joomla
free templates joomla

ИҶЛОСИЯИ XVI - ОҒОЗИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

       Бо ҳамин унвон имрӯз дар санаи 18-уми октябри соли 2022 дар толори АМИТ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Возможно, это изображение 10 человек, люди стоят и текст «дуруди»
      Ҳамоишро ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, нақши ин руйдодро дар таърихи навини тоҷикон хеле соҳибаҳамият баррасӣ кард.
Возможно, это изображение 1 человек и стоит
        Олимони ҷомеашинос аз қабили Убайдулло Насрулло, Қосимшо Искандаров, Саидмуродзода Л., Акмал Неъматов, А. Мирсаидов ва дигарон маърӯза намуда, зимни баррасии мавзуъ хотираҳои хешро ба ҳозирин бозгӯ карданд.
Возможно, это изображение 1 человек и стоит
       Бояд мутазаккир шуд, ки бо баҳонаи пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар аксар кишварҳои пасошуравӣ ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ оғоз гардид ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин наҳзат ба вуқуъ пайваст, аммо ҳанӯз дар нахустин тазоҳуротҳои онвақта ҳузури намояндагони Ҳизби дар мамлакат мамнуи наҳзати исломӣ неруҳои озодандеши ҷомеаи шаҳрвандиро таҳти тасарруфи хеш гирифта, онҳоро мавриди суиистифода қарор доданд. Бинобар ин, неруҳои озидохоҳи кишвар чун созмони мардумии "Растохез" ва Ҳизби демократӣ дар амалҳои зӯроварии исломиён нобуд гардида, ҳадафҳои сиёсии хешро бо нақшаҳои террористии ҳизби соҳибнуфӯзи исломӣ махлут гардониданд. Суоли матраҳ ин ҷо ин аст, ки чаро ҷои муқовимат озодихоҳон бо исломиён шарик гардиданд? Посухи ин суол ба ин минвол хоҳад буд: исломиён хориҷ аз Меҳан кумакҳои молиявӣ ва маънавӣ медиданд ва санаи таъсисёбии онҳо ба солҳои 70-уми садаи сипаришуда тааллуқ дошт. Аз ҳамин хотир, аксар аъзои раёсати ин ҳизб силоҳи оташфишон доштанд ва дар акнофи пойтахт низ ҷойҳоеро иттихоз намуда буданд, ки барои захираи силоҳ истифода мекарданд. Ғайр аз автомати "Калашников", боз маводи тарканда низ дар он мавзеъҳо захира мешуд. Бинобар ин, чун авзоъ дар соли 1991 муташанниҷ гардид, онҳо аз ин силоҳҳо ҷиҳати дифоъ аз терроризм истифода карда, бегумон намояндагони халқ ва хурдсолонро асир гирифтанд. Ин нахустин иқдоми террористонаи Ҳизби наҳзати исломӣ маҳсуб мешуд. Дар чунин авзоъ аксар шаҳрвандон оромӣ ва суботи сиёсиро таманно доштанд ва Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олии мамлакат ба орзуву омоли аҳолии кишвар мусоидат кард. Зимни баргузории ин иҷлосияи таърихӣ масъулин аз масъулият ва коршиносон аз вазифа мегурехтанд ва набуд афроде, ки ҷиҳати ба эътидол овардани авзоъ иқдом намояд. Ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардидани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов бузургтарин натиҷаи иҷлосия ҷиҳати рафъи бесуботӣ ва ҷанги таҳмилӣ буд, аммо он солҳо аксарият бовар надоштанд, ки Тоҷикистон минбаъд чун давлат боқӣ мемонад. Аммо баробари ба вазифа интихоб шудан, Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати ба эътидоловарии авзои сиёсии кишвар ба бозоварии фирориён иқдом намуд ва дар ин роҳ ҳатто ба хатарҳо нигоҳ накарда, ба Афғонистони ҷангзада сафар кард. Агар иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намешуданд, имрӯз иҷлосияи шонздаҳум тақдирсоз намешуд.
Возможно, это изображение 1 человек, сидит, стоит и в помещении
Возможно, это изображение 1 человек, сидит и стоит
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан