joomla
free templates joomla

МАСОИЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ XVI –УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН

  Халқи соҳибтамаддун ва сулҳофари тоҷик дар остонаи ҷашни муҳим ва муқаддас – 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии кишвар (даъвати ХII –ум) аз 16 ноябри соли 1992 то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, як қатор масъалаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор дод.
   Яке аз масъалаҳои аввалин оид ба баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар буд. Ба ватан баргардонидани гурезаҳо нахустин роҳи ҳалли низоъ, дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти фавқулодаи сиёсӣ дошта, таваҷҷуҳи аҳли ҷаҳонро ба худ ҷалб карда буд. «То як гуреза берун аз Ватан аст, ман хотирҷамъ буда наметавонам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!» - дар изҳороти худ гуфта буд Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин робита, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон»- ро қабул кард. Ин ҳуҷҷати муҳим ба гурезагон амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медод ва бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки дар ҳамкорӣ бо Намояндагии дафтари Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон тавонист аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро, яъне 700 ҳазор нафар оворагони дохилӣ ва беш аз 60 ҳазор паноҳандаро ба Ватан баргардонад.
Масъалаи дигаре, ки Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии кишвар дида баромад, ин масъалаи башардӯстона, яъне дар бораи авф буд. Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул кард. Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, ки аз Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагии аз 8 июни соли 1977 бармеоянд, чораҳо андешид. Тавре, ки, дар банди 5 моддаи 6 Протоколи иловагии II аз 8 июни соли 1977 гуфта мешавад: «Сохторҳое, ки дар сари ҳокимият ҳастанд, пас аз қатъ шудани амалиётҳои ҳарбӣ кӯшиш мекунанд, ки ашхоси дар низои мусаллахона ширкаткарда ва ашхоси бо сабабҳои ба низои мусаллаҳона алоқаманд аз озодӣ маҳрумшударо, новобаста аз он ки оё онҳо боздошт ё дастгир шуда буданд, ба таври хеле васеъ авф намоянд».
Бо назардошти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ба мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннати миллии халқи тоҷик - гузашт ва афв кардани ҳамдигар - ҷойгоҳ ва ҳузури муътабар дорад. Новобаста аз азму иродаи атрофиён дар тӯли 30 соли сипари шудани Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, сокинони кишвар шоҳиди чандин маротиба бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афв шудани шаҳрвандон гардиданд.
Масъалаи муҳиме, ки дар рӯзномаи Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ меистод, ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буд. Пас аз баррасии ҳамаҷониба вакилони Шӯрои Олӣ Қонун «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне ин ду рукни асосии давлатдорӣ дар арсаи байналмилалиро рӯзи 24 ноябри соли 1992 қабул карданд. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буданд, ки дар муддати чанд рӯз имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир доданд ва ба таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.
Баргузории Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии кишвар ва қонуну қарорҳои он барои қабули Конститутсияи давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошт. Маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI –ум халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (моддаи 1) ва арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда шудани онҳо (моддаи 5) аз қонуну қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI –ум сарчашма мегиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳама самтҳои муносибати ҷамъиятӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда пурра мувофиқат мекунанд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ҷаҳониён шинохтанд ва эътироф намуданд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар муайян гардида, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксар мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои гуногунҷанба барқарор намуд. Эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Иҷлосияи шонздаҳум имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шаванд. Ин ҳама аз эътибори баланд ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ башорат медиҳад.       
      Насли ҷавони мо бояд аз ин воқеияти таърихи навтарини миллат огоҳ бошад, ба қадру манзалати истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ бирасад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Саидумар Раҷабов,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.
мудири Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан