Семинари илмӣ-методологӣ

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, имрӯз (26.10.2022) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинали илмӣ-методологӣ дар мавзуи "Проблемаи гармшавии иқлим ва истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон" (дар ҳошияи даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор") баргузор гардид.

Семинарро чун анъана мудири шуъбаи фалсафаи Раёсати АМИТ, профессор Ғ. Мирзоев оғоз бахшида, директори муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳо"-и АМИТ, профессор А. Қаюмов идома бахшиданд.

Дар сеимнар масъалаи муносибати экологии замони муосир ва таъсири обшавии пиряхҳо ба ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
