joomla
free templates joomla

НАҚШИ КАЛИДИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПЕШВОИ МИЛЛАТ -ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАСЪУЛИЯТИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИ ДАР БА ДАСТ ОВАРДАНИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

 Возможно, это изображение 1 человек, сидит и стоит 27 июни соли 1997 бо кушишҳои чандинсола, шабзиндадориҳо ва сарварии оқилонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, Созиш¬номаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Расидан ба ин сулҳи тақдирсози миллати тоҷик роҳи басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд, ки ин санаи таърихии миллати тоҷикро Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оғози фаъолияти сулҳофаронаи Раиси нави тозаинтихоибшудаи Шурои Олӣ Эмомали Раҳмон ибтидо гузошт, ва аввалин ироаи савганди мардонагии ин шахсияти худодод аз калимаи «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» оғоз ёфт, ки ин родмарди ватандуст тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои қатъ намудани ҷанг, таъмини сулҳ, баргардондани муҳо¬ҷи¬рин ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд.
Дар ин ҷода нақши Миссияи намояндагии Созмони Миллали Мутаҳид дар Тоҷикистон, бо қабули ҳуҷҷатҳои муҳими расми оид ба оғози гуфтушуниди байни тоҷикон бениҳоят калон буда, онҳо дар ин раванд нақши тақдирсози таърихи гузоштанд.
Дар маърӯзаи худ ба Шурои Амният аз 4-уми сентябри соли 1997 Котиби Генералӣ қайд намуд, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи МНСММТ гузошташуда онро моҳиятан таҳким бахшида, ҷузъи миссияро, ки ба масъалаҳои шаҳрвандӣ машғул аст, васеъ намуда, барои кор дар чунин самтҳо ба мисли ҳуқуқи расмӣ (аз ҷумла, ҳуқуқи инсон),тартиботи ҳуқуқӣ, полис, ташкил намудани интихобот ва ҳамоҳангсозии кумаки байналхалқӣ мутахассисони иловагиро ҷалб намудан лозим аст.
Ҳамчунин аз 42 то 120 нафар зиёд намудани шумораи нозирони ҳарбӣ дар ҳайати ҷузъи ҳарбии миссия пешбинӣ шуда буд. Ҳамзамон Котиби Генералӣ ҳушдор дод, ки вазъияти бехатарӣ дар мамлакат бо муҳофизати кормандони Созмони Милали Муттаҳид ба мисли пештара боиси нигаронӣ мешавад.
Дар Қатъномаи №1128 аз 12 сентябри соли 1997 Шурои бехатарӣ тавсияҳои дар маърӯзаи Котиби Генералӣ мавҷудбударо оиди васеъ намудани мандати МНСММТ ба инобат гирифта, мандати аввалаи миссияро ба муддати ду моҳто 15-уми ноябри соли 1997 дароз намуд. Дар қатънома ҳамчунин ба Котиби Генералӣ оид ба идома додани роҳҳои омӯзиши таъмин намудани бехатарии кормандони Созмони Милали Муттаҳид дархост намуд.
Моҳи ноябри соли 1997 Котиби Генералӣ ахборот ирсол намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои бехатарӣ муваффақиятҳои муайян ба даст оварда шудаанд ва ин барои тавсия додан ба Шӯрои Амният оиди васеъ намудани мандати МНСММТ, ки дар маърӯзаи сентябрӣ пешниҳод шуда буд, имконият медиҳад. Дар Қатъномаи №1138 аз 14 ноябри соли 1997 Шуро мандати МНСММТ-ро васеъ намуда, мувофиқи тавсияҳои Котиби Генералӣ ҳайати миқдории миссияро зиёд намуд. Вале минбаъд маълум гардид, ки вазифаи таҳкими боварӣ байни мухолифини собиқ назар ба он чораҳое, ки пешбинӣ шуда буд, душвортар мебошад. Раванди сулҳ бо хуруҷҳои зӯроварӣ қатъ мегардид ва рушди ин самт хеле ба оҳистагӣ пеш мерафт.
Дар маърӯзаи худ ба Шурои Амният моҳи майи соли 1998 Котиби Генералӣ таъкид кард, ки раванд назар ба реҷаи созишномаи сулҳ вақти бештареро талаб мекунад ва аз ин сабаб соли 1998 гузаронидани интихобот чандон ба ҳақиқат наздик намеояд ва инчунин дароз намудани мандати МНСММТ-ро боз то шаш моҳ, яъне то 15-уми ноябри соли 1998 тавсия намуд, дар
Қатъномаи №1167 аз 4-уми майи соли 1998 Шурои Амният мувофиқи ин тавсияҳо мандати МНСММТ-ро дароз намуд ва тарафҳоро барои пурра риоя намудани ин тавсияҳо аз рӯйи имконият дар муҳлати наздиктарин шароит муҳайё намудан барои гузаронидани интихобот даъват намуд. Дар қаламрави Тоҷикистон дивизияи 201-уми савораи тирандозии Русия, собиқ армияи 40-уми дар «Афғонистон» ҷангкарда ва қувваҳои сарҳадбонон, дар маҷмӯъ 22 000 хизматчии ҳарбӣ аз тарафи Русия ҷойгир карда шуда буданд, ки сипари воқеӣ бар зидди дахолати беруна дар корҳои дохили Тоҷикистон равона гардиданд. Моҳи апрели соли 1999 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қароргоҳ доштани дивизияи 201-уми Русия ба таври ҳуқуқӣ бо шартномаи дутарафа дар бораи нигоҳ доштани базаи ҳарби таҳким ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ташкил намудани базаи ҳарбии Русия кори дохилии ду мамлакати соҳибистиқлол мебошад, вале он на фақат ба манфиатҳои Русия ва Тоҷикистон, балки ба амнияти тамоми минтақа ҷавобгӯ мебошад. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон махсус қайд намуд, ки базаи ҳарбии Русия дар ҷумҳурии мо «хусусияти мудофиавӣ» хоҳад дошт.
Ба андозаи пурзӯршавии сарҳадӣ расонидани таъсири манфии бо ном «омили афғонӣ» ба вазъияти Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Миёна зарурияти танзими саъю кӯшиши муборизаи зидди экстремизми диниро дарк намуданд. Русия барои дар минтақа сафарбар намудани қувваҳое мусоидат намуд, ки ба таҳдиди кули паҳншавии экстремизми динӣ дар тамоми собиқ давлатҳои пасошурави муқовимат карда метавонистанд.
Ҳангоми гуфтушунидҳои байни роҳбарони Ҳукуматҳои Русия ва Узбекистон дар сатҳи олӣ 8-уми майи соли 1998 дар ш. Маскав созиш дар бораи таҳия намудан ва дар сатҳи олӣ масъалаи ба тасвиб ва ба имзо расонидани шартнома дар бораи таъсиси ҳамкории «сегона» (Русия, Тоҷикистон, Узбекистон») бо мақсади мубориза бар зидди ҷинояткории байнимиллии муташаккил, агрессивӣ, аз ҷумла динӣ, экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии яроқ, маводи нашъадор таҳия гардида бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷоя ба имзо расонида шуд.
Бо Қатъномаи №1206 Шурои Амният аз 12 ноябри соли 1998 мандати МНСММТ-ро то моҳи майи соли 1999 дароз намуд. Баъди гузаронидани интихоботи президентӣ 6 ноябри соли 1999-ум, ва интихоботи парлумони касби 20 феврали соли 2000-ум ва эътирофи натиҷаҳои он аз тарафи ҷомеаи байналхалқӣ зарурати фаъолияти Миссияи Намояндагии СММ дар Тоҷикистон (МНСММТ)нигоҳ дошта шуд.Инчунин ин ташкилоти бонуфузи байналмилали аз ҳисоби ҷузъҳои наве васеъ карда шуд, ки ба марҳилаи нави барқарор шудани сулҳи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мувофиқ буданд.
Омили нави иштироки ин созмони бонуфузи байналхалқӣ дар танзими ихтилофи байни тоҷикон ба ин кор ҳамроҳ шудани Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мебошад, ки раванди сулҳпарварии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои дарозмуҳлати минтақавии худ кумаки муайяне расонид.Вохӯрии чоруми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА, ки 1 декабри соли 1993 дар шаҳри Рим баргузор гардид, дар бораи таъсис додани миссия дар Тоҷикистон қарор қабул намуд. Миссия дар Душанбе 19 феврали соли 1994 ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба он вазифаҳои зерин супорида шуда буд:
- нигоҳ доштани робита дар ҳамкори ва мусоидат расонидан дар гуфтушунид ва таҳкими боварӣ байни қувваҳои минтақавӣ ва сиёсии мамлакат;
- ҳаматарафа кӯшиш намудан барои манфиатҳои эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд;
- кумак ва мусоидат расонидан ба риояи меъёру принсипҳои САҲА ва ҷорӣ намудани назорати мувофиқ ба ин ташкилот;
- ҷустуҷӯ намудани роҳу воситаҳои мусоидат расонидани САҲА барои инкишоф ва рушди ниҳоду равандҳои ҳуқуқӣ ва демократии сиёсӣ;
- мунтазам хабардор намудани САҲА дар бораи инкишофи минбаъдаи воқеаҳои дар мамлакат сар зада.
Миссия аз чор нафар кормандоне, ки дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, ва инчунин нафарони алоҳида дар идораҳои сайёри фаъолият менамуданд иборат буд. Мувофиқи ҳисобот, мандат ба миссия муяссар гардид, ки бо қувваҳои минтақавӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, робита барқарор намояд,соддатар ва шароити мусоид ташкил намудани баргузории гуфтушунид ва кумак расонидан ба таҳкими боварии байни тарафҳои мухолиф муяссар гардид.Боз як самти фаъолияти миссия мусоидат намудан дар инкишоф ва рушди институтҳои ҳуқуқӣ ва демократии сиёсӣ буд.
Дар бораи ҳамкории зич барпо намудан бо Бюрои институтҳои байналхалқии демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА дар фаъолияти миссия, аз ҷумла ба Ҳукумати ҷумҳурӣ расонидани кумаки машваратии худро дар омода намудани лоиҳаи конститутсияи нав пешниҳод намуд, вале гуруҳи кории Конститутсиони ба ин он қадар зарурият надошт ва аллакай лоиҳаи Конститутсияи нав тайёр шуда буд, ва он 6-ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқи аз аз тарафи халқ ҷонибдорӣ карда шуда қабул карда шуд. Дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад моҳи феврали соли 1995-ум, намояндагони САҲА ширкат накарданд, чунки Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои САҲА-ро оид ба қонун дар бораи интихобот ва тартиби гузаронидани он ба инобат нагирифта буд.
Бо вуҷуди он ки Шурои доимии САҲА оид ба ин масъала изҳори нигаронӣ намуд, вай дархости Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ба эътибор гирифтани тавсияҳо дар марҳилаи навбатӣ бо хушнудӣ пазируфт.Саъю кӯшишҳои САҲА бо мақсади водор намудани ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароитҳои зарурии ба таври демократӣ гузаронидани интихоботи парламентии моҳи феврали соли 1995-ум, аз рӯйи баъзе баҳодиҳиҳо «аз тарафи ҳукумат дастгирии дилхоҳ наёфт, вале бо вуҷуди ин нокомӣ» САҲА барои дар мамлакат тасдиқ намудани меъёрҳои демократӣ фаъолона кумак мерасонид.Мо метавонистем ин масъаларо чунин тезутунд ба миён нагузорем, агар ба назар гирифтан лозим ояд, ки соли 1995-ум дар Тоҷикистон амалиётҳои ҳарбӣ фаъолона идома меёфтанд. Қабул намудани на ҳамаи тавсияҳои САҲА ғайривоқеӣ буд.
Мушкилоти аввали муносибати байни идораҳои шохаҳои ҳокимиятҳои Тоҷикистон ва миссияи САҲА аз бисёр ҷиҳат бо хусусияти махсуси фаъолияти ин ташкилот шарҳ дода мешавад, ки ба таври анъанавӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва озодии шаҳрвандон бештар диққат медиҳад.Тоҷикистон, ки дар марҳилаи фаъоли ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, барои фавран иҷро намудани ҳамаи талаботҳои САҲА омода набуд.
Минбаъд ҳамкории байни миссияи САҲА ва Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои инсон хеле таҳким ёфт. Соли 1995-ум, дар ҳамкорӣ бо миссия ва иштироки коршиносони Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон лоиҳаи созмон додани институти ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таҳия гардид, ки вазифаҳои ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро (омбудсмен) бояд доро мебуд.
Бо мақсади тарғиби принсипҳои САҲА, миссия гурӯҳи мубоҳисавиеро ташкил намуд, ки дар вохӯриҳои он дар бинои миссия мунтазам намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон ҷамъ меомаданд.Миссия дар шароитҳои вазнин фаъолият намуда, ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолият, аз ҷумла бо СММ диққати калон медод. Бо даъвати намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ миссия ба сифати нозир дар гуфтушунидҳо, зери сарпарастии СММ байни ҳукумат ва мухолифини мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуд.
Миссия бешубҳа дар гузаронидани референдум (раъйпурсӣ) оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон (26-уми сентябри соли 1999), интихоботи президентӣ (6 ноябри соли 1999 ) ва парлумонӣ (20 феврали соли 2000), ки шохаи муҳимтарини ба танзим даровардани ихтилофи байни тоҷикон ва сохти давлатию ҳуқуқӣ гардиданд, нақши муҳимро бозид. Фаъолияти САҲА-ро дар Тоҷикистон мусбӣ ва фоидаовар дар ин ҷодаи муҳим арзёбӣ ва баҳогузори намудан ҷоиз аст. Ҳузури САҲА рамзи манфиатдор будани ҷомеаи байналхалқӣ, махсусан мамлакатҳои аз ҷиҳати муносибатҳои саноатӣ нисбатан тараққикардаи Ғарб барои бо мувафаққият ба анҷом расидани гуфтушуниди байни тоҷикон буд, ки дар рафти сохтмон ва такмили институтҳои демократӣ дар мамлакат саҳми муҳими худро гузоштанд.
Кушишҳои панҷсолаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, омузиш ва таҳлилҳои асосонокунии ин санади таърихи аз лиҳози илми ва муайян намудани тақдири ояндаи давлати тоҷикон, якпорчагии миллат, дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро таҳлилҳои илми нишон медиҳанд, ки ӯ Эмомали Раҳмон миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард, ба савганди худ лоиқ шуда, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонид, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи аҳдномаи миллӣ кушиш намуданд, ки Тоҷи¬кистони соҳибистиқлолро азнавсози намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони хешро дар хатар монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуд ва сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд.
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, корманди шоистаи Тоҷикистон.
 
 
 

 

 
 
 
 



Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан