joomla
free templates joomla

МАҶЛИСИ УМУМӢ

        Имрӯз дар санаи 09.07.20028 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ширкати аъзои раёсати он ва иборат аз аъзои пайваста ва вобаста Маҷлиси умумӣ доир гардид.

3.42.jpg - 111.05 KB

    Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ кард ва бо пешниҳоди ӯ аъзои Академия ҷиҳати гиромидошти панҷ нафар академик, ки моҳҳои наздик фавтиданд, як дақиқа сукут карданд.

     Сипас, дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмӣ-амалии АМИТ дар нимсолаи аввали соли 2020 Фарҳод Раҳимӣ чун садри Академияи миллии илмҳо ҳисобот пешкаш намуд. Дар ҳисобот пеш аз ҳама сухан дар мавриди таҷдиди сохтори нав дар Академия мерафт. Тибқи сохтори нав Институтҳои шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, давлат ва ҳуқуқ, дорусозӣ ва дорушиносӣ, инчунин Маркази омӯзиши демографӣ ташкил мешаванд.

     Ҷиҳати таъсиси Комиссияи тахассусӣ нисбат ба таҳияи лоиҳаи меъёри вазифавии Академияи миллии илмҳо баҳс барпо шуд ва дар ин мунозира академикҳо Улмас Мирсаидов ва Мамадшо Илолов ширкат доштанд.

3.43.jpg - 166.67 KB

     Ҳайати Комиссияи мазкурро оқибат қабул намуданд ва дар замимаи он иброз намуданд, ки Комиссия метавонад зимни таҳияи қонун аз мутахассисони варзида истифода кунад.

     Президенти АМИТ аз рӯзҳои мудҳиши паҳншавии коронавирус изҳори андеша намуда, нақши кормандони Академияро дар мубориза бар зидди пандемияи нав ёдоварӣ намуд.

      Академияи миллии илмҳо воқеан дар таҳия ва истеҳсоли маҳлули зидди эпедемикӣ бо номи гипохлориди натрий кушиши барҷаста кардааст. Имрӯз дар ҳамаи дорухонаҳо нӯшиданиҳо бо оби нуқра дастрас карда мешавад, ки натиҷаи фаъолияти олимон аст.

3.44.jpg - 165.97 KB

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан