joomla
free templates joomla

ЗАБОНИ МИЛЛӢ БОЗНИГАРӢ МЕХОҲАД

   “Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем”.
Эмомалӣ Раҳмон
   Дар ҳар суханронӣ, ки Пешвои миллат ҷиҳати тақвияти вижагиҳои фарҳангӣ ироа менамоянд, бахши махсусе аз муҳтавои онҳо муосирсозӣ аст. Ба ибораи дигар, забони муосири тоҷикон қабл аз ҳама аз маҳдудиятҳои ҷойдошта маҳрум буда, дар арсаи ҷаҳонӣ чун забони илму фарҳанг бояд баррасӣ ёбад, аммо мушкилиҳои ҷойдошта то кунун зимни баррасии масоили матраҳ бар забону вижагиҳои он моро нигарон карда, водор мекунад, ки ба таъсиси марказҳои нави иртиботдошта ба меъёрҳои забонӣ пардозем. Бинобар ин, дар вохӯрии дирӯза воқеъ дар Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни матраҳсозии мушкилиҳо таъсиси маркази тарҷумаро пешниҳод намуданд: “Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст”. Илова бар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили сатҳи тафаккури аҳолии кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати мамлакатро баррасӣ намуда, натиҷаи онро дар муддати се моҳ пешниҳод намоянд. Ин мушкилӣ ҳамоҳанг бо забони миллӣ аст ва аксар вақт масъулин ба мушкил гирифтор мешаванд, чунки тарҷума ва хусусиятҳои ба он хос зимни ҳар гуна вохӯриҳо ва баргузории ҳамоишҳою мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ пайдо мешаванд. Дар самти маориф ва илм қариб ҳар сари қадам мушкил дар тарҷума аст ва ҷиҳати рафъи инчунин мушкили зарурати ташкил намудани Маркази тарҷума айни замон чун ҳасостарин иқдоми Сарвари давлат мебошад, ки бобати муаррифӣ ва баррасии фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ беҳтарин кӯшиши маорифпарварона аст.
Алҳол, дар назди олимони забоншиноси мамлакат масъалаи бознигарӣ шудани забони давлатӣ ва мусоид сохтани он чун забони илм пайдо шудааст, чунки дар даврони Шӯравӣ забоншиносии миллӣ на дар асоси илмӣ, балки бештар дар пояи иртиботҳои идеологӣ пешниҳод гардида буд. Бинобар ин, аксар мушкилиҳои забонӣ феълан ба он асос меёбад, ки забони миллӣ мебоист нусхаи забонҳои дигар набошад. Айни замон, забонҳои нав таҳияшуда на танҳо илмӣ, балки ҷаҳонӣ мешаванд ва мисоли зинда барои исботи ин андеша забони путунхуа маҳсуб мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки забони мазкур дар садаи гузашта дар асоси гӯишҳои мухталифи чинӣ таҳия гардид ва алъон на ҳамаи аҳолии Ҷумҳурии Халқии Чин бо он гуфтугӯ мекунанд, аммо чинӣ маҳз тавассути путунхуа ба ҷаҳон дастрасӣ пайдо намудааст. Мо, тоҷиконро низ зарурати ҷаҳонӣ кардани хеш пайдо шудааст ва ин зарурат танҳо тавассути забони миллӣ ва роҳандозӣ шудани марокизи миллии тарҷума татбиқ мешавад.
Ширин Қурбонова,
муҳаққиқ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан