joomla
free templates joomla

ИҶЛОСИЯИ ХVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗИ ТАҲАВВУЛОТИ БУНЁДИИ КИШВАР БА СӮИ СУЛҲ ВА ПЕШРАФТҲОИ СИЁСӢ ВА ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ

         Возможно, это изображение 1 человек и сидит
        Дар Конференсияи илмю амалӣ, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо 5 сентябри соли 2022 баргузор намуда буданд, дар бораи аҳамияти Иҷлосияи ХУ1-и Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода маърузаҳо намуда, мақоми онро дар таърихи навини Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол зикр намуданд. Дар маърузаҳои Зариф Ализода, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода масъалаҳои таҳкими сохти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ки баъд аз Иҷлосияи ХVI ба вуқуъ пайвастанд, мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Муаллифи ин сатрҳо низ дар мавзуе, ки дар унвони ин мақола зикр шудааст, маъруза карда буд, ки дар ин мақола муҳтавои он баён шудааст.
         Бояд гуфт, ки дар таърихи ҳар давлат ва ҷомеаву миллат воқеаҳое рух додаанд, ки тақдири он давлат ва миллат ба онҳо вобаста будааст. Дар сурати шиддати буҳронҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва наёфтани роҳи ҳалли онҳо давлатҳо ва миллатҳо аз байн рафтаанд ва ё дар натиҷаи бартараф кардани буҳронҳо боқӣ монда, ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи инсонӣ пайдо кардаанд.
     Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи буҳрони шадиди сиёсию иҷтимоӣ дар таърихи навини халқи тоҷик оғози марҳалаи нав ва таҳаввули бузург гардид.
        Вақте асарҳои таълифкардаи шахсиятҳои бузурги миллатамонро дар оғози асри бистум ва махсусан асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа мекунем, шахс қадри истиқлолият, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва озодиро бештар ва беҳтар дарк мекунад. Ва душманони миллати тоҷик дар оғоз ва анҷоми асри бистум ҳамон шеваи тоҷикпароканиро дар саргаҳи истиқлолият ва давлати миллӣ сохтанаш мехостанд ба роҳ монанд ва давлату миллатро бо дасти ифротиёни худаш бо шиорҳои фиребандаи “озодӣ” ва “демократия” пароканда намоянд. Баъзе ақидаҳои ифротгароёна, ки гоҳ-гоҳ бар зидди маориф ва ҳаёти дунявӣ баён мешаванд, муборизаи мутаассибони аввали асри бистумро, ки хидматгузори манғитиён буда, мардумро дар гирдоби ҷаҳолат гирифтор карда буданд, ба ёд меоранд. Набояд фаромўш кард, ки зери шиори мубориза бо ҷадидҳо дар Бухоро куштори зиёиёни равшанфикри тоҷик аз ҷониби мутаассибон ва ифротиён ба роҳ монда шуда буд.
       Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо хеле дақиқ ва амиқ дарк карда, ба таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдор, равнақи илму маориф ва фарҳанги миллӣ пайваста кўшиданд ва даъват мекунанд, ки зиёиёни кишвар рисолати худро дар ин амри муқаддас бо масъулият иҷро кунанд.
         Таҷрибаи бисёр кишварҳо, аз ҷумла Афғонистони имрўз нишон медиҳад, ки агар тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомиа заиф гардад, ҷои онро ҳатман тафаккури таҳрифшудаи сиёсӣ ва динӣ гирифта, ҳатто дар дохили он хурофот ва таассуб ҳамчун унсури зидди донишҳои илмӣ ва сиёсати солим таборуз мекунад. Аз ҷониби дигар муносибати танаффуромез ба дин ва аҳкоми он низ боиси динситезӣ мешавад, ки мушкилиро ба бор меоварад.
        Аз суханрониҳо ва асарҳои Пешвои миллат чунин натиҷа мегирем, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ ва ҳаётиро пайдо мекунад, ки ҷомеа, махсусан ҷавонон, бо ҳисси ватандўстии амиқ ва ифтихори бошуурона онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ дарк намоянд, онро сабаби асоси хушбахтии худ ва бақои наслҳои оянда донанд. Имрўз, чунонки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон зикр кардаанд, «раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд»[1].
        Намояндаи Муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Владимир Сотиров дар тақвияти суханони Пешвои миллат бамаврид таъкид карда буд: «Насли нави тоҷикистониён танҳо вақте вазифаи ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол ва озодро ҳамчун давлати воқеии муосири қодир ба таъмини шароити зарурии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои тараққиёти тадриҷии кишвар ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон бо муваффақият метавонад иҷро намояд, агар таърихи худро аз даврони қадимтарин то имрўз бидонад ва донад, ки мардуми сокини ҷумҳурӣ то имкон пайдо кардан барои зиндагӣ ва кор дар Тоҷикистон шароити ҳозираи орому босубот чӣ душвориҳоро паси сар намудаанд»[2].
         Бо кўшишҳои хастагинопазири Пешвои муҳтарами миллат, дар шароити ниҳоят душвори сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии солҳои 90-уми асри гузашта, ки ба беҳбуди вазъи сиёсию низомӣ камтар касон бовар доштанд, ҷанг хотима ёфт, гурезагон ва муҳиҷирони иҷборӣ ба Ватан ва маҳалҳои сукунаташон баргаштанд, сулҳу субот устувор гардид, масъалаҳои душвортарини иқтисодию иҷтимоӣ ҳаллу фасл шуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ нодиртарин таҷрубаро дар мисоли сулҳи тоҷикон ва ҳалли масъалаҳои сиёсию низомӣ, ҳуқуқию ба Ватан баргардондани гурезаҳо пайдо намуд. Ва сиёсатмадорон ва Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карданд, ки ҳалли проблемаҳои душвори ба вуҷуд овардаи ҷанг вақте имконпазир мегардад, ки Лидери умумимиллии ватанпараст, дилсўзи халқ ва ба аҳдофии олии сулҳу ваҳдати пойдор содиқ ба раванди давлатсозӣ ва сулҳофарини роҳбарӣ намояд. Ман ҳамчун узви Комиссияи оштии миллӣ борҳо шоҳиди он будам, ки муҳоҷирони ба Ватан баргашта хоки Ватанро ба рўяшон мемолиданд, ашки шодӣ мерехтанд, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падари ғамхор сипоси беандоза арз мекарданд, мусафедони баргашта аз таҳти дил дуои хайр мекарданд.
       Имрўз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар Тоҷикистон низоми давлатдорӣ мувофиқи ҳамон изҳороти дар Иҷлосияи ХVI эълон кардаи Сарвари давлат бунёд ва таҳким меёбад. Институҳои давлатӣ моҳияти демократӣ дошта, дар асоси асли ҳуқуқбунёдӣ амал мекунанд ва асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омадааст.
        Аз рақамҳои омории солҳои ахир дар бораи рушди иқтисоди миллӣ метавон натиҷа гирифт, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, заминаҳои тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ, маорифу фарҳанг ва илм ба вуҷуд омадааст. “...Аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият, зикр кардаанд Пешвои миллат, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем”.
       Таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро рақамҳои омории зайл нишон медиҳанд: дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шудаст.
        Дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат изҳор карданд, ки дар ин муддат маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт”[3]. Ҳамчунин рақамҳо то чи андоза дар соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардани давлатро ба таври равшан нишон медиҳанд. Масалан, дар ҳамин Паём дар ин бора омадааст: “Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд.
       Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.
        Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд”[3].
Мо имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки бо вуҷуди вазъияти носуботи сиёсию низомӣ ва иқтисодии ҷаҳони муосир халқи мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ монеаҳои зиёдро бартараф карда, ба субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт ва асосҳои давлати соҳибистиқлоли худро таҳким бахшид. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, махсусан масъалаҳои барои инсоният аҳамияти ҳаётӣ дошта, обрўю эътибори давлати моро баланд бардоштааст. Ин далели эътимодбахш барои ояндаи неки давлатдории мустақил ва бақои миллати тоҷик дар шароити мураккаби ҷаҳонисозии муосир мебошад.
        Таҷрубаи давлатсозии солҳои соҳибистиқлолӣ ба исбот расонд, ки раванди сулҳу ваҳдати миллӣ кори доимӣ, фаъолияти муттаҳидонаи тамоми рукнҳои давлат ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи наслҳои ҷавон ва наврасро дар рўҳияи ватанпарастию меҳнатдўстӣ ва эҳтиром доштанро ба арзишҳои ғании миллӣ ва умумибашарӣ тақозо мекунад.
       Таҳаввулоти бунёдии кишвар ба сўи сулҳ ва пешрафтҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Бузургтарин, олитарин ва воқеъбинонатарин қароре, ки вакилони онвақтаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда буданд, ин интихоби Раиси Шўрои Олӣ ва ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин интихоб оғози наҷоти давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ буд. Ҳамзамон роҳ ба сўи тараққиёт, озодӣ ва таҳаввулоти бунёдии давлат буд. Маҳз ба туфайли он Тоҷикистон имрўз субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ва ташаббускори ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ гардидааст.
        Файласуфи бузурги фаронсавӣ Волтер гуфтааст:”Воқеаҳои бузург инсонҳои бузургро ба вуҷуд меоваранд”. Ман илова карданӣ ҳастам, ки шахсиятҳои бузург давлат ва миллатро бузург месозанд. Инро мо дар шахси Пешвои миллати тоҷик мебинем ва ин ҳақиқати инкорнопазир аст. Маҳз абармардоне ба мисли Исмоили Сомонӣ, устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абўалӣ Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва пайравони онҳо барои рушди давлатдорӣ ва фарҳанги оламгири тоҷикону форсизабонон ҳаёти худро бахшидаанд. Дар ин радиф аз номҳои муборизони бузурги истиқлолхоҳии тоҷикон Спитамен, Абўмуслими Хуросонӣ, Ҳайдари Афшин, Темурмалик ва ғайра метавон ном бурд. Дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ дар доираи имкониятҳои ҳамон замон Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Турсун Ўлҷабоев, Ҷаббор Расулов низ корҳои муҳимро анҷом дода буданд.
        Имрўз муҳимтарин вазифаи ҳар фарди кишвар дарки вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон ва минтақа,эҳсоси масъулият дар баробари истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти ҳар чи бештари эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори худогоҳонаи миллӣ мебошад, то ки Ватан дар замони дар таърихи инсоният фоҷеабортарин аз ҳама гуна хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин бошад ва наслҳои оянда ҳамеша соҳиби давлати мустақилу озод ва миллати соҳибиқбол ва аз насли имрўзӣ миннатдор бошанд.
      Ҷои қаноатмандист, ки имрўз анъанаи беҳтарини он Иҷлосияро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, ба воситаи қабули қонунҳо ва қарорҳои муҳим, иқдомҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, беҳбуди ҳаёти халқи Тоҷикистон ва иҷрои нуктаҳои муҳими дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, фаъолияти босамар доранд.
Кароматулло Олимов,
академики АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
Раҳмон Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. –Душанбе.- Ҷ. 5. –С.394
Сотиров В. Вступительное слово. //Иброхим Усмонов. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе, 2006.С.3
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»// http://president.tj/node/27417

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан