joomla
free templates joomla

Иҷлосияи тақдирсози миллат

Асри бистум кард баҳри мо ато
Сарвари ғамхор ҳам сулҳу сафо
Шукри он Маҷлиси Шуро дар Хуҷанд
Бар вакилон дод панди судманд
Сарвари давлат ба миллат ҳадя кард
Руи сурху зиндангии бегазанд.
         Бо баёни ин чанд сатри шеърӣ бо истифода аз ин фурсат мехоҳам дар ин ҷо чанд мулоҳизаи умумӣ ва фардии худро дар бораи Иҷлосияи таърихии Хуҷанд баён дорам.
     Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30 солагии баргузории Иҷлосияи таърихии 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ таҷлил менамоянд. Дастовардҳои бузурги давлати имрузаи мо маҳсули ин иҷлосияи таќдирсоз ва инчунин сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардиданд.
       Собит шудааст, ки маќоми шахс дар таърих хеле бузург аст. Бояд гуфт, ки таърих халќҳову миллатҳоро тули замон месанҷад, таќдири онҳоро ба ин ё он фарзанди миллат месупорад, барои ҳар халқу миллат чеҳраҳоеро дар марҳилаҳои гуногуни замон эҳдо мекунад то буду набуд ва бахусус рушди миллатро ба дӯш дошта бошанд. Хушбахтона, дар мавриди халќи тоҷик ин интихоб бо натиҷаи хуб анҷом ёфт. Барои миллати тоҷик ин гуна шахсияти шариф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
         Маълум аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли мо бо фитнаю дасисаи душманони дохилию хориҷӣ ба гирдбоди ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Азбаски харобиҳои ҷанг торафт бештар мегашт неруҳои солимақли ҷумҳурӣ тасмим гирифтанд, ки дар шаҳри Хуҷанд иҷлосия даъват намуда, ҳукумати қонуниро барқарор намоянд. Ҳамин тавр 16 уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Қасри Арбоб”-и шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Дар Иҷлосия аз 230 вакил 197 нафар иштирок доштанд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз 74 санади ҳуқуқӣ аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор 6 фармон ва як изҳорот қабул карда шуд, ки муҳтаво ва мақсади асосии қабул намудани онҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, таҳкими низоми давлатдории навини миллӣ, ҳифзи арзишҳои олии миллию давлатӣ ва ҳимояи сохтори конститутсионӣ равона шуданд.
       Аҳамияти Иҷлосияи сарнавиштсоз дар он аст, ки маҳз тавассути ҳамин иҷлосия дар кишвар ба тадриҷ ором – ором, сулҳу осудагии доимӣ таъмин гардид. Ин Иҷлосия ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ ташаккули Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ замина гузошта дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро чун давлати демокративу дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
        Таҳаввулоти бунёдии кишвар ба сўи сулҳ ва пешрафтҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Бузургтарин, олитарин ва воқеъбинонатарин қароре, ки вакилони онвақтаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда буданд, ин интихоби Раиси Шўрои Олӣ ва ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин кори осон набуд. Бояд эътироф намуд, ки ин интихоб оғози наҷоти давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ буд. Ҳамзамон роҳ ба сўи тараққиёт, озодӣ ва таҳаввулоти бунёдии давлат буд. Маҳз ба туфайли он Тоҷикистон имрўз субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ва ташаббускори ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ гардидааст.
        Аз нақли муаллимон, волидон ва хешу таборон медонам, ки он солҳо мардуми мо хеле дилшикаставу парешонхотир буданд. Касе ба касе бовар надошт, бераҳмиву бетартибӣ, ҷаҳолат дар шууру тафаккури аксарият печида буд. Садои тиру туфанг дар фазои кишвар даромехта, ба дили мардум тухми навмедӣ мекошт. Одамон аз хонаву дар маҳрум гашта даҳшатзадаву ҷон ба каф тарки Ватан мекарданд. Дар ҳамин рузҳои вазнин шахсиятҳои сарсупурдаи миллат, аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷуръату ҷасорати мардона ва иродаи қавӣ гуфта буд:
“Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам. Ман тарафдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Ман аз роҳи пешгирифтаам пас намегардам. Ман ҷонамро барои сулҳу оромии ин халқу ватан гарав мондаам. Агар ҳамаи ин кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо бо нархи ҷони ман хотима ёбанд, ин сару тан ва ҷони азизам фидои ин халқу ватан бод!” Дар он замон ба чунин оҳанг ва масъулият сухан гуфтан ҷасорати калонро тақозо менамуд.
Аз нақли насли калонсол, ва махсусан иштирокдорони Иҷлосияи 16 ум медонам, ки ин масъулияти бузургро дар он вазъи мураккаб ҳеҷ кас ба ҷуз ӯ ба дӯши худ гирифта наметавонист. Ба сардори тозаинтихоб мегуфтанд, ки то ором шудани вазъият ба марказ наравад, аммо он кас иродатмандона рафтанд. Ба пеши халќ рафтанду оташи ҷангро баъди муддате бо ёрии худи ҳамин халќ хомӯш карданд, гурезаҳоро баргардонданд, харобаҳоро обод намуданд, гуруснагиро аз миён бурданд, сулҳу ваҳдатро пойдор сохтанд, ва дар натиҷа миллату давлатро наҷот бахшиданд. Ин абармард дар мушкилтарин давраи таърихӣ тавонист кишварро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо намуда, давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳад, халқро сарҷамъ ваҳдати миллиро пойдор ва оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандиро бартараф гардонда, роҳи дурусти рушдро интихоб намояд то ки кишвар рақобатпазир ва дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёбад. Иҷлосияи таърихии 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат сарнавиштсоз буд.
        Дар бораи мақоми Иҷлосияи 16-ум мақолаҳои фаровон навишта шуда, суханҳои фаровон гуфта шуда, вале аз нигоҳи ман муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ боз ҳам ҳамон буд, ки ба кишвари мо сулҳу салоҳ омад, умеди зиндагӣ ба халқ баргашт. Ин иҷлосия шахсиятҳои нави миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин мардони майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо руҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд балки дар эъмори давлат таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузоштанд. Бояд эътироф намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ ноҷурию дарҳамбарҳамиҳои сиёсӣ билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Сабаби ба натиҷа расидани нияту амали ин гуна шахсиятҳо ин буд, ки онҳо набзи онваќтаи зиндагии халќро ба хубӣ дарк мекарданд.
        Нақши Иҷлосияи тақдирсозро дар баҳамоии мардумӣ, созиши тарафҳои даргир, тақвияти Исттиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ карда Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон апрели соли 2012 ироа доштанд:
“маҳз ба шарофати ин руйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар ватани азизамон ваҳдати миллӣ сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд”.
       Ман ва насли ҷавони тозаистиқлол ҳамагӣ ифтихор мекунем, ки ҳанўз 30 сол қабл нахустин хиштҳои ваҳдат ва сулҳу субот бо шарофати шахсиятҳои истиќлолхоҳе ба мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Аз ин ру имруз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гузоштани саҳм барои пойдории сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мо метавонем сатҳи зиндагии аҳли кишварро баланд бардошта, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро таъмин намоем.
       Сиёсатмадорон ва олимони замони мо қайд мекунанд, ки имрўз муҳимтарин вазифаи ҳар фарди кишвар дарки вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон ва минтақа, эҳсоси масъулият дар баробари истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти ҳар чи бештари эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори худогоҳонаи миллӣ мебошад, то ки Ватан дар замони дар таърихи инсоният фоҷеабортарин аз ҳама гуна хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин бошад ва наслҳои оянда ҳамеша соҳиби давлати мустақилу озод ва миллати соҳибиқбол ва аз насли имрўзӣ миннатдор бошанд.
       30 солагии Иҷлосияи 16уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун меросбари тамаддуни бузург, ганҷинаи бебаҳои илму дониш, маърифат, макону махзани сарватҳои моддӣ ва боигариҳои табиӣ истиқбол мегирад, ки ин ҳама хусусиятҳо мояи сарфарозию ифтихори ҳар як соҳибватан аст.
Албатта маълум аст, ки ман шоҳиди бевоситаи Иҷлосияи 16 ум нестам, чун соли 1998 ба дунё омадам, вале фарзанди даврони Истиқлолият мебошам, дар ҳамин замон ба воя расидам, таҳсил намудам ва роҳи ҳаёти худро муайян намудам. Ман ҳамаи дастовардҳои Иҷлосия ва натиҷаҳои замони истиќлолро бо ду чашми бинои худ мебинам ва онҳоро бо дигар мамлакатҳо муќоиса мекунам.
        Дар таҷрибаи шахсии худ ман эҳсос мекунам, ки натиҷаҳои муҳимтарини ин Иҷлосия – интихоби роҳи рушди ҷомеаи демократӣ ва давлати дунявӣ барои ман ва барои халқамон чи гуна муҳим мебошанд. Роҳи интихобкардаи мо роҳи зиндагии пурсаодат, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, роҳи сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ аст. Ин роҳро мо бошуурона ва барои ҳамешагӣ интихоб кардаем. Мо насли ҷавони кишвар ватани худро аз дируз беҳтар ва пагоҳ ҳатман аз имрўз ҳам ободтар месозем. Мо онро аз нав месозем. Чунонки шоири шаҳир гуфтааст:
Мазҳаби зиндадилон хобу парешонӣ нест,
Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.
 
Наврӯзова Мавлуда,
Корманди хурди илмии
Маркази синошиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан