joomla
free templates joomla

ШЕЪРИ МАВЛОНО ВА МУСИҚӢ

   Имрӯз дар санаи 30.09.2022, ки Рӯзи ҷаҳонии гиромидошти Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист, дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ (КИИ "ХИРАДМАНДОН" -И ҲХДТ ДАР АМИТ ВА ТИ "ВОРИСОНИ РӮДАКӢ") нишасти илмиву адабӣ ба унвони "Шеъри Мавлоно ва мусиқӣ" баргузор шуд.
Нишастро директори муассисаи мазкур, доктори илмҳои филология Фарангис Шарифзода ифтитоҳ намуда, ҷиҳати ҳамоҳангии ғазалиёти Мавлоно бо мусиқӣ далелҳо овард.
Сипас, дар мавзуоти мухталиф чун "Оҳанги мусиқӣ ба шеъри Мавлоно", "Пажӯҳиши мавлавишиносӣ дар Ғарб" ва амсолашон олимони адабшиноси ватанӣ андешаронӣ намуданд.
   Аҷобат дар ин нест, ки мо ҳамасола ҷиҳати ҷашн гирифтани Рӯзи Мавлоно ҳамоишҳо барпо мекунем, аҷиб дар ин маънист, ки бо вуҷуди таблиғи густурда ҳаммеҳанон камтар аз Мавлоно воқифанду олимонамон зимни таҳқиқи осори Мавлоно бахшҳои тасаввуфии он мероси гаронбаҳоро дарк накарда, гӯё ба павжӯҳиши он осори оламшумул пардохтаанд. Масалан, дар тасаввуфи исломӣ вожаи "Дунё" дар маънии бехабарӣ ва нохудогоҳӣ дар Маснавии маънавӣ истифода шудааст, вале аксар муҳаққиқин ҳануз аз даврони Шӯравӣ ин фикри ғалатро таҳмил месозанд, ки "Мавлоно Ҷалолуддин дунёро дар осори хеш, бавижа дар ғазалиёташ мазаммат намудааст".
Ҳамингуна ақидаро метавон зимни баррасии само дар шеъри Мавлоно мушоҳида кард. Чунки само ҷанбаи хос ба Мавлавист, аммо ҷиҳати пажӯҳиши он муосирин рӯ ба панисломизм овардаанд.
Дар анҷом, масъулин ҳозирин бо Рӯзи Мавлоно табрик намуданд...

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан