joomla
free templates joomla

ШАРТНОМА ОИД БА ҲАМКОРӢ байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ (Тоҷикистон) ва Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белоруссия (Белоруссия) (12 октябри соли 2022)

   Маълум аст, ки самараи фаъолияти илмӣ ба дараҷаи бо мутахассисони баландихтисос таъмин будан, мавҷуд будани мактабҳои бузурги илмӣ ва таҷҳизонидани лабораторияҳои муосири илмӣ мутаносиб аст. Дар айни замон бо мақсади таъмин намудани сатҳи баланди натиҷаҳои илмӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо бештар ташкил намудани кооператсия ва истифода бурдани иқтидори умумии лабораторияҳои илмии муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои илмии кишварҳои гуногун муфид аст.
    Дар ин самт Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо як қатор муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои судманди илмӣ ба роҳ монда истодааст. Аз ҷумла, 12 октябри соли 2022 дар асоси муҳокимаҳои қаблӣ ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров (ИФТ АМИТ) ҳайати Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белоруссия» (ДДИРБ – “БГУИР”) таҳти сарварии ректори донишгоҳи мазкур, д.и.ф.м., профессор Богуш Вадим Анатолйевич ташриф оварданд.
   Дар ҷараёни сафар ҳайати донишгоҳи мазкур бо фаъолияти лабораторияҳои ИФТ АМИТ шинос шуданд ва масъалаҳои муҳимтарини самтҳои ҳамкориҳоро, ки ба рушди хоҷагии халқи Тоҷикистон ва Белоруссия мувофиқанд, баррасӣ намуданд, қабл аз ҳама, гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ва илмӣ-амалӣ, инчунин масъалаҳои тайёр кардани кадрҳои илмии соҳаи физикаю техника тавассути мубодилаи докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, ташкили конфронсҳои муштараки илмию амалӣ, форумҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо мавриди таҳлили дуҷониба қарор гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки ДДИРБ комплекси бузурги таълимӣ, илмӣ ва инноватсионии Белоруссия ба ҳисоб рафта, аз ҷумла фаъолияти 8 факултет, 32 кафедра, шӯъбаҳои илмӣ бо 35 лаборатория ва гурӯҳҳо, 7 маркази илмӣ, Институти технологияи иттилоотӣ, коллеҷи радиотехникии Минск ва технопаркро муттаҳид менамояд. Дар ин донишгоҳ дар баробари кафедраҳо 12 маркази таълимии ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, 45 лабораторияи муштараки таълимию илмӣ ва 9 филиали кафедраҳо дар назди корхонаву ширкатҳои пешрафтаи соҳаи технологияҳои баланд низ фаъолият мебаранд. Дар зерсохторҳои илмӣ-истеҳсолии ДДИРБ истеҳсоли асбобу таҷҳизоти ченкунӣ ва озмоишии СВЧ, терминалҳои моҳворавӣ, таҷҳизоти ултрасадоӣ, абсорберҳои нурҳои электромагнитии диапазони васеъ, панелҳои нурию диодӣ дар асосҳои алюминӣ ва ғайра ба роҳ монда шудаанд.
Дар натиҷаи мулоқот байни Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белоруссия» ва Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ Шартнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Таҷриба нишон медиҳад, ки рушди самарабахши таҳқиқот ҳамкории мактабҳои гуногуни илмиро талаб мекунад, ки дар ин раванд мубодилаи таҷриба шарти зарурии ба даст овардани натиҷаҳои рақобатнок мебошад. Аз соли 2021 инҷониб ИФТ АМИТ Ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои физикаю техникӣ буда, ба роҳ мондани робита бо марказҳои пешбари илмии кишварҳои ИДМ, бешубҳа, яке аз масъалаҳои муҳими раванди ташкили ҳамкории самарабахши мактабҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника мебошад.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан