои музди баланд; дуюм, монеаҳо дар харидорӣ, соҳибият ва ба мерос гирифтани моликият; сеюм, арзёбии нобаробари меҳнати хона. Мутобиқи маълумотҳои муоинаи интихобӣ, ки Комитети давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод, дар байни сарварони оилаҳо 21 фоизро занон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин зан ба буҷети оила, ки сарвараш мард аст, саҳми бештар ворид мекунад, вале ғояҳои гендерӣ ва умумиятҳои ба онҳо мутобиқ кам тағйир ёфтаанд” .
        Воқеан, бисёр ба чашм мехӯранд заноне, ки дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд, аммо онҳо аз ҷониби шавҳаронашон пайваста назорат мешаванд. Нобоварӣ ба якдигар низ дар оилаҳои ҷавон низову иғвоҳои навбатиро ба вуҷуд оварда, дар камолёбии оила монеаҳо эҷод мекунад. Албатта гуногунандешӣ омили пешрафт аст ва бояд барои андешаи худро доштан мо инсонҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо насозем, аммо нобоварии марду зани ҷавон нисбат ба ҳамдигар имкон намедиҳад, ки оилаҳо рушд кунанд, чунки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тараққии оилаҳо сарчашма мегирад.
 
 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан