joomla

23:36, 9th December 2019
Декабр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
free templates joomla

ҚОНУНИ АСОСӢ МАТНИ ФИШУРДАИ ҚОНУНҲОСТ

      Имрӯз (29.10.2019) дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои ҶТ ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаҳои ҳуқуқ дар замони истиқлолият" бахшида ба 25 - солагии қабули Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд.

     Конференсияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии 25 - умин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ табрик кард.

2.79.jpg - 108.15 KB
      Дар Конференсияи мазкур узви вобастаи АИ ҶТ Раҳимзода М.З., вакили Маҷлисинамояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, профессор Муртазозода Ҷ.С., профессор Буризода Э.Б, профессор Абдуҷаллилов А. ва дигарон маърӯза намуда мавзғҳои гуногуни ба Қонуни асосӣ иртиботдоштаро баррасӣ намуданд.
     Конститутсияи кишвар тибқи моддаи шашум эълон мекунад, ки "Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст".
Чунонки маълум аст, шарти асоси демократияро ҷомеашиносон дар ҷудо шудани ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои гуногун маҳсуб медонанд ва чунин иртибот пайдо кардани қонунгузорӣ ҳанӯз дар аҳди Олӣ Сосон роҳандозӣ мешуд. Қонуни асосии ҶТ низ шохаҳои асосии ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим намудааст.
Аммо Қонуни асосӣ маҷмаи фишурда ва матни асосии ҳамаи қавонин буда, дар он роҳҳои асосии фаъолият ифшо мешавад.
Ҳоли ҳозир, ғолибан афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз минбарҳо сухан карда, пешниҳодҳо ҷиҳати бекор кардани моногамия ва татбиқ намудани бисёрзаниро таблиғ менамоянд, гӯё онҳо бо ин амали хеш аз манофеи миллӣ дифоъ мекунанд, вале ҳеҷ гуна таблиғ бо риояти қонунгузории дохили кишвар ҳамоҳанг намебошад.
Қонуни асосӣ ҳангоми баррасии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мустақил тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани онро изҳор кардааст ва гурӯҳу ташкилоти мухталифи сиёсӣ, ки фаъол мебошанд, бояд корбурди хешро мутобиқ ба талаботи Қонуни асосӣ дар амал татбиқ намоянд. Аз ин хотир, дар татбиқи сиёсат ва фаъолияти сиёсӣ майлони чапу рост ва ошкору ниҳон роҳандозӣ шудани ҳадафҳои сиёсии кишвари бегона қатъиян манъ аст: "Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст". (Моддаи 8).
Бахши муҳимтарини Қонуни асосӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мебошад, ки аз интихоби Раиси Ҷумҳур шуруъ шуда, бо ҳифзи талаботи он анҷом мепазирад. Аз ҷумла дар моддаи 17 омадааст: "Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

   Мардон ва занон баробарҳуқуқанд".

2.80.jpg - 118.41 KB

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан