joomla
free templates joomla

Ҳаёт ва эҷодиёти Мухлиси Бадахшонӣ

  Мулло Мӯсои Бадахшонӣ ба тахаллуси Мухлиси Бадахшӣ ашъори хешро рӯи коғаз овардааст.
  Исми шоир Мулло Мӯсо буда, тахаллуси адабии ӯ Мухлис мебошад. Соли таваллуди ӯ маълум нест, вале аз рӯйи баъзе ишораҳое, ки дар ашъораш мавҷуд буда, чунин ба назар мерасад, ки ӯ дар деҳаи Роғи вилояти Бадахшон ба дунё омадааст
Чи тавре, ки аз ҷараёни зиндагии Мухлис маълум мегардад, ӯ асосан дар давраи ҳукмронии амир Музаффар солҳои (1860- 1895) ва амир Абдулаҳад солҳои (1895- 1910) ҳаёт ба сар бурда, аз шоирони охири асри XIX ва аввали асри XX-и Бадахшон будааст.
  Дар охири ҳокимияти Абдулаҳад, дар натиҷаи таъсири инқилоби 1905-и Рус ҳаракатҳои бедоршавии халқҳо ва фикрҳои озодихоҳии мардум қувват гирифта, аҳволи амирони Бухороро ба тангӣ оварда буд. Дар ҳамин давра фикрҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш ва ҳаммаслакони ӯ дар байни мардум паҳн мешуд. Амири Бухоро ба ҳама гуна фикрҳои пешқадами замон, ки дар ҳар шакле пайдо мешуд, ҷазоҳои сахт ва чораҳои ҷаллодона таъин мекард.
Аммо баъзе шоирони пешқадам, ки аз замони худ бо усулҳои давлатдории амирони Бухоро розӣ набуданд, норозигии худашонро ба таври шикоят аз фалак, аз дунёи дун ва толеи бади худ пардапӯшона изҳор мекарданд. Мухлиси Бадахшӣ низ аз ҳамин гуна шоирон буда, норозигии худро нисбат ба замона ва ҳаёти худ гоҳе рӯйпӯш ва гоҳҳо ошкоро баён намудааст.
Аз тазкиранависони охири асри XIX ва аввали асри XX Афзали Пирмастӣ оид ба аҳволи Мухлис чунин хабар медиҳад. “Мухлис тахаллуси форсии сухандонӣ ва дарки маонии Мулло Мӯсои Бадахшонӣ аст. Аз фузалои маъруф ва шуарои машҳур, ки ба дорулилми Бухоро касбу камол намуда, шарҳу фазоилаш берун аз ҳадди шумор аст ва гуфтораш ошкорост.”Исми шоир Мулло Мӯсо сол ва ҷои таваллуди ӯ хуб маълум нест, вале аз рӯи баъзе маълумотҳо дар ашъораш мавҷуд буда, чунин ба назар мерасад, ки ӯ дар деҳаи Роғи Бадахшон ба дунё омадааст. Исботи ин масъала дар байтҳои зерин ба назар мерасад:
Аҷаб набвад, ки назди ҳазрати Ҳақ мустаҷоб афтад,
Дуои Мухлиси бечора аз мулки Бадахшон.
Боз:
Гаҳе зи саҳни гулистон, гаҳе зи гӯшаи боғ,
Гаҳе зи мулки Бадхшон, гаҳе зи қаряи Роғ.
Гаҳе кунам зи Ҳисору Бухору Балх,
Ба ранги шамъ ба чашми пуробу бо дили доғ.
Ё ки:
Булбули Роғи Бадахшон тӯтии шаккаршикан,
Мухлиси ошуфтаи хубони бепарвост ин.
Мухлис маълумоти ибтидоиро дар Бадахшон гирифта, аз хурдӣ ба эҷод кардани шеър сар мекунад. Дар девони шоир шеърҳои зиёде дучор омаданд, ки онҳоро пеш аз таҳсили мадраса, дар худи Бадахшон, эҷод намудааст. Дар ин бора шеърҳо ҳамчун ариза барои хонданаш ба амири Бухоро навиштааш гувоҳӣ медиҳанд. Мухлис барои таҳсил ба Бухоро меояд, ки дар ин бора ба маълумоти Афзал дар ашъори худаш қайдҳои зиёд мавҷуданд.
Ба мисли:
Пеши он Олиҷаноб аз азми таҳсили Бухор,
Мерасонӣ, эй варақ, албатта, арзи ин фақир..
Ё ки:
Аё варақ, ту агар қобили висол шавӣ,
Ба пеши Шоҳи замон ҳоли ман кун истифсор.
Бигӯ ба хотири доҳӣ ҳавои дарсу сабақ,
Давом дар дилаш ҷо карда орзуи Бухор.
Аз рӯи шеърҳои дигари шоир маълум мешавад, ки амир Музаффар хоҳиши ӯро қонеъ гардонда, барои хондан дар яке аз мадрасаҳои Бухоро иҷозат додааст. Мухлис баъд аз хатми мадраса, дар Бухоро монда, аҳволи зиндагиаш хеле бад мешавад, ӯ дар сояи амири Бухоро - Музаффар барои худ паноҳ меҷӯяд. Аз ашъори шоир маълум мешавад, ки ӯ аз бекасӣ ва бенавоии худ ба дарбори Музаффар рафтанро хоҳиш кардааст. Агарчанде ба дарбори амир Музаффар рафтани шоир маълум нест, вале аз ашъораш чунин ба назар мерасад, ки ӯ баъди хатми мадраса яке аз шоирони дарбори амир Абдулаҳад будааст. Далели ин пеш аз ҳама он аст, ки дар ашъори Мухлис қасида, мухаммас ва ғазалҳои мадҳия, ки ба амир Музаффар ва Абдулаҳад бахшидашуда, хеле зиёд буда, ин аз шоири дарбор будани ӯ шаҳодат медиҳад:
Эътибор ар талабӣ сабр куну сокин бош,
Мухлис, аз хоки дари Шоҳ марав ҷои дигар.
Аз ашъори Мухлис равшан аст, ки ӯ ҳамчун шахси аз табақаҳои поёни ҷамъият дар дарбори Музаффар ва Абдулаҳад ба ягон мансаб соҳиб нашуда, худи шоир ҳам ин хоҳишро надоштааст.
Ба мисли:
Наям Мухлис ба ҷуз хоки дарат, эй шаҳрёри дин,
Набошад ҷуз дуоям улфате бо номи мансабҳо.
Мухлис чун дигар шоирони давраи феодалӣ сабабҳои бади иҷтимоӣ ва бад будани аҳволи иқтисодии аҳли замонро сарфаҳм нарафта, ҳамаи бадбахтӣ ва қашоқии худро ба бахти тира, толеи паст дониста, ба мақсад нарасидани худро, аз ҳамин сабабҳо медонад. Шароити зиндагонии шоир хеле қашоқона буда, ӯ аз тирабахтӣ шикоят мекунад:
Зи тирабахтӣ дар ин даҳр сахт метарсам,
Ба ҷои нафъ мабодо зарар кунам иншо.
Мухлис худро дар дунё ғамноктарин ва бадбахтарин одам медонад, аз як тараф ғурбат аз ватан, ҷудо шудан аз ёру дӯстон, ранҷу заҳмати бисёр кашидан дар Бухоро, аз тарафи дигар ба касалиҳо ва мусибати вафоти бародар, хоҳар ва писараш дучор омаданаш, ҳамаи ин аҳволи бади худашро дар ашъораш акс кардааст:
Фарзанди мо ғам аст, биё дояи хирад,
Ин тифли нозпарвари мо гавора кун.
Мухлис ҳамчун шахси ғариб худро дар Бухоро бе ёру дӯст, бекасу бепарастор, чун бозичаи дасти амир ва амалдорони ӯ ҳис кардааст. Зиндагии вазнин ва пурдарду алам даме ҳам шоирро тарк накарда, ҳамсафари доимии ҳаёти ӯ будаанд, аз ин рӯ ӯ дар тамоми умраш аз надидани ягон баҳори хуррам шикоят мекунад:
Ё раб, аз боғи адам ҳаргиз гули шодӣ нараст,
Як баҳори хурраме дар рӯзори ман нашуд.
Мухлис дар натиҷаи бенавоӣ ва қашоқии ҳамон давра дар Бухоро ба
касалии “ришта” (аз истеъмоли оби ифлос) дучор мегардад ва ранҷи бисёре мебинад ва аз дунё мегузарад.
Дар ин бора шоир дар яке аз мухаммасашон муфассал нақл мекунад, ки банди аввалаш чунин аст:
Золи дунпарвар, намедонам, чӣ доругир кард,
Чун ҳадаф ҷисми заъифамро нишони тир кард.
Ба ҳамин тариқ, шоир рози дили худро ошкоро гуфта наметавонист, бо ранҷу алам ва муҳтоҷӣ соли 1309/1891 дар Бухоро аз ҷаҳон чашм пӯшид, Таърихи вафоташро шарикдарси Мухлис Комили Ҳисорӣ дар байти зерин ишора кардааст:
Зи ҷон афганд дил, он гаҳ хирад гуфт:
“Намонд в-андар замона Мухлиси мо”.
Мероси адабии Мухлиси Бадахшонӣ то ба имрӯз ба мо расидааст ва мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дорад. Нусхаи ягонаи девони ашъори
Мухлис дар захираи Маркази мероси хаттии АМИ Тоҷикистон, дар зери рақами 66 нигоҳ дошта мешавад. Девони ашъори шоир ба шакли анъанавӣ ба тартиби алифбои арабӣ мураттаб сохта шудааст. Дар ин нусха навъҳои шеърӣ ҳамчун ғазал, мухаммас, мусамман, мусаддас, тарҷеъбанд, қасида ва ғайра ба қисмҳо ҷудо карда намешавад.
Аз ин ҷост, ки аз саҳифаи 1 то саҳифаи 271 ашъори омехтаи шоир, аз саҳифаи 272 то нимаи саҳифаи 276 маснавии “Ишқнома”, аз нимаи саҳифаи 276 то 277 як аризаи шеърии шоир ба номи Подшоҳ ва аз саҳифаи 278 то 280 рубоиҳои шоир ҷой гирифтаанд.
Мухлис аз худ ягона девони ашъоре боқӣ гузоштааст, ки нусхаи мавҷуди он 8235 (ҳашт ҳазору дусаду сию панҷ) байтро дар бар гирифтааст ва аз рӯи навъҳои шеърӣ ба тариқи зерин мебошад:
Ғазал (353 адад) - 3174 байт.
Мухаммас (266) - 3937байт.
Мусаддас (18) - 290 байт.
Мусамман (4) - 125 байт.
Баҳри тавил (2) - 38 байт.
Тарҷеъбанд (3 ) - 90 байт.
Қасида (13) - 334 байт.
Маснавӣ (1) “Ишқнома” 123 байт.
Рубоӣ ( 25 ) - 50 байт.
Девони Мухлиси Бадахшонӣ ба ҳамин тартиб дар дастхат ба ҳуруфи арабӣ ба чоп расидааст ва мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин китобро ҳарчӣ фаҳмотар ва осонтар ба хатти криллӣ баргардон намуда, ба хонандагон пешкаш намоем.
Ин китоб дар тадқиқоти илмӣ барои аспирантҳо, магистрантҳо инчунин олимоне, ки дар соҳаи филогияи тоҷик ва забонҳои шарқ кору фаъолият мекунанд аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
Ходими илмии шуъбаи
матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри
мероси хаттии назди Раёсати АМИТ
Сафдаршоев Толибзиё
 
 
 
 
 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан