Маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои замонавӣ аз ҷониби Вазорати энергетикаи ИМА ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳафтае пеш дар санаи 7 октябри соли 2022 маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои замонавӣ ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚС КДАМ ҶТ) дар доираи татбиқи Нақшаи амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ доир гардид.
Дар маросим хонум Кристин Бент ва ҷаноби Кевин Рошдиех, намояндагони идораи кашф ва пешгирӣ аз қочоқи ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини аввали раис – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ, ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ, иштирок доштанд. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими амният дар марз бо Афғонистон бо дурбинҳои назоратии шабона, либосҳои махсус ва тепловизорҳо таъмин карда шуданд.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими амният дар марз бо Афғонистон бо дурбинҳои назоратии шабона, либосҳои махсус ва тепловизорҳо таъмин карда шуданд.
Ин кумаки техникӣ дар ҳудуди лоиҳаи таъмини амнияти сарҳади сабзи Идораи ошкор ва боздошти қочоқи ядроии Вазорати энергетикаи ИМА таъмин карда шуда ва ҳадафи он аз таҳкими инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳад бо Ҷумҳурии Афғонистон иборат мебошад. Аз соли 2013 Вазорати энергетикаи ИМА бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ ҳамкории зич дорад.
Лоиҳаи мазкур интиқоли либоси махсус, таҷҳизот барои гузаронидани амалиёт дар минтақаҳои кӯҳӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои безараргардонии минаҳо, дастгоҳҳои биниши шабона, дурбин, монокулярҳо, таҷҳизотҳои алоқавӣ (радиостансияҳо), мошинҳои махсуси ҳарбӣ, автомобилҳо, микроавтобусҳо, ки дар онҳо таҷҳизотҳои ҳассос барои дастгирии амалиётҳои зидди қочоқӣ, инчунин барои ошкор ва боздоштани муомилоти ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ насб карда шудааст, дар бар мегирад.