Ҳисоботи роҳбарони лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуруъ шуд
Имрӯз (01.11.2022) Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳисоботи солонаи роҳбарони илмии лоиҳаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро оғоз намуд.

Дар назар аст, ки ҳисоботҳои мазкур тӯли як моҳ давом карда, дар он тамоми лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навбат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шаванд.
