joomla
free templates joomla

ЭҲЁИ ТАФАККУРИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ

    Возможно, это изображение один или несколько человек, люди стоят и толпа

      Алъон, бештари навиштаҳо дар шабакаҳои иртиботӣ ва дар сомонаҳои мутааллиқ ба Муассисаҳои давлатӣ ба нақши иҷлосияи XVI бахшида шуда, онро чун рухдоди сарнавиштсоз баррасӣ мекунанд. Чаро? Чунки бархурди тоҷикон дар дохили кишвар аслан аз хориҷи мамлакат таҳия шуда, ба таври мудовим назорат мешуд. Гирдиҳамоиҳои паёпай дар соли 1991 ин андешаро исбот хоҳад кард, чунки бедории онвақта дар заминаи "интиқоли инқилоби исломӣ" тибқи Васиятномаи сиёсии Руҳуллоҳ Хумайнӣ таҳия мешуд ва дар ду майдонҳои асосии шаҳри Душанбе қудратҳои ҷаҳонӣ аз бархурди байни якдигариашон шаҳодат медоданд. Гузашта аз ин, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло дар кишвари тоҷикон мамнуъ эълон шудааст, пайравӣ аз Раиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон олиҷаноб Хоманаӣ мекарданд ва нақшаи миллии бунёди давлати нави Тоҷикистонро надоштанд ва ғайр аз интиқоли инқилоб ва амрҳои маъруфи бесуд дигар гаронмояе надоштанд, ки тавассути он давлати миллӣ эҳё гардад. Шояд ҳамин омил буд, ки онҳо ба зӯроварӣ ва терроризм такя намуда, ҳатто шарикони демократи хешро маҷбуран ба хеш тобеъ карданд. Аммо асоситарин вижагии фаъолияти ин гурӯҳ ва таъмини ғалабаи иҷлосияи шонздаҳум дар он аст, ки интиқолдиҳандагони инқилоб қудрати сиёсиро идора карда натавонистанд ва оқибат мардумро ба ҳоли худ вогузошта, ба фирор аз Меҳан рӯ оварданд. ҳатто пас аз анҷоми ҷанги таҳмилӣ ва созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи 1998 ин неруи сиёсии аз хориҷ идорашуда аз ормонҳои террористонаи худ даст накашида, роҳҳои инқилоб ва табадулоти давлатиро пеш гирифтанд ва дигарбора фирорӣ гашта, ҳамакнун кадом қудрате, ки онҳоро дастур медиҳад, ҷиҳати роҳандозӣ гардидани манофеи онҳо сайъ мекунанд.
      Бо дар назардошти аҳамияти таърихии иҷлосияи номбурда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар санаи 18.10.2022 бахшида ба 30-солагии ин иҷлосия Конференсияи илмӣ - амалиро дар мавзуи "ИҶЛОСИЯИ XVI - ОҒОЗИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН" дар толори АМИТ доир намояд.
     Дар Конференсия президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, иштирокчии Иҷлосияи мазкур узви вобастаи АМИТ, профессор Ахмедов А., директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода, Саркотиби илмии АМИТ, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих Убайдулло Насрулло ва дигарон бо маърӯзаҳои илмӣ ҷиҳати баррасияи иҷлосияи тақдирсоз мепардозанд. Аз эҳтимол дур нест, ки уламои кишвар рухдоди таърихиро аз диди нави илмӣ мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд.
       Аз ҳама асосӣ аз намояндагии ВАО ва муассисаҳои давлатии телевизионӣ ва родиоӣ даъват ба амал меоварем, ки дар сабту инъикоси ҳамоиш саҳми хешро бигзоранд.
      Ҳамоиш соати 09:00 пагоҳирӯзӣ дар таърихи 18-уми октябр баргузор мешавад.

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан