joomla

23:45, 9th December 2019
Декабр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
free templates joomla

Конфронси дувуми ҳисоботӣ-интихоботии КИИ “Хирадмандон”

    Имрӯз дар таърихи 28.10.2019 дар толори раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Хирадмандон" - и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Конференсияи дувуми ҳисоботӣ - интихобиро барпо намуд.

    Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Хирадмандон" академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, нақши аъзои ҳизбро дар рушду тараққии ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид кард.

2.76.jpg - 102.71 KB
Вакилон ҳисоботи Раиси КИИ "Хирадмандон" - ро оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида, ба дастгирии он овоз доданд. Дар музокираи ҳисоботи пешниҳодшуда академикон Кароматулло Олимов, Саидмуҳаммад Одинаев, аъзои вобастаи АИ ҶТ Ҷӯрабек Назрӣ, Зайнулобиддин Кобулиев иштирок намуданд.
     Вакилон Фарҳод Раҳимиро якдилона навбати дигар раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе интихоб намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба аъзои нави ҲХДТ дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуда, инчунин  фаъолони  ҳизб бо "Ифтихорнома" - и ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

 2.78.jpg - 100.97 KB

2.77.jpg - 107.49 KB

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан