joomla
free templates joomla

ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ТАҚДИРСОЗИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ФАРҲАНГДӮСТУ ИЛМПАРВАР

 

Возможно, это изображение 1 человек и на открытом воздухе
      Ҳуқуқи миллатҳо ба худмуайянкунй яке аз принсипхои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ буда, ҳуқуқи ҳар як халқу миллатро барои мустақилона муайян кардани шакли ҳастии давлатии худ, бе дахолати беруна озодона муайян кардани мақоми сиёсии худ ва амалӣ намудани рушди иқтисодӣ ва фарҳангии хеш ифода менамояд [1].
      Чӣ тавре, ки за ҷониби Сарвари кишвар қайд шудааст: “Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст” [2] миллати мо дар таърихи ҳазорсолаҳо бо илму фарҳанги хеш дар миқёси ҷаҳонӣ, тавасути олимону мутафаккирони нобиғааш шуҳратёр гаштааст.
       Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун падидаи ҳалкунанда ва бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ, ҳифзи давлатдории тоҷикон, ба эътидол овардани бӯҳрони сиёсии оғози даврони пасошуравӣ бо мисраҳои тиллоӣ сабт гардидааст. Маҳз натиҷаҳои Иҷлосия буданд, ки ба эътидол овардани ҳаёти сиёсии мамлакат дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ ва нигоҳ доштану ба рушди устувор гузаштани илми тоҷик имконпазир гардид.
      Боиси қаноатмандии мо, кормандони соҳаи илму маориф аст, ки ба таъсири бениҳоят харобиовари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ накарда, ба Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар муяссар гардид системаи таълиму тадриси насли наврас дар муддати кўтоҳ барқарор ва рушд намояд. Далели холис ва объективии ин дастовардҳои кишвари мо – нишондиҳандаҳои раддабандиҳои байналмилалӣ мебошад, ки бо забонҳои ҷаҳонӣ ба ҳама дастрас мебошанд ва дар онҳо аз ҷиҳати сатҳи таълим аз теъдоди тақрибан 200 кишвари ҷаҳон, аз ҷиҳати фарогирии таълиму тарбияи насли наврас бо нишондиҳандаи қариб 100% яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
        Бо мақсади боз ҳам устувор ва ба қуллаҳои нав баровардани дастовардҳои натиҷаҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, Ҳукумати кишвар пайваста бо такя ба таҷрибаҳои созанда ва дарназардошти чолишҳои ҷаҳонӣ як қатор иқдомҳои бунёдгузорро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла
– моҳи декабри соли 2019 бо пешниҳоди бевоситаи Сарвари кишвар эълон шудани солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар таърихи илми Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як қадами нек ва саҳифаи нав дар рушди илми тоҷик гардид;
– моҳи марти соли 2020 дар вохӯрии ҳамасола ва анъанавӣ бо зиёиёни кишвар бо пешниҳоди бевоситаи Сарвари кишвар ба Академияи илмҳо дода шудани мақоми миллӣ барои ҳамаи кормандони соҳаи илм тӯҳфа ва инъоми бебаҳо ба арафаи Ҷашни 70–солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардид;
– моҳи январи соли 2021 бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, аз ҷониби Сарвари кишвар оид ба ҳамасола баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» пешниҳод карда шуд.
       Бо рушди бесобиқаи технологияҳои нав зарурати тарбияи насли аз ҷиҳати техникӣ саводноки кадрҳои муҳандисӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ҷониби дигар, чӣ тавре, ки дар соҳаи физикаю техника маълум аст – “муҳандиси муосир бидуни донишҳои физикию риёзӣ, танҳо насбгар аст”. Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои омода намудани кадрҳои муосири соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ ин бедор намудани шавқу рағбат аз даврони мактабхонӣ ва баъдан дар пажуҳишҳои донишҷўӣ мебошад. Зеро маҳз дар муддати солҳои таҳсил дар мактаби миёна ва донишгоҳҳо дар инсон асосҳои ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи таъсироти мутақобила бо дунёи атроф шакл мегирад, ки таҳкурсии шахсияти баркамолро ба вуҷуд меорад.
       Муҳаққиқон-таърихшиносони муосири хориҷӣ дар рисолаҳои илмии худ, қайд кардаанд, ки халқи форсу-тоҷик ҳанўз қабл аз давраи Эҳёи Аврупо яке аз манбаъҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ гашта, дар аксарияти кишварҳои он махсусан илмҳои нуҷум, тиб, гиёҳшиносӣ, риёзиёт, кимё ва соҳаҳои мухталифи фаъолияти зеҳнии инсон дар бурриши ин илмҳо дар сатҳи олӣ рушд ёфта буданд. Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши таърихии Сарвари кишвар ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва асосгузори истиқлолияти давлатии тоҷикон, асосгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигаргуниҳои созанда дар соҳаи илму маорифи кишвар бори дигар ба ҷаҳониён миллати тоҷикро ҳамчун миллати олим ва сулҳҷӯ муаррифӣ намуданд.
       Дар ин радиф ёдрас намудан ҷоиз аст, ки мувофиқи маълумотҳои Институти омори ЮНЕСКО, ки бо таҳлили вазъи сатҳи саводнокӣ дар ҷаҳон машғул аст дар даҳсолаи охир, ба ҳисоби миёна то ҳоло қариб 15 фоизи аҳолии калонсоли курраи Замин ё тақрибан 800 миллион нафар, ки синнашон аз 15 сола боло аст хонда ва навишта наметавонанд. Аз ин теъдод мардҳо 10 фоизро ва теъдоди занҳое, ки хондаву навишта наметавонанд тақрибан 19 фоизро ташкил дод. Албатта ин маълумотҳои оморӣ вазъи на ҳама кишварҳои алоҳида, балки тақсимоти умумии миёнаро инъикос менамояд. Ҳамчунин, мутаассифона, дар ҷаҳон ба ҳисоби умумӣ зиёда аз 70 миллион нафар кўдакон аз таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маҳрум мебошанд, ки басо нигароникунанда аст. Аз ин лиҳоз, дар ибтидои асри XXI ЮНЕСКО маҳви бесаводиро яке аз ниёзҳои асосии аҳолӣ эълон мекунад [3], зеро маҳз бесаводӣ таърихан манбаи ҳама гуна падидаҳои манфӣ мебошад, ки махсусан дар асри XXI таъсири харобиовари он бештару амиқтар ҳис карда мешавад.
      Хушбахтона дар кишвари ободи мо аз ҷониби давлату Ҳукумат пайваста нисбати рушди имлу маориф чораҳои бунёдӣ дида мешавад. Аз ҷумла, танҳо дар як соли охир бо супориши бевоситаи Сарвари кишвар маоши олимони кишвар ду маротиба (сентябри соли 2021 ва июли соли 2022) зиёд карда шуд, ки бори дигар ғамхории давлату Ҳукуматро нисбати илму маориф равшану возеҳ нишон медиҳад.
     Ин рўзҳо мо дар арафаи ҷашни 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ҷашни бузург ва муқаддаси мардуми сарбаланди тоҷик мебошад. Мо, кормандони соҳаи илму маориф шоҳиди он ҳастем, ки дар тӯли ин муддат илми тоҷик дар оғоз душвориҳои муайян ва ногузири марбут ба пошхўрии Иттиҳоди Шуравиро паси сар карда, ба шарофати сиёсати сулҳпарваронаи роҳбарияти мамлакат ва Сарвари давлат дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Дар ин фосилаи таърихӣ, бо дастгирии бевоситаи Сарвари кишвар як қатор самтҳои илмии соҳаи физикаю техника эҳё ва ба рушди уствор гузаштанд, аз ҷумла:
      Эксперименти “Помир”, ки натиҷаҳои илмии он дар тамоми ҷаҳон машҳур аст, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти кишвар аз соли 2008 бо имзои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия эҳё шуд ва ба роҳи рушд ворид гашт. Имрузҳо дар истгоҳҳои баландкӯҳи Помир корҳои таъмирӣ вусъат ёфта, таҳқиқоти доимии илмӣ ва экспедитсияҳои илмӣ ҳамасола давом доранд. Рушди таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ дар истгоҳҳои илмии баландкӯҳи Помир потенсиали бузург дошта дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад.
      Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат соли 2015 Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқотии ҳастаии Аргус-ФТИ қабул гардид. Реактори «Аргус-ФТИ» бо бехатарӣ, сохтори оддӣ, нисбатан камхароҷот ва компактӣ буданаш фарқ намуда, ҳамзамон аҳамият ва арзиши баланди илмӣ-техникӣ дорад.
       Дар кишвари ободи мо олимони тоҷиқ имкон доранд, ки бо марказҳои илмии ҷаоҳонӣ ҳамкории муштараки илмӣ ба роҳ монанд. Аз ҷумла, дар соҳаи муаммоҳои тағирёбии иқлим низ дар даҳсолаҳои охир як қатор натиҷаҳо ба даст омадаанд. Дар ин радиф, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳо бо як қатор институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси Олмон (TROPOS) ва Коллеҷи илмҳои атмосферии Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитойро пажуҳиши муштаракро ба роҳ мондааст, ки дар натиҷа, солҳои охир олимони физикдони тоҷик дар самти иқлимшиносӣ ба шабакаи таҳқиқоти ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуданд.
      Ҳамчунин дар асоси ҳамкории Институти физикаю техника бо муасисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ омӯзиши хосиятҳои геометрӣ ва электронии маводҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ин лоиҳа кормандони ҷавони Институти физикаю техника дар Донишгоҳҳои бонуйузи Аврупо пайваста таҷрибаомӯзӣ гузашта истодаанд.
       Албатта тавсифи натиҷаҳои бунёдии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бевосита бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба даст оварда шуданд, ҳатто танҳо дар соҳаи илмҳои физикаю техникии кишвар тӯлонӣ идома додан мумкин аст. Вале баъзе аз натиҷаҳои илмии қайдшуда далели он мебошанд, ки сулҳу субот ва сарҷамъии мардуми сарбаланди тоҷик шарти ягона ва асосии рушди илму маориф ва некуаҳволии шаҳрвандони кишвари азизамон мебошад.
       Ҳоло ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳри рушди илму техникаи кишвар тамоми потенсиали хешро бефосила ба пажуҳиши илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои татбиқ равона намудаанд, то ки бо натиҷаҳои наву бунёдии илмӣ ба боз ҳам баланд шудани нуфузи ҷумҳурӣ дар миқёс ҷаҳон саҳми худро бештару амиқтар гузоранд.
      Фаро расида истодани 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкорон ва кулли ҳамватанон табрик намуда – саломатӣ, бурдбориҳо ва муваффақиятҳои илмӣ орзу менамоем!
______________________________________________________________
Манбаъҳои истифодашуда
Декларация о принципах международного права, касающихся дружественных отношений и сотрудничества между государствами в соответствии с Уставом Организации Объединённых Наций — Принята резолюцией 2625 (XXV) Генеральной Ассамблеи ООН от 24 октября 1970 года.
Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020 – 976 с.
The Literacy Decade: Getting Started. –Paris: UNESCO, 2004. -79p.
Фарҳод Шокир,
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан