Маросими тақсимоти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон

Санаи 19.10.2022 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 35 ҷилди китоби "Мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон" ба намояндагони муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии АМИТ ва Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ тақдим гардид.

Китоби мазкур ҷиҳати омӯхтани вижагиҳои фарҳангӣ ва таърихии минтақа басе судманд буда, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад. Маросими тақсимоти китоб ба муассисаҳои давлатӣ бо ибтикори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода анҷом пазируфта, қадамҳои устувор дар рушди равобити фарҳангии ду кишвар баррасӣ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Узбекистон дар давраи муосир имкон фароҳам меорад, ки гуфтугӯи фарҳангҳо дар байни миллатҳои гуногун ҷонибдорӣ гарданд.
