joomla
free templates joomla

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДАРЁФТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ БА ИМЗО РАСИДАНИ «СОЗИШНОМАИ ИСТИҚРОРИ СУҲЛ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН»

  Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 24 июни соли 2022 бахшида ба ифтихори 25-солагии ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори суҳл ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар дарёфти Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
  Бо сухани ифтитоҳӣ кори конфренсияро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Убайдулло Насрулло Каримзода оғоз намуда, доираи ба Консепсияи ваҳдати миллии Пешвои Миллат ва татбиқи он баромад намуд.
  Дар маърузаҳои олимон К. Олимов, А. Ғафуров, Р. Абулҳаев, Н. Ҳотамов ва дигарон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини фазои орому осудаи кишвар баён шуд.
Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқони таърихшинос бо 35 маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла қайд шуд, ки ба даст овардани ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад. Роҳбарии оқилона, самимияти инсонии бемисл, ватандӯстӣ, ҳамкории самаранок дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкили моҳиронаву босамари фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, боварии мардуми кишвар, аз ҷумла гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ нисбат ба сарвари давлат омилҳои мусоидаткунандаи татбиқи нақшаҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти бузурги таърихии ин ҳодисаи барои тамоми тоҷикистониён тақдирсозро қайд намуда, изҳор дошта буданд: «Талошҳо ва умеду орзуҳои 5-6 соли охир оид ба нигоҳ доштани давлатдории миллии тоҷикон дар ин рӯзи нек ҷомаи амал пӯшиданд. Имрӯз ман метавонам қайд намоям, ки гарчанде насли имрӯзаи миллати тоҷик дар оғози роҳ пешпо хӯрда бошад ҳам, вале имрӯз ғолибият насиби он гардид, зеро тавонист бар қувваи бадӣ пирузӣ ёбад, аз таъсири қувваҳои бадкина, ки мафкураи мардуми моро фаро гирифта, сабаби марги ҳазорҳо одамони ҷавон шудааст, озод гардад. Ақлу хирад ғолиб баромад. Он рӯзе, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҳар як деҳу дар ҳар як оила интизор буданд, фаро расид».
Танҳо баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи талошҳои доимии Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ва мусолиҳаи миллӣ ҳукмрон гардид. Маҳз бо шарофати сулҳу ризоияти миллӣ мо тавонистем ваҳдати милливу якпорчагии Ватанро таъмин намуда, чорабиниҳои бошукӯҳу умумимиллиро гузаронем.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан