joomla
free templates joomla

ЭЪЛОНИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБ ТИБҚИ ИХТИСОС

   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабули довталабонро ба гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавии шуъбаи рӯзонаи магистратура барои соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои илмӣ -таҳқиқотӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1. Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраев:
Математика ва информатика
2. Институти астрофизика:
Астрономия
3. Институти физикаву техникаи ба номи Султон Умаров:
Физикаи ҷисми сахт, Физикаи назариявӣ, Микроэлектроника, Физикаи ядроӣ ва электроника
4. Институти химияи ба номи В.И. Никитин:
Химияи ғайриорганикӣ, Химияи физикавӣ ва Химияи органикӣ
5. Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология:
Суратгирии геологӣ, ҷӯстуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ
6. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология:
Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ, Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, Гидрологияи хушкӣ, Экология, Сохтмони хоҷагии об, Сохтмони гидротехникӣ, Тозакунии обҳои табиӣ ва ғализ
7. Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ:
Биология (биотехнология), Биохимияи наботот, Биоэкология, Ботаника, Биология (фаъолияти илмӣ-истеҳсолӣ) , Биоэтика
8. Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский:
Гидробиология, Зоология, Энтомология, Паразитология, Вирусология, Иммуналогия, Эпидемология
9. Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков:
Ботаника, Экология, Зоология, Селексия ва тухмипарварии зироатҳои саҳроӣ, Мевапарварию сабзавоткорӣ
10. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш:
Таърих (бостоншиносӣ), Таърих (санъат), Таърих (ватанӣ ва умумӣ), Таърих ва назарияи фарҳанг, Таърих (этнология)
11. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов:
Ҳуқуқшиносӣ, Ҳуқуқи байналмилалӣ, Сиёсатшиносӣ, Сотсиология ва Таърихи фалсафа
12. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ:
Забон ва адабиёти тоҷик
13. Институти иқтисодиёт ва демография:
Идораи лоиҳаҳо, Идораи давлатӣ, Омор (иқтисодчӣ-демограф)
14. Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров:
Таърихи Ватанӣ, Адабиётшиносӣ, Филологияи тоҷик, Саёҳат ва меҳмондорӣ
15. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо:
Муносибатҳои байналмилалӣ, Сиёсати беруна ва дипломатия
16. Кафедраи забонҳои хориҷӣ
Таъминоти забони робитаҳои байнифарҳангӣ
17. Маркази омӯзиши Пиряхҳо
Геграфия (яхшнносӣ
ва сардшиносии
замин);
18. Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ
Радиоэкология
19. Маркази мероси хатии назди Раёсати АМИТ:
Китобҳои нодири дастнавис,
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи қабул дар ду нусха пешниҳод менамоянд :
-ариза ба номи президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон оид ба роҳ додан ба озмун дар магистратура бо нишон додани самти магистрӣ (тахассусмандӣ);
-дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл) холи миёнаи замимаи диплом яъне GPA барои ихтисосҳои самти гуманитарӣ на кам аз 3,0 барои ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ на камтар аз 2,70-ро ташкил диҳад;
- 4 дона расми 3х4;
- маълумотнома аз ҷойи зист;
-маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-У); -чиптаи (квитансияи) пардохти маблағи таҳсил;
-нусхаи шиноснома, нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбӣ,
-тавсияномаи комиссияи давлатии аттестатсионӣ барои дохил шудан ба магистратура;
-ҳуҷҷатҳои дигаре, ки натиҷаҳои илмӣ, сатҳи дониши забонҳои хориҷӣ ва малакаи компютерии довталабро муайян мекунанд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 5 июл то 10 августи соли 2022. Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-33, Телефон:, 221-32-14, 221-87-64
Эзоҳ: барои иштирок дар озмуни гуруҳҳои буҷавӣ довталабон танҳо бо дипломи аъло роҳ дода мешаванд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан