joomla
free templates joomla

ФАРҲАНГИ МАЪНАВӢ ОМИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РИЗОИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

  Мақсади муҳимтарини стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанги маънавӣ бояд ваҳдати миллӣ ва ризоияти шаҳрвандӣ қарор гирад. Аммо ба ин мақсадҳо дар асоси консепсияи таъминоти накӯаҳволии моддии шаҳрвандон расида наметавонем, зеро ин консепсия на ҳама вақт ба ҳуввияти ҷомеаи тоҷикистонӣ ва фарҳанги анъанавии он мувофиқат мекунад. Ваҳдати миллии воқеии Тоҷикистон ва ризоияти шаҳрвандии ҷомеаи тоҷикистонӣ дар асоси фаҳмишу дарки якхелаи арзишҳои маънавии давоми асрҳои зиёд ташаккулёфта барқарор мегардад. Муҳимтарини онҳо худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад.
  Ҳар як ҷомеа низоми арзишҳои худро ташаккул медиҳад, ки ба идеалҳо ва талаботҳои аъзоёни ин ҷомеа мувофиқ меоянд, инчунин маҳз хусусиятҳои хоси чунин намуди фарҳанг ба ҳисоб мераванд. Сарвати аз ҷиҳати стратегӣ муҳими фарҳанги тоҷик арзишҳои маънавии анъанавӣ мебошанд, ки дар муддати таърихи дурударози рушди халқи мо ташаккул ёфта, хусусиятҳои асосии фарқкунанда ва махсусияти тоҷикистониёнро ҳамчун миллати воҳид инъикос мекунанд. Барои фарҳанги анъанавии халқӣ тоҷик чунин арзишҳои маънавӣ нисбатан аҳамиятнок ва афзалиятноканд:
арзишҳои ҷаҳонбинӣ, ки муҳимтаринашон тасавурот оиди мақсад ва моҳияти ҳаёт, эътиқоди динӣ, виҷдон ва шаъну шараф;
арзишҳои ҷамъиятӣ, ки миёни онҳо дар Тоҷикистон асоситаринашон ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ оиди тақдири кишвар, хизмат ба Ватан, эҳсосоти қарз ва эътирофи ҷамъиятӣ;
арзишҳои ҳаётӣ, ки дар байни онҳо афзалиятнокашон муносибат ба волидон, фарзандон ва оилаи худ;
арзишҳои муоширати байнишахсӣ, мисли муҳаббат, дустӣ, виҷдон, боинсофӣ, меҳмондӯстӣ.
Имрӯз дар доираи фарҳанги маънавии Тоҷикистон чунин натиҷаҳои асосии рушди тамоюлҳои манфии номбаршуда мушоҳида мешаванд:
бепарвогию рӯҳафтодагии ҷамъиятӣ, нусхабардории тарзи зиндагӣ, қолибҳо ва меъёрҳои рафтору муошират, ки ба маданияти ватанӣ хос нестанд, мисли услуби либоспӯшӣ, анъана шудани истифодаи доимӣ ва бемавриди истилоҳоти хориҷӣ дар муоширати корӣ ва гуфтугӯи ҳаррӯза, таъсиру фишори рекламаҳои молу маҳсулоти воридотии хориҷӣ;
аз тарафи бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз даст додани эҳсоси ифтихор доштан нисбати кишвар ва гузаштаи он, фаромӯш намудани бисёре аз ҳодисаҳои муҳими таърихи кишвар, қаҳрамонони миллӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ;
рушди коррупсия, намудҳои гуногуни қаллобӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва зӯроварӣ;
дар муҳити ҷавонон паҳн шудани худхоҳӣ, бакамолнарасӣ, муносибати беэҳтиромона доштан нисбати меҳнат, қарзи шаҳрвандии худ, нисбати насли калонсол, паҳншавии майхорагӣ, нашъамандӣ, сигоркашӣ ва бадлафзӣ;
афзудани шумораи ҷудошавии ҳамсарон, оилаҳои ноосудаҳол, бепарастории кӯдакон ва ғайраҳою
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимтарини тадбиқнамоии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанги маънавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ барқарорнамоии бетаъхири низоми тарбияи ахлоқии насли ҷавони шаҳрвандони тоҷикистонӣ мебошад, ки айни замон пурра аз байн рафтааст. Ин низомро дар солҳои наздиктарин аз нав сохтан ва ташаккул додан лозим меояд. Бо ин мақсад зарур аст, ки на танҳо мазмуни бисёре аз барномаҳои таълимии мактабҳои миёна ва олиро аз нав дида баромадан лозим аст, балки ин соҳаҳоро бо омӯзгорони ботаҷрибаи соҳаи психология ва методологияи корҳои тарбиявӣ таъмин намудан ба манфиати кор хоҳад буд. Ин масъалаи мушкил буда, ҳалли он вақт ва хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Аммо муҳимияти стратегии ҳалли ин масъала дурустии ин хароҷотҳоро собит менамоянд, зеро бе ҳалли ин масъала бисёре аз мақсадҳои азнавсозӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон, инчунин таъмини амнияти миллӣ ба даст оварда намешаванд.
Фарҳанги маънавии ҷавонон (на танҳо фарзандон, балки наберагони насли шӯравӣ) то ҳол пурра муайян нашудааст. Айни замон ташаккулёбии субъкултураҳои зиёди ҷавонон мушоҳида мешавад. Дар баробари он насли калонсол аз набудани арзишҳои мусбии ҷавонон, прагматизми аз ҳад зиёди онҳо, фардгароӣ, синизми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии насли ҷавон шикоят мекунанд. Аммо маҳз ин насл нисбатан насли озод аз шуури ғуломона мебошад. Умед ҳаст, ки маҳз ин насли ҷавон то дараҷае ба ҳаёти воқеан демократӣ дар Тоҷикистон, ташаккулдиҳии ваҳдати миллӣ ва маданияти миллӣ дар асоси принсипҳои озодӣ, шаъну шараф, масъулияти шахсӣ, ташвиш доштан на ба накуаҳволии давлат, балки ба корҳои шахсӣ ва камолоти ахлоқӣ омода аст”.
Тахамулпазири ва арҷ гузоштан ба арзишхои маънавии дигар халкхо. муносибатҳои одилона, неагрессивӣ ва муфиди бисёртарафаи байни одамон, гуруҳҳои иҷтимоӣ, миллатҳо, динҳо ва намояндагони ин ё он тамаддун ҳамзистии осоиштаи шахрвандон ва пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд. Зоҳир гаштани таҳаммулпазирӣ, ки ба эҳтироми ҳуқуқи инсон мувофиқ аст, ҳеҷ гоҳ маънои муносибати муросокоронаро ба ноадолатиҳои иҷтимоӣ, даст кашидан (ру гардондан) аз худиҳо ё эътиқоди бегонагонро надошт ва надорад. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳар як шахс барои ҷонибдорӣ намудан аз эътиқоди худ ва эътирофи ин гуна ҳуқуқи дигарон озод аст. Ин маънои эътироф намудани ин ҳақиқатро дорад, ки одамон табиатан аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, ҳолат, забон, рафтор ва арзишҳо аз ҳам фарқ намуда, ҳуқуқи хаёт ва ҳифзи фардияти хешро соҳибанд. Таҳаммулпазирии омма дар марҳилаи дигаргуншавандаи ҷомеаи Тоxикистон, муайян намудани сиёсати иҷтимоии давлат, таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ, аз байн бурдани руҳияи экстримистии табақаҳои гуногуни аҳолӣ (махсусан, ҷавонон) заминаи бунёдӣ ба ҳисоб меравад.
Танҳо арзишои нодиртарини миллӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ ҳамчун неруи муттаҳидсозандаи гуруҳҳои манфиатҳои мухталифдоштаро ба ҳам оварда метавонаду халос. Барои дар дили насли ҷавони имрӯза эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро бедор намудан лозим аст. Ҷавонони мо, ҳар ҷо ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ҳушёру зирак бошанд. Ватандӯстӣ як унсури ҳуввияти миллӣ мебошад.
Ҳувият ин таҷассумгари ҷавҳари худшиносии ботинӣ, эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсонро инъикос менамояд. Ба миллати тоҷик хатари парокандагию нобудӣ борҳо таҳдид карда, давлатдориаш ба завол рӯ ба рӯ шудааст. Аммо мардуми тоҷик ҳамеша дар асрҳо ҳуввияти худро ҳифз намуда, то ба боргоҳи истиқлолияти миллию давлатӣ расидааст. Ифтихори миллӣ аст, худро шинохтан аст ва ҳар кас бояд аввал худро бишносад, ки кисту аз кадом қавму миллат аст. Бояд ҳар кас бар души хеш масъулияти бузургеро дошта бошад, ки ӯ намояндаи як миллате дар арсаи ҷаҳонист ва дар миёни дигар қавму миллатҳо бояд фарқкунанда бошад, ки ӯ тоҷик асту ифтихор аз миллияти хеш дорад.
Таъмин намудани адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа. Ҳувияти миллӣ ин алоқаҳо, салиқаҳо, андешаҳо, ойинҳо ва арзишҳои муштарак дар як ҷомеа мебошанд. Ҳоло се дидгоҳ: миллӣ, динӣ ва ғарбӣ дар ҷомеа нисбат ба таърифи ҳувият мавҷуд аст. Ҳувияти фардӣ ва иҷтимоӣ, ҳувияти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва ғайра, падида ва унсурҳои асосии ба вуҷудоваранда ва шаклдиҳандаи ҳувияти миллӣ мебошанд. Масъалаи мубрам ва мураккаби имрӯза барои ҳар як миллат дар раванди худшиносӣ ҳифз ва нигоҳдошти ҳувияти фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонгароӣ мебошад. Хатари асосии ҷаҳонгароӣ бо унсурҳои асосии ҳувияти миллӣ: забон ва фарҳанг мерасад. Масъалаи асосие, ки дар ин замина пешорӯйи миллат қарор мегирал, роҳ надодан ба бегонашавӣ, бегонапарастӣ ва беэҳтиромӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат парвариши шахсиятҳои фарҳангии худогоҳ, асил, парварда бо ормонҳои волои ҷомеаи анъанавӣ ва ғояҳои бузурги замони нав, миллатпарвар, меҳнатдӯст ва фидокор, нахустин ва муҳимтарин марҳалаҳои худшиносии иҷтимоию маънавӣ ва худогоҳии миллии шахс дар рафти таҳсилоти миёнаву олӣ бояд бошад. Тарбияи шахсиятҳои миллии ҷаҳоншумул, донанда ва дорандаи фарҳанги миллӣ, асолату ҳувияти миллии тоҷикон чун маҷмӯи унсуру арзишҳои тоисломӣ, исломӣ, шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ ба манфиати ҳамагон аст. Ҳуввияти ташаккулёфтаи миллӣ синтез ё омезиши маҷмӯи арзишҳо ва унсурҳои муайяни ҳувият ва фарҳанги миллат мебошанд.
Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо, тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир ва таблиғоти ифротгароӣ таҳия гардидааст.
Шоисматуллоев Шоназар,
узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор,
мудири Шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан