joomla
free templates joomla

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

       Возможно, это изображение текст
           Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарқонун— 6 ноябри соли 1994 дар ҶумҳурииТоҷикистон қабул карда шудааст ва дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Дар муддати беш аз 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар чунин мӯҳлатҳо тағйиру иловагиҳо ворид карда шудаанд: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016, ки бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин бобҳо иборат мебошад:
Боби 1. Асосҳои сохтори конститутсионӣ (моддаҳои 1-13)
Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ,вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (моддаҳои 14-47)
Боби 3. Маҷлиси олӣ (моддаҳои 48-63)
Боби 4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 64-72)
Боби 5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 73-75)
Боби 6. Ҳокимияти маҳаллӣ (моддаҳои 76-80)
Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моддаҳои 81-83)
Боби 8. Суд (моддаҳои 84-92)
Боби 9. Прокуратура (моддаҳои 93-97)
Боби 10. Тартиби тағйири конститутсия (моддаҳои 98-100).
    Зарур ба ёдоварист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок пеш бурдани корҳои таҳқиқотӣ ба олимон тоҷик имкониятҳои васеъро фароҳам овардааст. Дар ин ҷо месазад чанде аз комёбиҳои илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва техналогияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро, ки аз нишондодҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ёдовар гардид.
Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2011, №394 ва қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №140 таъсис дода шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти Марказ:
 гузаронидан ва ҳамоҳанг сохтани тадқиқотҳои илмӣ оид ба самтҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии илм ҳамчун заминаи рушди фаъолиятҳои инноватсионӣ;
 таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои рушди иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим доранд;
 ҳавасмандгардонии фаъолиятҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ;
 дастгирӣ ва танзими пешниҳодҳо дар соҳаи истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергия, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ;
 иштирок дар ташкил намудани истеҳсоли маҳсулоти мансуб ба соҳаи энергетикаи алтернативӣ;
 густариш додани донишҳо оид ба дастовардҳои илмию техникӣ, коркарди маҳсулот ва ҳалли масъалаҳои техникӣ дар соҳаи инноватсия;
 таъсиси базаи лоиҳаҳо, дастгирии машваратӣ, тайёр намудан ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки инноватсионӣ дар бахши истифодабарии самараноки энергия;
 амалисозии лоиҳаҳои биоэнергетикии санҷишӣ (пилотӣ);
 мустаҳкам намудани алоқаи илм бо истеҳсолот баҳри амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои илм.
Дар панҷ соли охир (солҳои 2017-2021) олимону мутахассисони Марказ дар асоси мубрамиятҳое, ки аз Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш меоянд, чунин натиҷаҳои арзишманди илмию истеҳсолиро ба даст омадаанд:
1. Захираҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон тадқиқ карда шуданд. Нерӯи дохилӣ, техникӣ ва иқтисодии ин намудҳои энергия арзёбӣ шуданд.
2. Имконияти истифодаи амалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ шуда, сабабҳои асосии ба рушд ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи монеъшаванда ва чораҳои бартараф намудани онҳо нишон дода шуданд.
3. Дар ноҳияи Ваҳдат дастгоҳи биогазӣ бо метантенки филизии зарфияташ 10 м3 сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он дар як шабонарӯз ба миқдори 2-3 м3 биогаз ҳосил карда мешавад.
4. Усулҳои ҷудо кардани метан аз биогаз ба мақсади истифодаи он ба сифати манбаи энергия барои воситаҳои нақлиёт ва табдил додани он ба энергияи электрикӣ нишон дода шуд.
5. Олимони Марказ дар ҳамкорӣ бо олимон ва мутахассисони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ марҳиллаи парваришу ба даст овардани ҳосили баланди зироати топинамбурро дар водиҳои Ҳисору Рашт дар баландиҳои 800; 1200; 2000 ва 2700м аз сатҳи баҳр омӯхта баромаданд.
6. Дар сурати обёрӣ намудани ин зироат ҳосили баланди биомасса (78 т/га) ва лӯндаҳои он (31 т/га) ба даст оварда шуд. Дар заминҳои лалмӣ ҳосили биомассаи топинамбур ба 40 т/га ва лӯндаҳояш ба 16 т/га расид. Аз топинамбур тарзи соддакардашудаи ҳосил намудани этанол ба роҳ монда шуд, ки он боиси ба тезӣ турушавии маҳсулот ва зиёд гаштани истеҳсоли спирт гардид. Дар асоси спирти ҳосилшуда, биосӯзишвории биологӣ ба даст оварда шуд ва барои муҳаррикҳои дарунсӯз тавсия гашт.
7. Дар ҳамкорӣ бо олимони Покистон дастгоҳ барои мониторинги параметрҳои модули фотоэлектрикӣ ва муҳити зист сохта шуд. Якҷоя бо олимони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, Муассисаи давлатии илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ – истеҳсолии АИ ҶТ дастгоҳи офтобии дуконтураи обгармкунанда бо коллектори ҳамвор дар асоси алюминийи аввалияи Корхонаи алюминийи Тоҷикистон сохта шуд.
8. Модели амалкунандаи хонаи офтобӣ бо системаи алоҳидаи таъмини барқ, оби гарм ва гарм кардани хона коркард карда шуд.
9. Пойгоҳи электрикии офтобӣ сохта шуда, мавриди озмоиш қарор дода шуд, ки он барои истифода дар осоишгоҳҳо, каттедҷҳо, хонаҳои берунишаҳрӣ ҳамчун манбаи таъминкунандаи қувваи барқ хизмат карда метавонад. Дар ҳамкорӣ бо олимони Институти технологияҳо ва илмҳои амалии Покистон дастгоҳи гибридии офтобии навъи «модул-коллектори фотоволтӣ» сохта, аз озмоиш гузаронида шуд, ки он барои ба энергияи электрикӣ табдил додани энергияи офтоб ва гарм кардани об дар истеҳсолот тавсия карда шудааст.
10. Самаранокии табдилдиҳии энергияи офтоб ба энергияи ҳароратӣ ва электрикӣ мувофиқан ба 15% ва 8% баробар аст. Ҳарорати миёнаи гармкунии об дар фасли баҳор 420С-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр бояд қайд намуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар амалӣ намудани барномаҳои илмӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварамон нақш ва манзалити махсусро соҳиб буда, барои гулгулшукуфии малакати биҳиштосоямон мусоидат менамояд.
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ- сарходими илмии Маркази
рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ,
доктори илмҳои кишоварзӣ

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан