joomla
free templates joomla

ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИДМ - 30 СОЛИ ҲАМКОРӢ: ТАЪРИХ, ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО

  Таҳти ин унвон имрӯз дар санаи 28.06.2022 дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30 - солагии ИДМ баргузор гардид. Ҳамоишро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ифтитоҳ намуда, ба олимон ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур комёбиҳо таманно кард.
   Дар ҳамоиши илмӣ уламои ватанӣ оид ба нақши ИДМ чун созмони байналмилалии муосир дар таҳия ва татбиқи сиёсати ҷаҳонӣ ва роҳҳои баррасии илми муҳоҷирати одамон, ҳамчунин омилҳои баҳсбарангези минтақавӣ ҷиҳати тақвиятёбии хатарҳо ва носозгор намудани вазъи амният дар минтақаҳо маърӯзаҳо карданд.
Воқеан, кишварҳои шомил ба ИДМ чӣ гуна метавонанд дар равандҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ дахолат дошта бошанд? Ё худ чаро қудратҳои ҷаҳонӣ бинобар меъёрҳои таҳоҷуми хабарӣ ва ҳифзу такмил бахшидани аҳдофи геосиёсии хеш кишварҳои шомил ба ИДМ-ро алайҳи якдигар мешуронанд ва агар зарур донанд, гурӯҳе аз шаҳрвандони дилхоҳ кишвареро кумаки моливӣ карда, бинобар ҳавасманд шудани онҳо аз ҷониби қудратҳо вижагиҳои сиёсие чун интиқоли инқилобҳо, такон додани бархурдҳои гуногун ҷиҳати татбиқи низоми бесуботӣ ва амсолашон тавассути онҳо роҳандозӣ мешаванд. Масалан, моҷарои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон аз мақсадҳои қудрати ҷаҳонӣ аст, ки бо ҳар васила ҷониби Қирғизистонро маблағгузорӣ менамояд. Чунин роҳҳои тақвият додани манофеъ бештар хоси давлатҳое маҳсуб мешаванд, ки феълан сиёсати ҷаҳон бо дасти онҳо таҳия ёфта, чунонки онҳо мехоҳанд, дар дилхоҳ кишваре амалан татбиқ мегардад. Бинобар ин, дар ИДМ ҷамъ омадани кишварҳои пасошӯравӣ ва қудратҳои минтақавие чун Ҷумҳурии халқии Чин ба хотири дифоъ аз найрангҳои муосири Ғарб дониста мешавад.
Дар конфронси мазкур оид ба масъалаҳои калидии бархурд ва ҳамоҳангии кишварҳо табодули афкор сурат гирифт.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан